Машварати судманд

АЙНӢ. Дар бинои  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии  рақамҳои  8, 19 ва 33 деҳаҳои Зосун,  Сангистон  ва  Путхин  бо сокинони касбу кори гуногуни деҳаҳои номбурда вохурии судманд ва машварати хотирмони Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳия ва кормандони ҷамоати деҳоти Айнӣ дар санаи шашуми декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он Қобилзода А.- раиси Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи  Айнӣ, Самандаров А. – раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ , Почоев — М  ва Бадалов А.- раиси комитети маҳалли деҳаҳои Зосун, Сангистон ва Путхин  ширкат ва суханронӣ намуданд. Сараввал  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  Қобилзода Абдуғанӣ мақсади асосии вохуриро  ба  шаҳрвандон  шинос  намуд.  Қобилзода Абдуғанӣ   бо суханҳои мутаассиркунандаи хеш ҳозиринро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, саҳмгузорӣ барои имрӯзу фардои ватани азиз ҳидоят намуда, маслиҳатҳои муфид доданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ дар рафти суханронии хеш доир ба татбиқ ва амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ибрози ақида намуда, ҳамчунин ҷавононро барои самаранок истифода бурдани вақт  ва дар соли ҷавонон , ки рӯзҳои бошумор боқӣ мондааст ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан кушишуталош намоянд, роҳнамои намуданд. Ҷоизи зикр аст, ки  мавзӯи ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонони синни даъват аз мадди назари эшон дур намонда аҳли ширкаткунандагони вохурӣ, аз ҷумла пирону аҳли зиёро барои ташвиқу тарғиби ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.Сипас Самандаров Амир – раиси Ҷамоати Деҳоти Айнӣ мавзӯъҳои дар боло зикргардидаро дунболагирӣ намуда аз аҳли ҷамоатчигӣ ва омӯзгорон даъват ба амал овард, ки баҳри ташвиқ ва тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар байни аҳоли корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шумораи қонуншиканиҳоро кам намоянд. Инчунин  ба хизмати Модар-Ватан  ихтиёран нарафтани ҷавононро ҳодисаи нигаронкунада арзёбӣ намуда маслиҳатҳои муфид ва супоришҳои қатъӣ  дод.  Бояд қайд кард, ки вакилони  маҷлиси  вакилони  халқи ноҳия Содиқов Миразим, Носиров  Оқилбой  ва  Сафаров  Исмоил ҳисоботи солонаи худро дар назди интихобкунандагон  баромад  намуданд.  Чанде аз иштирокчиёни вохурӣ таклифу пешниҳод ва дархостҳои худро иброз намуда, бархе аз онҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои судманд гирифтанд. Ташкил ва гузаронидани чунин вохуриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии халқ мусоидат намуда, барои осон гардонидани мушкилоти аҳоли кумак мекунад.

Ба ин маънӣ соҳибсухане фармуда :

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Чунин  вохуриҳо  дар  дигар  ҷамоатҳои  деҳоти  ноҳия  идома  дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>