Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир гардид

DSC_4294

АШТ. Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир гардид, ки дар он аъзои Раёсат ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд. Кори ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зиёӣ Б. ифтитоҳ бахшид ва ҳозиронро бо рӯзномаи он шинос намуда, оид ба масъалаи якум «Ҳолати воқеии ҳуҷҷатгузорӣ дар фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар намудани корбарӣ дар ин самт» маърӯза пешниҳод намуд. Аз ҷумла баён дошт, ки вазъи ҳуҷҷатнигории Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Бо вуҷуди чандин маротиба мавриди баррасӣ қарор додани масъалаи мазкур корбарӣ дар ин самт мувофиқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Аз ин лиҳоз, масъулини Кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки қабл аз ҳама ба масъалаи коргузорӣ диққати махсус зоҳир намуда, баҳри ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ сафарбар карда шаванд. Бобати масъалаи дуюм «Оид ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ахбороти раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ахбороти Мадаминова М. шунида шуда, ҷиҳати татбиқи амалии Қонуни мазкур аз ҷониби ҳизбиён дар байни мардум андешаронӣ карда шуд. Ҳамин тариқ, баъди баррасӣ қарорҳои дахлдор нисбати масъалаҳои мазкур қабул гардида, инчунин комиссияҳои доимӣ дар назди Кумитаи иҷроия таъсис дода шуд ва ҳамзамон қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ «Дар бораи қабул ба аъзогии ҳизб» аз ҷониби Раёсати Кумитаи иҷроия тасдиқ карда шуд. Дар интиҳо муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷ. бобати фаъолияти пурсамари ҳизбиён дар пешрафту тараққиёт ва ободу зебо гардидани ноҳия сухан намуда, баён дошт, ки масъалаи коргузорӣ ин мавзӯи нав нест. Аз ин рӯ, баҳри ҷавобгӯи талабот ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ ва пешбурди кор таклифҳо пешниҳод намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>