Корҳои фаҳмондадиҳӣ

канадом

КОНИБОДОМ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баҳри ҷоннок намудани фаъолияти аъзои ҲХДТ корҳои таблиғотиро пурзур намуда истодааст. Кормандони Комиҷроия корҳои фаҳмондадиҳиро дар ташкилотҳои ибтидоии муассисаҳое, ки аъзои ҳизб ҳастанд  оиди вазифаҳои узви ҲХДТ, саривақт супоридани ҳаққи аъзогӣ, қайд намудан дар шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ ва ҳамчунин зиёд намудани  сафи аъзои ҳизб аз шахсони фаъоли ҷамъият, таблиғу ташвиқ намудани ғояҳои созандаи ҳизб сӯҳбатҳо вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст. Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Азимҷон Бобоҷонзода ва мудири шуъбаи  кор бо ҷавонони Комиҷроия Акмал Шарипов бо кулли омӯзгорони Коллеҷи омӯзгори вохӯрӣ доир намуданд ва ба 31 нафар омӯзгороне, ки барои узви ҲХДТ шудан ҳуҷҷатҳои худро ба ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар маҳаллаи Бобокалонов пешниҳод карда буданд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Аъзои нав қабулшуда баромад намуда қайд карданд ки ифтихор аз он мекунем ки аъзои ҲХДТ-ҳизби созанда ва пешбаранда, ки роҳбараш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва ваъда медиҳем фаъолиятамонро  дучанд намуда дар тарбияи омӯзгорони оянда саҳми арзандаи худро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>