Чорабиниҳо дар доираи «16 рӯзи алайҳи хушунат»

бустон

БӮСТОН. Дар доираи чорабиниҳои аксияи «16-рӯзи алайҳи хушумат» тибқи нақшаи якҷояи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки ҷавонон ва фаълзанони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар баромади хеш  оид ба татбиқи  қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва «Кодекси оилаи ҶТ»  ибрози ақида намуда, бо мисолҳои мушаххас оид ба фаъолияти  комиссияи амалкунандаи назди бахш ҳарф зад. Мутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии  шаҳр Пӯлотова Х.Ҳ. оид ба зӯровари дар оила ва оқибатҳои ношухи он, аз байн бурдани никоҳи хешу таборӣ,  татбиқи самараноки   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” сухан карда,  сабаби асосии ҷудошавии оилаҳоро  дар хушумат, зӯроварӣ ва якдигарнофаҳмӣ арзёбӣ намуд, ки он пеш аз ҳама ба тарбияи фарзандон  ва саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.  Мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Юсупова М. оиди  татбиқи сиёсати гендерӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ сухан кард. Дар охир раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр оиди татбиқи қонунҳои амалкунанда дар самти занон ва оила ҳарф зада, таъкид намуд,  ки ҲХДТ оиларо ҳамчун  асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф карда, барои  устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ  чораҳои мушаххас меандешад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>