Маҷлиси машваратӣ баргузор гардид

IMGL3953

ПАНҶАКЕНТ. Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент таҳти раёсати раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода  маҷлиси машваратии навбатӣ  баргузор гардид, ки дар кори он кормандони кумиҷроия иштирок доштанд. Дар оғози кори машварат гузориши мудирони шуъбаҳо ва дигар масъулон оид ба корҳои анҷом додаашон дар хафтаи сипаришуда шунида шуд. Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода нақшаи корҳоро барои ҳафтаи нав таҳлил намуда, оид ба иҷрои босифати корҳо дастур дод. Ба кормандон барои дар давоми моҳ ба итмом расонидани санҷиши оморӣ дар ташкилотҳо, расонидани ёрии методӣ ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ, ташкил ва гузарондани маҷлисҳои идона оид ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар давоми ҳафта, гузаронидани машварати дастурдиҳӣ бо  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ҳизбии Тоҷикстандарт вазифагузорӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>