Хиёнаткорӣ ба амали муқаррарии Кабирӣ табдил ёфтааст

АНДЕША. Аз нигоҳи илми психология ҳар инсоне, ки ин ё он амалро такроран ва пайдарпай иҷро мекунад он амал ба одат ва ё амали муқаррарӣ мубаддал мегардад. Аслан ба амали муқаррарӣ ва одат табдил ёфтани кирдори шахс аз иродаи ӯ низ вобастагии калон дорад. Агар иродаи шахс мустаҳкам набошад дар сурати 3 ва ё 4 маротиба такрор намудани амал ӯ ба одат мубаддал мегардад. Агар иродаи шахс мустаҳкам бошад такрори пайдарҳамии ин ё он амал шояд бо иҷрои зиёда аз 10 – 12 маротиба ба одат табдил ёбад ва ҳатто имкони ба одат табдил ёфтани он ба миён наояд. Шояд аз нигоҳи илми психологияи муосир ва назари мутахассисон андешаи мо, каме иштибоҳ дошта бошад. Аммо инҷо мурод аз пайгирии масъала он аст, ки бигзор кирдори инсон, ки боиси расонидани зарар ва ё озурдахотирии дигарон намегардад ба одат табдил ёбад. Лекин вақте инсон дидаю дониста пайдарпай даст ба амали ноҷоя мезанад, ки вай ба амали муқаррарии ӯ табдил меёбад ва  боиси нигаронии аҳли пайвандону ҳамватанон ва ҷомеа мегардад бояд рафтори ношоистаи ӯ маҳкум карда шавад. Ҳангоме, ки инсон бори аввал хиёнат ё ҳар ҷинояти дигареро кард, виҷдонаш сахт азоб медиҳад. Бори дуввум камтар. Бори саввум боз камтар. Ҳамин тавр ҳар маротиба камтар шудан мегирад ва ба ҳаде мерасад, ки ба амали муқаррарии шахс мубаддал мегардад. Ба ин монанд шуда метавонад, амалҳои аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии террорист Кабирӣ дар амри иҷрои амалҳои хиёнаткорона, ки аллакай ба амали муқаррарии онҳо мубаддал гардидааст, ки аллакай инро хурду бузурги кишвар бахубӣ мушоҳида ва дарк намудааст. Инҷо мо оид ба таърихи пайдоиш ва дар замони Шӯравӣ зери пуштибонии кадом хоҷагон пинҳониву ошкоро фаъолият намудани ин ташкилоти террористӣ истода намегузарем, зеро аллакай ба ҳамагон маълум. Аммо бояд боиқрор зикр намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як ҳизби ихтилофандез, бозичаи дасти хоҷагон ва ба истилоҳи техникӣ ба як робот ё автомате, ки амалиёти муқаррарии ба ҳаракати инсон монандро иҷро мекунад мубаддал ёфтааст. Шояд дар инҷо суоле пайдо шавад, ки чаро ҳизб ба мисли робот табдил ёфтааст на ин ё он нафар аъзо ва ё пайрави он. Дилхоҳ аъзои ин ташкилоти террористиро фаъолияташро таҳлил намоед, яъне он нафароне, ки бо хоҳиши худ ба ин ташкилот ҳамроҳ шудаанд ва дар ҷаласаҳояш фаъолона иштирок мекарданд. Масалан раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Хуспиддин бинобар аъзогӣ дар ташкилоти террористии бародараш Давлатов Аловуддин соли 2011 ва мусоидат ба омодасозии маводҳои тарканда, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Ш.Е. бинобар шомил шудан ба иттиҳоди муташаккили ҷиноӣ соли 2012, роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ бинобар ҳуҷуми мусаллаҳона ба муқобили намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2012, аъзои фаъоли ҳизб Шариповҳо аз шаҳри Исфара ва садҳои дигар нафарон даст ба малҳои нангини ҷиноӣ зада, хилофи фармудаҳои дини мубини ислом амал карда, дар кишвар барои вайронии вазъи ороми ҷомеа, халалдорсозии сулҳу оромӣ ва ба рехтани хуни ноҳақ даст доштанд. Шояд инҷо хонандаи азиз гумон кунад, ки ҳар яки инҳо бо иродаи хеш ин амалҳоро иҷро карданд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар паси ҳамаи ин ҷиноятҳо роботи асосӣ террорист Кабирӣ меистод ва ба ҳамҳизбиёнаш роҳу усулҳои онро нишон медод. Яъне мақсади ниҳоии онҳо аз шомилшавӣ ба ин ё он ташкилоти террористӣ ин буд, ки онҳо ба ин ташкилотҳо ҳамроҳ шуда, дар маҷмуъ бар муқобили арзишҳои милливу давлатӣ ва халалдорсозии вазъи ҷомеа мубориза мебаранд, зеро мақсади ниҳоии ҳамаи ин ташкилотҳо ягона аст. Ба ғайр аз ин вазифаи асосии худи террорист Кабирӣ ва дигар аъзои раёсати олии ин ҳизби ихтилофангез дар рӯзномаи ҳизбии «Наҷот» ва дигар сомонаву шабакаҳо паҳн кардани ақидаву андешаҳои иғвогарона ва барангезандаи кинаву адоватро нашр намуда, мардумро ба сӯи ноамниву бесуботӣ даъват менамуданд, ки дар пушти ин амалҳои онҳо низ хоҷагонашон меистоданд. Бинобар аз ҳадди меъёрҳои оинномавии ҳизб ва қонунҳои амалкунандаи кишвар баромадани аъзо ва пайравони ҳизби наҳзат солҳои 2014 ва 2015 чандин маротиба аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани далелу рақамҳои исботкунандаи вазъи қонунвайронкуниҳои наҳзат ба раёсати олии он огоҳнома дода шудааст ва ба ин огоҳномаҳо Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҳизб ҳатто таваҷҷуҳе ҳам зоҳир накарда, ба амалҳои разилонаи хеш идома бахшидааст. Кабирӣ бехабар аз оне, ки «Худованд донову биност ва ҳарчӣ шумо аз чашми бандагонаш пинҳон анҷом медиҳед Худованд бар он огоҳаст» амал намуда, мунтазам аз минбарҳои баланд оид ба афзудани сафи аъзоёнаш ва ҳадафҳои нопокаш ибрози назар мекард. Албатта аъзоёни ин ташкилотро шартан ба чор гуруҳ ҷудо кардан мумкин аст: якум гуруҳе, ки онҳо бо иродаву хоҳиши худ ин ҳизбро ҳамчун ҳизби ҳимоятгари ислом пиндошта ба сафҳои он бехабар аз мақсадҳову нақшаҳои нопокаш аъзо гардидаанд; дуввум гуруҳе, ки онҳоро гумроҳона бо суханбозона ва бо истифода сураву ҳадисҳо фаъолони ин ҳизб зимни баргузории ҷаласаҳояш аъзо кардаанд; сеюм гуруҳе, ки онҳоро ҳуҷҷатҳояшонро ин ё он аъзои ҳизб бо роҳҳои гуногун нусхабардорӣ намуда, онҳоро ба ҳизб аъзо кардаанд ва аз аъзогии хеш дар ин ҳизб хабар надоранд; чорум, он нафарон ва бахусус ҷавононеанд, ки тариқи интернетӣ аз давлатҳои хориҷ ба ин ҳизб аъзо шуда, на оинномаву на мақсаду ва на дигарашро медонанд. Чун муроди матлаби мо ошкорсозии симои разилонаи ин ташкилоти террористист бояд зикр намоем, ки Кабирӣ ҳамчун дастпарварди хоҷагони хориҷӣ, ки аллакай ҳангоми шогирдиаш ба иҷрои корҳои зишт одат карда буд, дар кишвар ба амалҳои разилонаву манфур даст зад ва ҳоло ҳам ба чунин амалҳо даст зада истодааст. Аз чунин шеваи корбурди ӯ дилхоҳ инсон пай мебарад, ки хоинӣ ба амали муқаррарии Кабирӣ табдил ёфта, дар оянда низ ӯ ба иҷрои ин амалҳояш мепардозад, зеро дар урфият мегӯянд, ки «тарки одат амри маҳол».

Фарҳод Воҳидов

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>