Вохурӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Exif_JPEG_420

АЙНӢ. Бо ибтикори  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ тибқи нақша вохӯрии вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо интихобкунандагон роҳандозӣ мешавад. Санаи 5-декабри соли равон дар деҳаҳои Куруд ва Зиндакон вохӯрии вакил аз ҳавзаи интихоботии Куруд-17 бо аҳолии деҳаҳо баргузор гардид.  Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ  раиси Комиҷроияи ноҳиявӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас вакил аз ҳавзаи интихоботии Куруд-17 доир ба иҷрои ваколати вакилиаш аз моҳи марти соли 2015 то ба имрӯз ҳисобот дод. Дар вохӯрӣ инчунин, доир ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сухан рафт. Сокинони деҳаҳои Куруд ва Зиндакон дар баромади худ қайд намуданд, ки мо ҳамеша Қонуни танзими расму оинро ҷонибдорӣ менамоем ва риоя мекунем. Дар вохӯрӣ раиси ҷамоати деҳоти Айнӣ Самандаров Амирқул иштирок намуда, ба саволҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас дод. Ҳамин гуна вохӯриҳои вакилон дар дигар деҳаҳо идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>