Аксияи «Солимии ман- ҳуқуқи ман»

IMG_4883

ПАНҶАКЕНТ: Дар Литсейи касбии техникии шаҳр Аксияи «Солимии ман- ҳуқуқи ман» баргузор шуд, ки дар он роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Алишер Амонов иштирок ва суханронӣ намуда чунин гуфт: Имсол ҳам чун ҳарвақта таҳти шиори «Солимии ман- ҳуқуқи ман» дар тамоми ҷаҳон 1 декабр -Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО-Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад.  Бояд гуфт, ки аз соли 1996 инҷониб ин сана бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) ҳамасола бошукӯҳ таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мекунад. Дар ин рӯз миллионҳо нафар одамон дар ҷаҳон лентаи сурхро, ки имрӯз яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, ба бар мекунанд. Ин рамз инчунин ҳамаро ба он даъват месозад, ки доир ба ВНМО зиёдтар донанд ва пеши роҳи онро гирифта тавонанд. Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 феврали соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардид. Сипас ҷавонон ба кўча баромада варақақои таблиғотии «Солимии ман- ҳуқуқи ман»-ро ба шаҳрвандони шаҳру деҳоти Панҷакент тақсим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>