Соати сиёсӣ

20171026_143939

СПИТАМЕН. Чанде пеш дар МТМУ №22 ноҳия аз тарафи  бахши кор бо занони кумитаи иҷроия соати сиёсӣ баргузор гардид. Дар он мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия баромад карда, оиди пешгирии  ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ сухан кард. Инчунин оиди ҳадафи барномавии ҳизб, корҳои созандагӣ ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ба иштирокчиён маълумот дода шуд ва барои ба сафи ҳизб шомил шудан даъват карда шуд.  Аз номи омӯзгорони мактаб омӯзгори ҷавон, аъзои фаъоли ҳизб Қурбонова Ф. баромад карда қайд намуд, ки коллективи кормандони МТМУ №22 ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи  Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва дар байни кормандон ҳоло якчанд нафар ҳастанд, ки хоҳиши бо амри дил ба сафи ҳизб шомил шуданро доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>