Маҳфили «Падари ман беҳтарин» бахшида ба 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ

20171201_121649

КОНИБОДОМ. Ҳамасола дар ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр маъракаи иттилоотӣ таҳти унвони «16 рўзи мубориза  алайҳи зўроварӣ нисбат ба зан» гузаронида мешавад. Он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳама гуна маҳдудкунӣ нисбат ба занон рўи кор омад. Соли 1999-ум Созмони Милали Муттаҳид ба хотири куштори хоҳарон Мирабэллаҳо аз Ҷумҳурии Доминикан, санаи 25-уми ноябрро расман Рўзи байналхалқии мубориза бар зидди зўроварӣ нисбат ба занон эълон карда буд. То 10-уми декабр идома ёфтани он низ бесабаб нест, зеро маҳз дар ин сана Рўзи қабули эъломияи умумии ҳуқуқи башар, яъне Рўзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Санаи 1 декабри соли ҷорӣ вобаста ба масъалаи мазкур дар литсейи касбӣ саноатии кишоварзии шаҳр тибқи нақшаи муштараки шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақамоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо иштироки устодон, донишҷӯён мизи мудаввар таҳти унвони «Падари ман беҳтарин» доир гашт. Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок ва баромад намуданд.  Сараввал Саримсоқов А – директори литсей оид ба мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва маъраки иттиллотии 16 – рузи мубориза бар зидди хушунат ва зӯроварӣ фикру ақидаҳои хешро баён намуд. Қайд гардид, ки хушбахтона, хушунат дар байни мардум сол аз сол кам шуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби масъулин хуб ба роҳ монда шудаанд. Ҳамзамон омӯзгорони литсей Аъзамова Д, Юсуфова Ҳ оид ба иҷрои Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, роҳ ва усулҳои пешгирии зӯровар, муносибати хонаводагӣ, никоҳҳои бармаҳал намудҳои хушунат он ва ғайраҳо баромад намуданд. Аз ҷониби донишҷӯёни литсей шеърҳо дар васфи падар ва модар қироат гардида ва саҳначаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар охир намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо слайдҳои марбут ба пешгирии мубориза бар зидди хушунат оид ба роли субектҳои асосии татбиқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва намудҳои он фикру ақидаҳои худро баён намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>