Тарбия ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ ва одоби хамидаи инсонӣ

IMG_20171130_154054

ГУЛИСТОН. Бахшида ба  «Соли ҷавонон», ва 16-рӯзи бидуни хушунат, 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ТИ шаҳраки Зарнисор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ, одоби хамидаи инсонӣ, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ бо ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумиҷроия Раҳимова Муяссар Абдураҳмоновна, сардори идораи нотариалӣ Сайдуллоева Саёҳат Дадоҷоновна  дар мавзӯъҳои «Хушунат чист?», «Фарогирии таҳсили занону ҷавондухтарон ба илму ҳунар», «Иҷлосия ба мо чӣ дод?» баромад намуданд. Вохӯрӣ  дар фазои озод бо саволу ҷавоб ва бо чунин иброзҳо  хотима ёфт. Ҷавонон бояд бо истифода аз тамоми имконият ва шароите, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо фароҳам овардааст, сатҳи дониш ва маърифатнокии худро баланд бардошта, бо ҷидду ҷаҳди комил ва роҳи рост ба камол расанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>