Мо зуроварӣ дар оиларо хотима мебахшем

айни

АЙНӢ. Барои бунёди  фарзандони солеҳ ва тавоно тамоми оилаҳои тоҷикро мебояд, ки дар зиндагӣ намуна ва бофарҳанг бошанд. Агар дар лаҳзаҳои рӯзгордорӣ аз ҷониби аҳли хонавода нофаҳмӣ  ва зуроварӣ роиҷ гашта бошад дар онҳо эҳтимол аст, ки фарзандони соҳибмаърифат ва номбардорӣ Ватан-Модар ба воя расанд.  Солҳои охир ҷудошавии оилаҳо зиёд ба назар мерасанд аз ҷумла дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 5736 оилаҳо ҷудо шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи зуроварӣ дар оила, 19-уми марти соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила»-ро ба тасвиб расонд, ки он аз 4 боб ва 27 модда иборат аст, ки  дар амал муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зуроварӣ дар оила, танзим менамояд. Ва ба ин муносибат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуда буданд, ки ин иқдоми наҷибона дар баланд бардоштани маърифати оиладории мардуми шарафманди тоҷик, такони ҷиддие бахшид. Аз ин лиҳоз бо иқдоми ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонони фаъол, доири пешгирии зуроварӣ дар оила  дар байни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони деҳаҳои, Зоосун, Томин, Путхин, Фатмев, Рарз ва дашти  Сангистон зери шиорҳои «Нест бод, зуроварӣ», «Оилаи солим, Ҷомеаи солим», «Мо зуроварӣ дар оиларо хотима мебахшем», «Мо хоҳони оилаҳои бомаърифатем», «Занон ва мардон ҳуқуқҳои баробар доранд»  дар байни сокинон ва хонандагони мактаб вохӯрӣ намуда, доири мавзӯъ баромад намуданд. Аз рафти вохӯрӣ ва сӯҳбат бо мардум айён гардид, ки сокинон ниёз ба чунин сӯҳбату вохӯриҳои судманд доранд. Сокини деҳаи Фатмев, Муллоаҳмад Ахмедов зимни сӯҳбат бо ҳайати кор чунин қайд намуд: «Мо хушҳол аз онем, ки чунин вохӯриҳои маърифатиро бо мо сокинони деҳот мегузаронанд, ман шоҳиди ҳодисае ҳастам, ки мард занашро бо зуриву тавоноии доштааш лату куб мекард, зан чӣқадаре, ки доду-фиғон мебардошт аммо мард ҳеч гӯш намедод аз рафтори падар фарзанди ин хонадон аз тарс дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Сабаби ба ин ҳолат гирифтор шудани ин оила аз бедониш ва эҳтиром нагузоштани мард ба Зан-Модар-офаридгор мебошад. Пас чӣ лозим аст, чунин оилабарпокунӣ? Ин ҳолатҳо бисёр ба назар мерасанд. Аз шумо даъват ба амал меорем, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои манфиатовари хешро боз ҳам густариш диҳед. Маврид ба таъкид аст, ки доири мавзӯи зуроварӣ донишҷӯёни гурӯҳи  мақсадноки «Коллеҷи тибии» хонандагони фаъоли макотибҳои миёнаи ноҳия саҳначаи омоданамудаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писанди ҳозирин гашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>