Ободонӣ мароми мост

канадолм

КОНИБОДОМ. Чанде пеш шанбегии умумишаҳрӣ ва ободонӣ гузаронида шуда, сокинони шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун ба корҳои тозагӣ баромаданд. Дар шанбегӣ бардоштани партовҳо, тоза намудани ҷӯйборон, ободонии кӯчаву хиёбонҳо, буридани қисмати халалрасон ва зиёдатии дарахтон, сарсабзгардониву ниҳолшинонӣ дар назди дармонгоҳи марказии шаҳр, тозагиву ободонӣ дар атрофи Беморхонаи бачагона, нарм намудани бехи дарахтон дар қади роҳи К.Хуҷандӣ, 8-Март, Ленин ва тозаву озода намудани ҳудуди маҳаллу ҷамоатҳои деҳот сурат гирифта, сокинон атрофи хонаву коргоҳи худро ободу зебо гардониданд. Минбаъд дар шаҳр ҳар ҳафта шанбегӣ, корҳои ободониву созандагӣ гузаронида шуда, бо истифодаи ҳавои нарм кӯчаву маҳалҳои шаҳр обод ва ба истиқболи Соли нави милодӣ омода карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>