ҲХДТ-ҳизби пешоҳангу бонуфузи миллат

ПАНҶАКЕНТ. Дар асоси нақшаи кумитаи иҷроия  ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар литсейи касбии техникии  шаҳри Панҷакент бахшида ба «Рӯзи таъсисиёбии ҲХДТ» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.  Дар чорабиниии мазкур кормандони    кумитаи иҷроия фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан»  ва кормандони литсейи касбии техникӣ иштирок намуданд.  Сараввал корманди кумитаи иҷроия Бобобекова Зулфия оиди «Рӯзи таъсисиёбии ҲХДТ» маърӯза намуда, қайд кард, ки  ҲХДТ дар муддати начандон тӯлонӣ  тавонис, ки таҳкурсии кохи мавҷудияти хешро хело мустаҳкам созад.  ҲХДТ ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт мебошад. Сипас суханро ба раиси кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода дод. Шукурзода Мурод дар баромади худ  оид ба таърихӣ ҲХДТ истода гузашта қайд намуд, ки дастгирии ҳаматарафаи аъзои ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандустӣ, ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод, ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ, мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистонӣ азиз мақасади асосии Раиси муаззами ҲХДТ ва ҳамаи аъзояш мебошад. Дар охир  аз номи роҳбарияти Олии ҲХДТ бо рӯзи таъсисёбии ҳизб ҳамаи  иштирокчиёнро    табрик намуд. Сипас роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Созандагонӣ Ватан»  Амонов Алишер низ баромад намуда оиди фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар ташкилоти ибтидои гуфта гузашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>