Сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби занон меафзояд

чр

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Шифокор» маросими супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзоёни нави ҳизб баргузор гардид. Дар вохурии мазкур раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Очилов иштирок намуд. Дар натиҷаи бурдани корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ 58 нафар кормандони сохтори госпиталии ноҳия барои аъзошавӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза супорида буданд, ки аризаҳои онҳо баррасӣ гардида, дар ин вохурӣ ба ҳамаи онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар баромади худ раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Очилов Р.О  оиди Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумот дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>