Озмуни китобхони беҳтарин

Китобхони бехтарин

АЙНӢ. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин аз дастгирию ҳамкориҳои Пешвои миллат, нисбат ба ҷавонон мебошад. Бо ин мақсад баҳри дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва лаёқатманд бо ибтикори  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия,  Бахши  занон, ҷавонон  ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар байни хонандагони мактаби деҳаи Пинёни Ҷамоати деҳоти Фондарё озмуни “Китобхони беҳтарин” гузаронида шуд, ки дар он хонандагони синфҳои 9, 10, 11 фаъолона ширкат варзиданд.  Нахуст, хонандагони синфҳои 9, 10,   70-80 то калимаҳои сермаънои “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” -ро маънидод намуда, Ёддоштҳои устод С.Айниро муфассал нақл карданд. Дар баробари ин  шеърҳои Ватанпарастии устод Л.Шералиро бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ қироат намуданд, ки писанди ҳамагон гашт. Ҳамзамон, хонандагони синфҳои 11 доири китоби “Созандагони Ватан” Пайравони воқеии пешвои миллатанд” андешаҳои худро иброз намуда — чунин қайд карданд,  “Мо ҷавонон Созандагони Ватан талош бар он менамоем, ки сатҳи дониши худро баланд бардорем ва дар ободиву гул-гулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорем. Иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ҷавонон имрӯз дар фазои озод умр ба сар мебарем ва озодона илму дониши хешро равнақ мебахшем. Дар баробари ин таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат буд, ки Соли 2017 — ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Аз ин лиҳоз мо талош менамоем, ки ба боварии Сарвари давлатамон сазовор гардем ва дар оянда як фарди бунёдкор  дар пешрафти соҳаҳаҳои муҳими кишвар ва Истиқлолияти давлатамон нақши  худро гузорем. Устодон зимни баргузории озмун қайд намуданд, ки чунин иқдомҳо боиси он мегардад, ки хонандагон доманаи дониши худро фарох созанду ояндаи худро бо зиракиву тавоноӣ бунёд намоянд. Дар интиҳо хонандагони фаъол барои иштирок дар давраи ниҳои, ки дар маркази ноҳия, озмуни “Китобхони беҳтарин” гузаронида мешавад, ба қайд гирифта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>