Ҷамъбасти Озмуни «Беҳтарин тарғиботчии ҷавон»

IMG_0094

БӮСТОН. Тибқи қарори Маҷлиси  кумиҷроияи шаҳрӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ бахшида ба  «Соли ҷавонон»  Озмунҳои  «Нависандаи иншои беҳтарин дар байни ҷавонон», «Беҳтарин тарғиботчии ҷавон» ва «Беҳтарин варзишгари ҷавон»  дар байни аъзоёни ҷавони ҲХДТ  дар шаҳри Бӯстон эълон гардида  буд. Тибқи Низомномаи Озмуни «Беҳтарин тарғиботчии ҷавон» довталаб бояд  аъзои ҲХДТ буда, ба 4 талаботи озмун аз ҷумла,  доштани қобилияти тарғиботчигӣ,  суханварӣ, симо, дониши кофӣ оиди сиёсати имрӯза ва Барномаи ҲХДТ ҷавобгӯй буда,  дар давоми сол на кам аз 10 баромади тарғиботӣ ва ташвиқотӣ  дошта бошад. Санаи 6 декабри соли равон озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, аз байни 5 нафар довталабон аз  ташкилотҳои ибтидоии  ҲХДТ дар шаҳр донишҷӯи бахши 5 уми  Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон  Бобоев Муҳаммадалӣ, ки  дар  давоми соли 2017 дар 1 конференсияи илмӣ-назариявӣ, 3 мизи мудаввар, 7 дарсҳои хониши сиёсӣ ва  2 семинар баромад намуда, дар ҷодаи баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҲХДТ, тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб ва ҷалби  ҷавонон  ба сафи ҲХДТ саҳмгузорӣ намуд, ғолиби  Озмуни «Беҳтарин тарғиботчии ҷавон» бахшида ба «Соли ҷавонон» гардида, бо Сипосномаи  КИ ҲХДТ ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>