Тарғиботи инфиродӣ идома дорад

таб

ИСТИҚЛОЛ. Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи шаҳри Истиқлол бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни мардум, пешгириии зуҳуроти номатлуб ва ба созандагиву бунёдкорӣ сафарбар кардани аҳли ҷомеа дар маҳаллаи «Лоҳутӣ»-и шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона» баргузор гардид. Зимни сӯҳбат бо сокинон аз ҷониби намояндагони кумиҷроия ва вакилон оиди масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида карда шуд. Аз ҷумла, раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Боқиев Мансур оиди ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил шудани шаҳрвандон, дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ иштирок кардани онҳо ва тамоюлҳои бегонапарастӣ сухан ронд. Ҳамзамон оиди тарбияи фарзанд аз синни хурдсолӣ, тарғиби анъанаҳои либоспӯшӣ, эҳтирому ҳифз намудани арзишҳои миллӣ сухан ронда шуд. Ҳамчунин даъват ба амал оварда шуд, ки сокинон баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат, ободиву созандагӣ саҳмгузор бошанд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва фаъолияти мунтазам гурӯҳҳои таблиғотӣ аз ҳисоби занон ва ҷавонон дар байни аҳолӣ сафи аъзоён меафзояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>