Идомаи чорабиниҳо алайҳи зӯровари дар оила

бг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Мутобиқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташаббуси ташкилоти ибтидоии минтақаи Унҷи чорабинӣ дар доираи аксияи “16 Рӯзи мубориза алайҳи хушунати хонаводагӣ” баргузор гардид. Ба чорабинӣ фаъолони ҳизб, занҳо, собиқадорони барӯманд, оилаҳои ҷавон ва бархе аз оилаҳои носолим даъват шуда буданд. Ба чорабини раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Наимҷон Муқимзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо меҳмонон шинос намуд ва бобати ҳадафи асосии чорабинӣ ва зарурати қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”  мушаххас истода гузашт. Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи кумиҷроия зимни суханрониаш дар бораи ғамхории пайвастаи Раиси ҲХДТ мӯтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаи устувории оилаҳо ва риояи демография дар марҳилаи имрӯза, зӯровари дар оила ва оқибатҳои ношухи он, аз байн бурдани никоҳи хешу табори, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” фикру андешаҳои худро баён намуд.  Сипас, аз ҷониби аъзоёнии ТҶҶ “Созандагони Ватан” саҳначаҳои тарбиявӣ оид ба хушунати хонаводагӣ намоиш дода шуда, фикру мулоҳизаҳои аҳли нишаст шунида шуд.  Дар охир раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҳамагонро даъват намуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯровари дар оила” чораҳои амалӣ андешида, барои гиромӣ доштани арзишҳои миллии оиладорӣ, пойдории оилаҳои ҷавон, тарбияи ахлоқии фарзандон кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>