Наҳзатиён: дар забон номи худо дар қабл шайтонгарӣ

кабири

АНДЕША. Бештари инсонҳо оид ба мусулмонӣ чунин андеша доранд, ки мусулмонӣ бо забон гуфтану бо қабл тасдиқ кардан аст. Дар ин маврид фармудае низ ҳаст, ки «Мусалмони комил онаст, ки дагарон аз забон ва дасти ӯ озоре набинанд». Аммо мутаассифона имрӯзҳо зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеа, ки аксаран ҳадафҳои нопоки худро таҳти ниқоби дини мубини ислом роҳандозӣ мекунанд ба назари аҳли олам динро ҳамчун василаи ихтилофангезиву тахрибкорӣ муаррифӣ мекунад. Дур намеравем, мушоҳида мекунем фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломиро. Аксари аъзову пайравони он ришдорону гӯё мардуми аҳли тақво. Чун дар симои онҳо менигарӣ аз ришҳои дарозашону гуфторашон, ки саропо муноҷот бо Худост эҳсос мекуникӣ, ки ягон сӯфимашраб ва ё аҳли бузурги тақвоанд. Вақте аз амалҳои разилонаву манфураш огоҳ мешавӣ пай мебарикӣ, ин ришдор мусалмон нест, балки душмани дин аст. Чун сароғози ҳамаи нишастҳову нақшабандиҳои фаъолияти ташкилоти террористӣ – экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо лафзи ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон оғоз мешавад, аммо дар идома нақшаву ниятҳои нопок, ки дар қабли онҳо нуҳуфтааст тарҳрезӣ мегардад. Ё ин ки ба сифати мисол, ҳангоми расман дар Тоҷикистон фаъолият намудани ҳизби наҳзат дар сурати мушкилӣ пеш омадан ба аъзову пайравони он эшон бо овози баланд такбир гуфта, дар даст сангу дигар олот ба ҳамлаҳо нисбати дигар бародарони мусалмон мепардохтанд. Аз ҷумла вазъи иштироки наҳзатиёни гумроҳ зери сарпарастии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ ва истифодаи номи Худову Расул дар вақти қатлу хунрезӣ ва бедодгарӣ шаҳодат аз истифодаи номи Худо дар забон ва бо қабл иҷро кардани амалҳои шайтонӣ буд. Имрӯзҳо низ наҳзатиёни гумроҳ пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардидани ҳизби наҳзати ислом боз ҳам даст ба амалҳои нангин зада, барои ба ҳадаф расидан ва иҷрои нақшаву ниятҳои нопоки худ ва шайтонгариҳо аз номи дин сӯйистифода намуда истодаанд. Инро бояд ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос дарк намуда, дар амри мубориза бо чунин разилони бадандеши шайтонсифат саҳмгузорӣ намояд.

Фарҳод Воҳидов 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>