Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам…

12

АНДЕША. Чанде қабл дар сомонаи Паём.нет, ки ба наҳзатиёни хоин ва дигар ватанфурӯшони беномус тааллуқ дорад маводеро, ки гӯё аз номи хонандаи ин сомона иншо ва нашр гардида бошад, сарсарӣ мутолиа намудам. Чун аз оғози матлаб ва номи ӯ пай бурдам, ки мавод саропо беоронаву беномусона навишта шудааст. Ин хонандаи гумроҳ, ки аслан ба фикрам ба ғайр аз хондани хабарҳои шум дигар чашмаш ба хабарҳои нек назар намекунад, ба андешаи худаш фаъолияти Агентии миллии иттилооти «Ховар»-ро натиҷагириву хулосабарорӣ кардааст. Тангназарии наҳзатиён ва хоинбачаҳои гуруҳи 24-ро нишон медиҳад, ки маводҳое, ки дар Агентии миллии иттилооти «Ховар» нашр мешаванд як намуд таблиғи ин ташкилотҳои террористӣ унвон додааст. Шояд ба назари хоинони миллат ва гумроҳони беватан «таблиғи сиёҳ ҳам таблиғ» бошад, аммо ба назари мо рӯи коғаз овардани фаъолияти пасипардагиву ошкорои террористони разил ба хотири пешгирии шомилшавии ҷавонон ва шаҳрвандон ба ингуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дурӣ ҷустан аз онҳост. Асли матлаб он аст, ки мо сокинони кишвари биҳиштосо – Тоҷикистони азиз як маротиба маҳз ба гирдоби гумроҳсозиву найрангҳои наҳзатиён ғарқ гардида, ба ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба нобудии миллат оварда мерасонд дучор шудем ва фоҷиаҳои даҳшатбори онро дар хотир дорем. Ба ёд оред, дар он замон шахсе ва ё раҳбаре пайдо намешуд, ки ба мардум роҳи нек ва умед ба ояндаро нишон диҳад. Дар майдонҳои гирдиҳамоӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ собиқ раиси ҲНИТ худро пуштибони дин унвон дода, бо истифода аз баландгӯяк ба мардум мувофиқи табъу манфиати шахсиаш мавъиза мехонд. Чун ҳадяи яздонӣ соли 1992 аз минбари баланди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарии давлати тозаистиқлоли мо баргузида шуданд, ки бо изҳори андешаи “Ман ба шумо сулҳ меоварам” дар қалби ҳазорон пиру барно умеди зиндагии шоиста ҷилвагар гардид. Мардум дар баробари ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ амалан дарк намуда ва бо чашми сар дидем, ки ин марди наҷиб барои танинандозии сулҳу ваҳдати миллӣ чӣ талошҳое карданд. Пас моро зарур аст, ки ин кишвареро, ки Пешвои маҳбубамон аз панҷаи хуношоми наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиашон наҷот бахшиданду моро ба ин рӯзҳои неку масъуд расониданд беш аз ҳарвақта дӯст дошта, паи даъвати ҳамватанон аз гиромидошт ва ҳифзи ин дастовардҳо ҷаҳду талош намоем. Хушбахтона инсонҳои огоҳ аз вазъи ҷанги шаҳрвандӣ имрӯзҳо ба маҷрои пешгирии фаъолияти пасипардагии ТЭТ ҲНИТ кӯшиш ба харҷ дода, бо навиштаҳои ҷолибу хондании хеш симои разилона ва манфури онҳоро нишон дода истодаанд. Ҳадафи навиштанҳои мо ва чандин ҳамқаламон перомуни фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ва дигарон дар он аст, ки ҷавонон аз чунин гумроҳон канораҷӯӣ намуда, аз пайвастан ба ин ташкилоти террористӣ худдорӣ намуда, ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд. Баъдан наҳзатиёни хоин дониста бошанд, ки ин барои онҳо ва ду се бешараф «таблиғи сиёҳ ҳам таблиғ аст» аммо барои мо, ки қаламамон ба раҳнамоии некӣ ва саодатмандии ҳамватанон нигаронида шудааст ва дар роҳи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба мисли ТЭТ ҲНИТ устуворона ҳарфофарӣ мекунад нишон додани чеҳраи манфури шумост ва ният дорем, ки ҳамаи ин нигоштаҳо сабабгори боз ҳам дар ҷомеа коҳиш ёфтани ифротгароиву бегонапарастӣ мегардад ва самараҳои неки худро ба бор хоҳад овард. Наҳзатиёни гумроҳ дониста бошанд, ки ҳамеша қувваи некӣ бар шумобарин қувваҳои аҳриманӣ ғалаба карда, навиштаҳои неки раҳнамоикунандаи мо, мавқеи гумроҳсозандаи шумо ва номуайянатонро ба мардум ошкоро нишон дода, садди роҳи амалишавии нақшаву ниятҳои нопоки шумову хоҷагонатон хоҳад гардид. Зеро:

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,

Қаламкашро ба мақсад мерасонам.

 

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>