Мулоқоти роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагон

СУҒД. Тибқи ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имсол низ чун анъана бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва ба ин васила шинос намудани онҳо ба шароити таълиму тарбия дар коллеҷ, донишкадаву донишгоҳҳои ҳудуди вилоят мулоқоти сарварони муассисаҳо бо хатмкунандогон доир шуда истодааст. То имрӯз роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд. Зимни суҳбат бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба вазъи таълиму тадрис, шароит ва ихтисосҳои мавҷудаи донишкадаву донишгоҳҳо маълумот дода, хонандагонро барои идомаи таҳсил ташвиқ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>