Мусобиқа барои «Ҷоми ҲХДТ»

IMG_0034

БӮСТОН. ҲХДТ варзишро ҳамчун яке аз  омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва  муаррифгари миллату давлат дар  арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои  ташаккули оммавияти варзиш  пайваста чораҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Дар асоси  Фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба баргузор намудани Аксияи Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!»  бахшида ба «Соли ҷавонон» санаи 29 ноябри соли равон бо ташаббуси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  мусобиқаи  бозии  волейбол дар байни хоннадагони муассиаҳои таълимии шаҳр барои гирифтани  «Ҷоми ҲХДТ» баргузор гардид. Мусобиқа дар толори варзишии Гимназияи  № 2-и шаҳр  бо иштироки  варзишгарони  8 муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи қоидаҳои байналмиллалӣ баргузор гардида муддати 4 рӯз давом ёфт. Дастаи волейболбозони  «Ҷавонон»-и Литсейи №1 ҷои якумро ишғол намуда,  соҳиби  Чоми ҲХДТ медалҳо ва  Дипломи дараҷаи 1 гардид.  Ҷои дуюмро дастаи «Ваҳдат»-и МТМУ №3 ишғол намуда, ҷои сеюм  насиби  варзишгарони    дастаи «Истиқлол»-и Гимназияи  № 2 гардида, ғолибон бо Сипосномаи ҲХДТ ва  тӯҳфаҳои  хотиравӣ  қадрёбӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>