Се шаби тору азоби ҳамоми «овозадор»-и хоҷагии Туркманистони ноҳияи Вахш

фэйсбук

АНДЕША. Дар солҳои ҷанги шаҳрванди ҳодисаҳои зиёди ба гаравгон гирифтани шахсони бегуноҳу роҳгузар аз ҷониби ҷангҷуёни ТЭТ ҲНИТ ба вуқуъ пайваста буд, ки ҳар кадоме аз он ҳодисаҳо аз ваҳшонияту хунхории наҳзатиён далолат мекунад. Нафарони зиёди бе гуноҳ аз дасти наҳзатиҳо азобу шиканҷаҳои гушношунид дида ба таври ваҳшиёна ба қатл расидаанд. Шахсоне ҳам ҳастанд, ки бо амри тасодуф аз дасти наҳзатиҳо раҳоӣ ёфта баъди азобу уқубатҳои зиёд ҷон ба саломат бурдаанд. Табиби маъруф дар ноҳияи Вахш Тошпулод Кавраков низ аз зумраи он шахсони хуштолеъе мебошад, ки бо амри тасодуф аз гаравгонии наҳзатиҳо раҳо гардида то имрӯзҳои саид омада расидааст. Дар ҳамин мавзуъ суҳбате дорем бо таби шинохта Тошпулод Кавраков, ки матни онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем.

Муҳтарам Тошпулод Кавраков воқеъаи ба гаравгон афтоданатонро нақл мекардед.

- Дар он шабу рӯз дар Ҷумҳурӣ Ҳукумати бо ном муросои миллӣ таъсис гардида буд, ки ба таври рамзӣ вуҷуд дошту дар асл зимоми роҳбаии давлат дар ихтиёри роҳбарону саркардаҳои ТЭТ ҲНИТ буд. Аз сабаби он ки аксари роҳбарону аъзои он ҳизби ҷинояткор шахсони бесаводу бе маърифат буданд ва аз мувафақияти ноилгаштаашон дар идоракунии давлат саргаранг гашта, дар таъмини осоиштагии мардум нафақат кореро анҷом дода наметавонистанд, балки мехостанд бо роҳи зӯровариву даҳшатафканӣ мардумро дар ҳоли тарсу ваҳм нигоҳ дошта, ҳукумронӣ намоянд. Дар мафкураи тангу ҷаҳолатпарастонаи асримиёнагии онҳо танҳо як чиз меғунҷид, ки ин ҳам ҳукумронӣ намудан бо роҳи зуроварӣ, азобу шиканҷа додану тарсонидани мардум буду халос. Маҳз ба ҳамин ҳадафҳо дар ноҳияи Вахш низ, дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа –Вахш дар назди ҳамоми собиқ совхози «Туркманистон» ҳозира Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод» ва гирду атрофи он дидбонгоҳҳо (постҳо) аз ҳисоби навкрони наҳзатӣ ташкил карда шуда буданд. Ҳар роҳгузаре хоҳ пиёда хоҳ савора аз назди он дидбонгоҳҳо мегузашт мавриди пурсҷуву пурсупоси дағалона қарор дода мешуд ва ҳар нафаре ба қавле ба он наҳзатиҳо маъқул намешуд ӯро ба гаравгон мегирифтанд. Яке аз чунин шахсон ман будам, ки ҳангоми аз роҳ гузаштан ба дасти он нобакорон афтидам ва маро бо нақлиёти шахсиям гаравгон гирифта ба назди Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар Меҳмонхонаи ш. Қурғонтеппа ба истилоҳ штаб ташкил карда буданд, бурданд. Сипас бо дастури Саид Абдуллоҳи Нурӣ баъди чанде моро ба хамоми хоҷагии «Туркманистон» бурданд. Дар роҳ манро чандин бор бо мушту лағад шаттакорӣ намуда, таҳдид карда мегуфтанд, ки туро пуст меканем. Ба ман ишора карда байни худ мегуфтанд, ки инро бо азоби сахт куштан даркор. Ман бошам бо илтиҷо сабаби шиканҷа шуданамро мепурсидам наҳзатиҳои палид бошанд дар даҳонам ба мушт зада ба сарам дод мезаданд, ки боз ту гап мезанӣ?. Вақте ба назди ҳамом расидем маро дохили он карда, дар онҷо ба як кунҷи роҳрав, ки бо тахта маҳкам карда шуда буд ҷо намуданд. Се шабонарӯзе, ки дар он ҷо маҳкам будам оҳу фиғони одамони зиёд канда намешуд. Аз ҳар як утоқҳои алоҳида садои бераҳмона лату куб намудану оҳу нолаи ҷонсӯз нафақат хомуш намегашт, балки ба назар чунин мерасид, ки садои бисёр ҳам баланди оҳу фиғони шахсони аз зарби лату куб маъюбгашта, боми бетонии ҳамомро шикофта, ҳатто пардаи осмонро медарида бошад. Беист ба гӯшам оҳу нолаи мардуми бегуноҳ шунида мешуд, ки аз ҷангиёни хунхори наҳзатиҳо илтиҷову зора мекарданд, ки онҳоро азоб надиҳанд, гуноҳе надоранд, дар хона онҳоро зану фарзанд, падару модар интизоранд. Вале ҳайҳот. Нафақат касе ба зораву таваллои он мазлумон гуш намедод, балки наҳзатиҳои хунхори палид аз он манзараи даҳшатбори барпокардаи худ ҳаловат мебурданд ва байни худ бо хандаву табассум луқиа мепартофтанд, ки сазои сари ин кофирон ҳамин аст. Баъди ҳар ду соат ба назди ман низ даромада ба зораву тавалоям аҳамият надода, маро ҳам мавриди лату куби ваҳшиёна қарор медоданд.

Мо бисёр шунидаем, ки аз тарафи наҳзатиҳо ҳатто занону духтарон низ ба гаравгон гирифта мешуданд. Шумо, ки худ дар гаравгон будед оё гуфта метавонед, ки чунин овозаҳо асоси воқеӣ доштанд ё хайр?

- Оре, дар ҳақиқат рӯзи дуюми дар гаравгон буданам оҳу нолаи духтарону занони зиёд ба гушам расид, ки бисёр ҷонкоҳу аламовар буд. Аз руи садоҳои ба гушамрасида маълум гашт, ки наҳзатиҳои ваҳшӣ автобуси хизматрасонии фабрикаи ресандагии шаҳри Курғонтеппаро, ки дар он фақат духтарону занон буданд, ба гаравгон гирифтаанд. Наҳзатиҳои палид худро мусалмон тарошида вале аз мусалмони буе набурда нисбати он духтаракону занони деҳотӣ бад ахлоқиву кирдорҳои ғайриинсониро истифода бурданд, ки ба забон овардани рафтори он зинокорон ғайриимкон мебошад.

Хушбахтона Шумо аз гаравгон озод гаштед ва то ба ин рӯзҳои саид омада расидед. Мехостем тафсилоти чӣ тавр аз гаравгонӣ озодшуданатонро мегуфтед барои хонандагони гиромӣ ҳикоя мекардед?

-Рӯзи сеюми дар гаравгон буданам, аз паси дар ногоҳ ба гушам садое омад, ки мегуфт чунин шахс инҷо нест ва ин садои яке аз наҳзатиҳои хунхор буд. Чунин гуфтани он ваҳшӣ маро водор сохт, ки бифаҳмам оё сухан дар бораи ман мерафта бошад? То ин вақт ман аз панҷара як мехро бо як азоб канда гирифта аз сурохии он роҳравро назорат мекардам. Медидаму мешунидам, ки чӣ гуна шахсони бегуноҳро лағадкуб карда, ба даруни ҳамом дароварда қисмашонро дар он ҷо кушта, қисми дигарашонро ба Қасри Фарҳанги хоҷагии «Туркманистон» равона мекарданд. Баро он ки ба чунин ҳолат наафтам аз сурохии мех бо тамоми овоз садо додам, ки ман духтур Кавараков дар ҳаминҷо ҳастам, маро ҳам раҳо кунед. Сипас дарро кушоданду маро берун каданд ва дар берун дидам, ки дар ҳақиқат намояндаҳои ноҳияи Вахш барои гуфтушунид ва раҳо намудани гаравгонҳо ба назди наҳзатиҳо омадаанд ва ҳамин тариқ ман аз дасти он ваҳшиёни хунхор аз марг наҷот ёфтам.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>