Мусобиқа оид ба баскетбол ҷамъбаст гардид

бг баск

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Тибқи нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дар амал татбиқ намудани ғояҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Соли ҷавонон ва 23- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон силсила чорабиниҳо, вохӯриву мулоқотҳо, аксияҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда истодааст. Санаи 6.12.2017 дар варзишгоҳи «Ҷавонӣ» воқеъ дар шаҳраки Ғафуров мусобиқаи варзишӣ оид ба баскетбол байни ҷавонписарон гузаронида шуд. Дар мусобиқа 7-даста аз ҷамоати шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд. Ҷойи аввал насиби дастаи ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ҷойи дуюм насиби дастаи ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов ва ҷойи сеюм насиби дастаи ҷамоати деҳоти Ёва гардид. Дар охир ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони мусобиқаро намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 23-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният гуфта, ғолибони мусобиқаро бо Диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>