Ҷавонон зидди СПИД

истарав

ИСТАРАВШАН. 1 – уми декабри соли равон бахшида ба рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи СПИД чорабинии адабӣ – фарҳангӣ бо иштироки васеи ҷавонон барпо гардид. Сараввал директори Маркази минтақавии мубориза бар зидди ВИЧ СПИД Бобоев дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии бемории СПИД” баромад намуд. Сипас бо иштироки ҷавонони дар толор ҳузур дошта викторина ташкил карда шуд. Дар он ҷавонон фаъолона иштирок намуда, ба саволҳо ҷавобҳои қаноатбахш доданд. Ба ғолибон варақаҳои тарғиботии мубориза алайҳи СПИД супорида шуд. Дар охир намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба ғолибони озмуни “Иншои беҳтарин”, “Варақаҳои беҳтарин” ва “Расми беҳтарин” оид ба мубориза бар зидди СПИД,  бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Дар ҷамъомад аъзоёни Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин дар назди иштирокчиёни ҷамъомад ҳунармандон ва санъаткорон бо рақсу сурудҳои дилнишин баромад карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>