Дастаи “Хуҷанд” бори чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд

24176959_10155851730186069_2283835566753714523_n

СУҒД. Клуби футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанберо шикаст дод ва бори чаҳорум ғолиби ин мусобиқот гардид. Бозии ниҳоӣ рӯзи 2 декабр дар Варзишгоҳи марказии шарҳи Душанбе доир шуд ва он бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони дастаи “Хуҷанд” ба анҷом расид. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 41-ум боз шуд ва муаллифи ин гол Манучеҳр Аҳмадов гардид. Футболбозони дастаи “Хуҷанд”дар дақиқаи 56-уми бозӣ бори дуюм тубро вориди дарвозаи “Истиқлол”намуданд ва муаллифи голи дуюм Ҳикматулло Расулов гардид. Ҳамин тариқ, дастаи “Хуҷанд” бори чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>