Қалами мо аз силоҳи наҳзат болост!

image-26-11-17-09-12 копия

АНДЕША. Ҳамарӯза дар расонаҳои хабарии хусусии гуруҳҳои иртиҷоиву террористӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли инҳо аз ҷониби хоинони миллати тоҷик, бахусус аъзо ва пайравони ташкилотҳои террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва гуруҳи мамнӯи 24 сару садоҳои беасос, туҳмату буҳтон ва андешаву афкори тафриқагароёна нисбати рушди Тоҷикистони азиз паҳн мешавад, ки аблатта таъсири манфии худро ба зеҳну шуури насли наврас хоҳанд расонид. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба ҷавонони худ оид ба ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ аз ин ҳам бештар суҳбатҳо ороста, дар ин замина маводҳои таҳлилии ҷолибро иншо намуда, пешкаши онҳо гардонем. Бешак нашри пайдарпайи маводҳои таҳлилӣ оид ба чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИТ дар амри гумроҳсозии мардум, ҷалби ҷавонон ба сафи давлати бо номи исломии «Ироқу Шом», раво дидани шиканҷаҳои гушношунид нисбати мардуми оддӣ ва амсоли инҳо ҳазорон паҳлуҳои норавшани ин ташкилот буд, ки мардум бо шунидани ин хабарҳо боз ҳам нафраташон нисбати наҳзатиёни гумроҳ зиёд гардида истодааст. Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки ин сулҳу амният, оромиву субот ва ваҳдати миллӣ бо машаққату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Зеро аз гирдоби нақшаву ниятҳои нопок ва амалҳои разилонаву манфури ин беномусони зархарид наҷот додани миллат, аз парокандагӣ наҷот додани халқ ва аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштани давлат коре буд басо душвор. Дигарбора мо нагузорем, ки хоинони миллати тоҷик байни мо тафриқаандозӣ кунанду, хонаи худамонро бо дасти худамон сӯзонанд. Нагузорем, ки моро бар муқобили падар ба низоъ андозанд. Нагузорем, ки моро бар муқобили бародар ба шӯру ошӯб кашанд. Нагузорем, ки хоҳарамонро ба муқобили модар барангезанд. Ва нагузорем, ки давлату миллатро бори дигар ба гирдоби ҷанг кашанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта барои иншои маводу матолиби ҷолиб ва ҳушдори насли ояндаи давронсози миллат аз амалҳои разилонаи хоинон ва гумроҳон кӯшиш ба харҷ диҳем, ва созандагиву офаринандагиро талқин намуда, нақши қаламро дар боло будани он аз силоҳ нишон диҳем, зеро:

Вақти он аст,

Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст,
Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>