Ҳизби ман – ифтихори ман

бг ЧАШН

БОБОҶОН ҒАФФУРОВ. Ташкилоти ибтидоии минтақаи Ғозиён бахшида ба 23–солагии ҲХДТ  дар толори ММТУ № 20 мулоқоти собиқадорони ҳизбро бо  аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Ҳизби ман – ифтихори ман» баргузор намуд. Ҷамъомадро собиқадори ҲХДТ Очилова Ш. оғоз намуда, ҳозиринро бо ҳадафи чорабинӣ шинос намуд. Сипас, аъзои фаъоли ҳизб Мамадҷонов Толибҷон  бобати  таърихи таъсисёбӣ, мазмуну мӯҳтавои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ муфассал истода гузашта, қайд намуд, ки ҲХДТ чун зодаи даврони Истиқлолият таи 23 соли фаъолияташ тавонист дар майдони сиёсат мақому манзалати устувор пайдо намояд. Роҳбари комиссияи кор бо ҷавонони ташкилоти ибтидоии мазкур  аз  ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа,  зиёд намудани сафи ҷонибдоронаш аз имкониятҳои мавҷуда ҳамаҷониба истифода намуда,  тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>