Маориф – самти афзалиятнок

к. мачо

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Имоммуҳаммад Наврузов бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб-интернати ноҳиявӣ бахшида ба 23-солагии таъсисёбии ҲХДТ вохӯрӣ доир намуд. Дар суханронии худ ӯ қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад, ва зери роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии ватан саъю талош меварзад. Ҳамчунин таъкид кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии ҳизб рушди соҳаи маориф мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>