Ғолиби озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” гардид

004071

СУҒД. Китобдори китобхона-филиали №23 шаҳри Панҷакент Расулова Мақсуда барои ороишу тазйини ба талабот ҷавобгӯи муҳити корӣ, дар сатҳи баланди касбӣ роҳандозӣ намудани хизматрасонӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои соҳавӣ ғолиби озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” дониста шуд. Ба ғолиби озмун дар вазъияти тантанавӣ туҳфа -“Принтер” ва Ифтихорномаи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим гардид. Тавре аз маъмурияти Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ хабар доданд, дар ин озмун ҳамчунин китобдори китобхонаи марказии шаҳри Конибодом Собирова Гулчеҳра, китобдори китобхона-филиали №1 шаҳри Исфара Пирматова Меҳрӣ, китобдори китобхонаи бачагонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асророва Мавҷуда, китобдори китобхона-филиали №19 ноҳияи Ҷаббор Расулов Убайдуллоева Мунира, китобдори китобхона-филиали№5 ноҳияи Ашт Ашӯрматова Идоятмоҳ, китобдори китобхона-филиали №36 ноҳияи Айнӣ Ҷӯраев Намозбой, китобдори китобхона-филиали №23 ноҳияи Спитамен Дӯсматова Гулчирой, китобдори китобхона-филиали №1 ноҳияи Мастчоҳ Устоева Азизмо барои тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намунавӣ дар озмуни “Китобхонаи намунавӣ” бо ҳадяҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>