Хониши асарҳои Пешвои миллат

АШТ. Дар ташкилоти ибтидоии Бахши фарҳанг  китобхонаи марказонидашудаи ноҳияи Ашт хониши асарҳои Пешвои миллат бахшида ба 23-солагии ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҲХДТ Абдураҳмонов Ш ва мутахассисони соҳаи фарҳанг ва илм иштирок намуданд. Директори китобхонаи марказонидашудаи ноҳия Бегматова Ш оиди кӯшишу талошҳои Президенти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, ободиву осоиштагӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ сухан ронд. Дар баромади пурмӯҳтавои худ сармушовири китобхонаи марказонидашуда Зиёбиддинова Гулчеҳра қайд намуд, ки асарҳои бузурги Пешвои муаззам, аз ҷумла «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» нақши бузурги таърихиву тарбиявӣ дошта, барои тарбияи насли ҷавон дар ҷодаи ватандӯстиву хештаншиносӣ аҳамияти муҳим дорад. Инчунин номбурда оиди пешравии кори китобхона ҳарф зада гуфт, ки дар ноҳия китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона ва 28 адад филиалҳои китобхона дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия амал мекунанд, шумораи умумии китобҳо дар китобхонаҳои ноҳия 152821 адад, шумораи умумии ханандагон бошад 11408 нафарро ташкил медиҳанд. Чорабинии мазкур дар сатҳи дилхоҳ баргузор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>