Вохӯрӣ бо муносибати Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ

IMG_3884

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси дастури супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар  асоси нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия вохӯрӣ бо ҷавонони МТМУ №9-и ноҳия бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси КИ ҲХДТ-и ноҳия Умарзода Ботирҷон, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Набиев Шерзод, устодони муассиса ва хонандагон зиёда аз 40 нафар фаъолона иштирок намуданд. Вохӯрии мазкурро муовини Раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон ифтитоҳ намуда, дар бораи таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва инчунин мақсаду вазифаҳои ҲХДТ дар байни мардум маълумотҳои муфассал дод. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Набиев Шерзод дар суханронии худ оиди фаъолити намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия маълумот дод ва дар бораи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон, инчунин дар бораи «Соли Ҷавонон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли Ҷавонон» эълон гардидааст, суханронӣ намуд.  Инчунин бо иштирокчиён дар мавзуи «1 декабр – Рӯзи умумҷаҳонии мубориза бар зидди касалии ВНМО» суҳбат доир гардид. Дар давоми вохӯрӣ ҷавонон бо намояндаҳои КИН ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» суолу ҷавоби озодона баргузор намуданд. Вохӯрӣ бо руҳияи баланд ва як таассуроти хотирмонд ба итмом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>