Шумо муҳофизони Ватан ҳастед

ДЕВАШТИЧ. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар қисми ҳарбии 04533 дар ноҳия буда, аёдати сарбозон доир гардид. Муовини раиси ноҳия Ғиёсиддинзода Бунафша барои хизмати содиқонаашон миннатдории хеш изҳор намуда, дар баромади хеш оид дастгириву кӯмаки ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон ҳарф зад. Ҳамчунин намоянда аз қисми ҳарбӣ  низ баромад намуда таъкид дошт, ки  баҳри таъмини сулҳу оромии Ватан, таъмини Истиқлолият ва Ваҳдат, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мубориза мебарем ва намегузорем,  ки ягон ашхоси бегона параст сулҳу  оромииТоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад. Дар охир барои ташкили ин чорабинӣ миннатдории тамоми қисми ҳарбиро изҳор намуд. Инчунин аз номи сарбозон баромад карда ба ташкилкунандагон ва меҳмонон изҳори миннадорӣ намуда, таъкиддошт, ки имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароитҳо муҳайё мебошад. Ҳамаи сарбозон ваъда доданд, ки ҳар яки мо қарзи муқаддаси ҳудро бо шарафона адо менамоем. Дар охир барои аҳли қисми ҳарбӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия пешкаш гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>