: Кумитаи иҷроия

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

ЮСАСарфароз Фаттоҳзода — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

3-юми сентябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, номзади илмҳои филология (1997). Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (1998). Соли 1986 пас аз хатми мактаби миёнаи № 7 шаҳри Хуҷанд ба факултаи филологияи Донишгохи давлатии Хуҷанд дохил шуда, соли 1993 онро хатм кардааст. Солҳои 1993-1996 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсилро идома дода, соли 1997 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Соли 2015 факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи шаҳри Москваи Федератсияи Россияро хатм намудааст.  Аз соли 1994 дар вазифаҳои ҷамъиятиву давлатӣ фаъолият мебарад. Солҳои 1994-1995 ҳамчун муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони вилояти Суғд, солҳои 1995-1996 дар вазифаи ҷонишини мудири шӯъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Аз соли 1996 то моҳи декабри соли 1999 вазифаи ёвари Раиси вилояти Суғдро дар зимма дошт. Аз моҳи декабри соли 1999 то моҳи марти соли 2007 Сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд буд. Аз моҳи марти соли 2007 то моҳи марти соли 2008 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, аз моҳи марти 2008 дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, аз моҳи майи соли 2012 дар вазифаи Сардори Маркази таблиғот ва иттилооти Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  фаъолият бурда, 24 январи соли 2014  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шудааст. Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд (даъвати 2 ва 3). Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати 5).  Иштирокчии ҳамоишҳои байналхалқӣ дар Украина, Қирғизистон, Россия. Соли 2002 дар Академияи хизмати давлатиии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил намудааст.  Соли 2005 бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.  Оиладор, падари 3 фарзанд.

Ҷалилов Анвар

Ҷалилов Анвар Расулович — муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоти Суғд

1 январи соли 1953 дар оилаи хизматчӣ, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми донишкада фаъолияти меҳнатии худро соли 1974 ҳамчун омӯзгори фанни таърих, ҷамъиятшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ оғоз карда, аз соли 1977 то соли 1986 дар Идораи маорифи вилоят ба ҳайси мушовир ва нозир кор кард. Аз соли 1986 то соли 1993 раиси кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони маориф ва илм буд. Аз соли 1993 то соли 1998 дар вазифаи сардори идораи маорифи Ҳукумати вилоят фаъолият дошт. Аз соли 1998 то соли 2001 дар вазифаи сардори тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҳукумати вилоят кор кард. Солҳои 1997 то 2003 Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд интихоб гардид. Аз 2003 то августи 2006 муовини аввали Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ буда, аз 8.08.2006 то 2.12.2006 Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ интихоб гардид. 2.12.2006 бори дигар муовини аввали Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ интихоб шуд. Аз соли 1999 то соли 2009 ҷонишини Раиси ҲХДТ буд. Ҷалилов Анвар Расулович муаллифи зиёда аз дусад мақолаю дастурҳои илмию оммавӣ буда, асарҳои «Тоҷикистон муқаддас аст», «Эҳёи афкори ҷомеа ва ҳизб», «Бо халқ, барои саодати халқ!», «Омӯзиши сиёсат тақозои замон», «От колониального гнёта до формировании политической партии в Таджикистане», «Марди олами сиёсат», «Бо роҳи суботи сиёсӣ ва тараққиёт» ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати чорум (2010-2015).  Хизматҳояш бо Ифтихорномаҳои соҳавӣ, унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2009 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Айни ҳол муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.  Оиладор, соҳиби ду фарзанд ва ҳафт набера.