Илҳомҷон Комилов: Мо ба Сарвари ҳизбамон эътимод дорем

pervoklahka

АНДЕША. Агар ба оинаи таърих бингарем, дар тули ин ҳазорсолаҳо тоҷикон чун ситораҳои рахшанда ҷило додаанд. Ҳатто дар замони ҳуҷуми Искандару ҷаррории арабҳо ва оташзании Чингизхон ғурури миллии тоҷикон ғалаба намудааст. Оилаҳои бонуфузи ин миллати номдорро беш аз беш нест мекарданд ва боз ҳам дар майдони набард тоҷикони далеру донишманд рӯ ба низоми ягонаи миллии хеш меоварданд. Яке аз шоҳони араб дар нигораҳои фикри хеш менависад, ки “Низоми идораи давлати тоҷикон ба дараҷае таърихӣ ва муназзам аст, ки гарчанде мо ин сулолаҳоро ғасб намудем ҳам аз истифодаи таҷрибаи онҳо орӣ нестем”.   Ҳамзамон дар давраи давлатдории оли турк, махсусан Маҳмуди Ғазнавӣ эътибори тоҷикон ва забони тоҷикӣ  низ воло шинохта мешуд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ меояд, ки Маҳмуд забони тоҷикиро забони давлатӣ эълон намуда бошад. Ва худро зодаи модари тоҷики Зобулӣ эълон намудааст. Гуё назар аст, ки инқилоби забони тоҷикӣ дар Ҳиндустон бо хидматгузорӣ ва эҳтиром нисбат ба ин забон аз ҷониби миллатҳои ғайризабони мо, махсусан оли туркҳо рафта бошад. Аммо ғазаби ҷоҳиливу бухли азалии эшон бар онон ғалаба мекард ва тоҷиконро тӯҳмат мезаданд.  Оли Бармакиёнро бо туҳмат нобуд карданд ва Оли Балъамӣ дар арсаи идораи давлат бархост. Ин нигоштаҳои хешро бо он мақсад рӯи коғаз овардам, ки дар ҳақиқат ин миллат сазовори таҳсин буд ва ҳасту мемонад. Яъне дар ҳар аср пайвандони боҳиммату меҳанпарвари ин миллати воло баҳри дигарон намунаи ибрат гаштаанд… Тоҷикон аз азал озодихоҳ буданд ва муборизаро барои озодии хеш низ бурдаанд. Ба даст овардани истиқлолият, ки муаззамтарин ва муқаддастарин неъмат барои тоҷикон ва тоҷикистониён маҳсуб меёбад ба осонӣ рӯи кор наомадааст. Аз паёмадҳои ҷанги хонумонсӯз намехоҳам сухан гӯям, зеро таърих гувоҳ аст ва мардуми Тоҷикистон ин паёмадҳоро хуб медонанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос миллат ба роҳбаре ниёз дошт,  ки сари ҳалли ин масъаларо дарёбад ва ташкили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум як ҷаҳон умед бахшид. Баъди дар мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ин Ватани озод оҳиста-оҳиста сар ба ободӣ овард. Қабули Сарқонун, муайян намудани идораи давлатӣ, ба Ваҳдат овардани қувваҳои муқобил ва ба эътидол овардани амнияти  кишвар барои инсони худогоҳу бофарҳанг басанда аст. Ки ин аз хидматҳои бениёзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Агар бобати рушди соҳаи фарҳанг ва илму маориф ҳарф занем таҷлили боҳашамату ҷаҳонтоби идҳои миллию давлатӣ, дастгирии ҳунармандон, азнавсозии макотиби кишвар, қабули зиёда аз 25 барномаҳои таълимиву касбӣ, ҷалби ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи мамолики дигар ва ташкили Маркази Миллии тестӣ хотирмон аст. Эҳтироми дини мубини Ислом дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар басо   рамзист. Таҷлилу таҳлили ҳаёту таълими Имоми Аъзам дар соли 2009, тақдими китоби Қуръон ва дигар осори таърихии ноёб ба халқ, бештару бештар муҳайё намудани шароит барои иттиҳодияҳои динӣ, махсусан масҷидҳо, ки теъдодашон аз мактабҳо зиёд аст ва зиёд намудани Квотаи сафари Ҳаҷ аз эътибори ин марди накӯ нисбат ба аҳли ҷомеаи кишвар шаҳодат медиҳад. Дар соҳаи коммуникатсия бошад кушодашавии зиёда аз 5 нақбҳои замонавӣ, тармиму аз навмумфаршкунии зиёда аз 2 ҳазор километр роҳ ва ҳалли дигар масъалаҳои коммуникатсионӣ ба мардум руҳу илҳоми тоза бахшид. Дигар  ин ки ташкили ҳизбҳои сиёсӣ чун яке аз нишонаҳои давлати демократӣ  ва мустақил дар кишварамон ба роҳ монда шуд. Агар ба мафҳуми асосии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ равем танҳо дастгирии сиёсати дурустамалкарда, ба ҳам омадани мардум ва рушду ободии кишвар аст. Ин мафҳум шукрона маҳаки асосии фаъолияти Барномавии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Албатта дигар азҳоби сиёсӣ Барномаву нақшаҳои худро доранд, то ҳадде баъзеашон фаъол низ ҳастанд, вале Ҳизби мо, яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нияти нек дошт, дорад ва хоҳад дошт, чун мо, ҳизбиён, Сарвари олиҳиммат, дурандеш ва саховатпеша дорем. Ва ифтихори бардавоми миллионҳо нафар тоҷикон ва тоҷикистониён, махсусан аъзоёни ин ҳизби номдору номвар аз бузургиву матонат ин шахсияти беназир сарчашма мегирад. Ҳатто кучактарин фарди ин ҷомеа Сарвари моро дӯст медорад. Бузургон низ ақоиди эҳтиромро ба шахсият аз амалҳои ӯ медонанд ва ин бори дигар дар интихоботи Парлумонӣ ва намояндагии халқ бо пуррагӣ эҳсос карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки мардуми Тоҷикистони шариф таҷрибаи талхи бесарусомониҳоро доранд ва овози ҳалкунандаи худро дар интихобот бо сарбаландӣ ва умед ба ояндаи нек доданд. Як нуктаи дигарро  мехоҳам қайд намоям, ин ҳам бошад пиромуни фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аст. Якчанд соли охир аъзоёнаш бо сарварии Кабирӣ афсонаҳои сеҳрнок мебофтанд, тафриқандозӣ байни аҳолӣ ва суханбозиҳои шадид мекарданд. Ин ҳама ахиран маълум гардид, ки барои чӣ. Афсонаҳо барои овоз дар интихобот, афсонаҳо барои дигар амалҳои зишт. Аммо афсонаи интихобот бенатиҷа монд, зеро мардуми кишварамон бедоранд ва ҳуш дар сарашон аст. Ин афсонаҳои Кабирӣ ҳуши А.Назарзода ва ҳаммаслаконашро даррабуд ва гумони дарёфти “қишлоқи тиллоӣ” ба ҷаҳаннам рафтанд. Афсункор ба ватан хиёнат кард, гурехт. Имрӯзҳо низ дар ватани бегона ба суханбозӣ машғул аст. Лекин ҳоло ҳам дарк накардааст, ки барои хоҷагони хориҷа бозичаест ва пас аз адои бозиаш дар роли “лухтак” ӯро ба канор хоҳанд фиканд. Мутмаинам, ки шахсе, ки бар миллати хеш вафо накард масхараест на аз он беш, ва инро хоҷагони хориҷиаш хуб медонанд. Ҳизбе, ки нақшаи амалҳои некро надорад (ман ҲНИТ-ро дар назар дорам) манъ гардидани фаъолияташ амри хайр аст. Ман аз як сухани пурмӯҳтавои Сарвари ҳизбамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар шаҳри Турсунзода ҳангоми сафари корӣ дар вохӯрӣ бо фаъолон қайд карданд, қувваи бузург бардоштам, ки гуфтанд: “Ин афрод ангуштшуморанд ва мо намегузорем, ки ҳеҷ гоҳ ба ниятҳои нопокашон бирасанд”.  Албатта чоҳкан зери чоҳ мемонад. Дар ҳама сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар  Президенти мӯҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон ба ғайр аз ифтитоҳи корхонаҳову дигар инфрасохторҳо бо мардум сӯҳбат меороянд ва бо ҳаёти мардум ошно мегарданд ва ин сӯҳбатҳо ман фикр мекунам рӯҳияи мардумро бо зиндагии шоиста ва ояндаи нек роҳсипор месозад. Яъне, бо як ибора метавон гуфт, ки Сарвари мо тавонистааст, ки дар дили халқи хеш бо некномиву бебокӣ ва саховатмандиву мардонагӣ роҳ ёбад. Ҳама ӯро дӯст медоранд. Ман фикр мекунам, ки рӯҳи аҷдодони бофарҳангу солори тоҷикон ӯро тарбият намудаанду имрӯз барои халқ хидматгузор аст. Зеро дар ҳама кору пайкори хеш бо истифода аз таҷрибаи бузургони ин миллат фаъолият мекунад.

            Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Мо, ҷавонон, ба ин Пешвои қавииродаву меҳанпарвар эътимод дорем ва таҳти дастурҳояш ба ояндаи нек гом мениҳем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сарварии ин абармард барои пешрафти кишвари тозаистиқлоламон Тоҷикистон дар оянда низ қадамҳои устувор хоҳад гузошт.

Илҳомҷон Комилов ,

сарвари Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>