Мулоқоти фаъолзанон ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ

ХУҶАНД. Дар доираи чорабинии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» мулоқоти фаъолзанон, роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» бо мудирони шуъба ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сурат гирифт. Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ҳадафи баргузории мулоқотро пешгирии хушунати хоноводагӣ, ташаккул додани муносибати эҳтиромона дар ҷамъият ва мушарраф гардидан ба баробарии гендерӣ, решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ ва ғайраҳо унвон намуд. Дар мулоқот Заррина Абдуқодирова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор», фаъолзан Мастура Темурова, Малика Мирзобаҳодурова, директори Ассотсиатсияи миллии соҳибкории занон ва Мӯҳсин Миркамолов мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баромад карда, андешаҳои хешро дар самти пешгирии хушунат иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>