Daily Archives: 22.11.2016

Конибодом Ҷашни 70-солагии Бибихон Азизова

Конибодом дар баробари мардони бофазлу заҳматпешааш бонувоне низ дорад, ки дар шуҷоат ва фидо корӣ беҳамтоянд. Яке аз чунин занони фидоӣ ва меҳнат дӯст ходими ҳизбиву давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Бибихон Азизова мебошад, ки ба муносибати 70 солагии ҷашни мавлуди ӯ дар толори мақомот ииҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷамъомади бошукуҳ доир карда шуд. Нахуст дар даромадгоҳ соҳибҷашнро гуруҳи хонандагон боқироати шеърҳо истиқбол намуданд. Қабл аз шуруъ гардидани чорабинӣ навореаз ҳаёту фаъолияти Б. Азизова намоиш дода шуд. Ҷамъомадро Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ҳусни оғоз бахшида, Бибихон Азизоваро бо ҷашни зодрӯз шодбош гуфт ва аз заҳматҳои бунёдкоронаи ӯ сухан гуфт. Минбаъд рафти чорабиниро ровии сохибистеъдод, узви иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Нӯъмонҷон Муъминов идома дода, аз зиндагиномаи ибратбахш ва фаъолияти пурсамари Б. Азизова сухан ронд.

Конибодом Пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ

Дирӯз дар коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом маҳфили донишҷӯдухтарони фаъол баргузор гардид. Дар маҳфил намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳр, КИ ХХДТ ва коллеҷҳои технологӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва дӯзандагӣ иштирок намуданд.Мавзӯи чорабинӣ «Никоҳи бармаҳал, хешутаборӣ ва оқибатҳои он» буд, ки донишҷӯён оид ба мавзӯъ баромадҳои пурмазмун карда, филмҳои гуногуни тарбиявӣ пешниҳод намуданд.Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила аъзои фаъоли ХХДТ Х.Холматова баромад намуда, ба ҳозирин оид ба оқибатҳои никоҳҳои бармаҳал, ки имрӯзҳо ҳамагонро ба ташвиш овардааст, сухан ронд.Маърифатнокии духтарон дар маърифатнокии оила тасвир мешавад. Маҳз, зан – модар аст, ки оиларо мустаҳкам нигоҳ дошта, фарзандони солиму бомаърифатро тарбия менамояд.Солимии ҷомеа аз солимии насли оянда вобаста аст. Бинобар, мо набояд ба никоҳҳои хешутаборӣ роҳ диҳем- гуфта шуд зимни маҳфил.

Деваштич Аёдати сарбозон

Бахшида ба рӯзи қабули савганди наваскарон дар қисми ҳарбии 04533 дар ноҳияи Деваштич аёдат доир гардид. Муовини раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Рафоат Каримова дар баромади хеш аз дастгириву кӯмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сарбозону афсарон ҳарф зад. Қайд намуд, ки ҳар яки Шумо ҷавонони сарбаланд бо хизмати содиқонаи худ дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд исбот намоед, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу Ваҳдат дар ҷомеа мебошад. Ҳамагонро ба таҷлили 22-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба сарбозону афсарон комёбиҳо таманно намуд. Баҳри хотирмон баргузор намудани рӯзи қабули савганди ҳарбии наваскарон барои наваскарон ва волидон дастархони идона ороста, намояндагони шӯъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаҳои фарҳангии хеш таъби ҳамагонро болида намуданд.

Шаҳристон Омодагӣ ба ҷашн

Бахшида ба 5-солагии ТҶҶ «Созандагони ватан» ва дар асоси нақшаи гурухи кори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  корҳои тарғиботию ташвиқоти дар ташкилоти ибтидоии Ориёи барои бошахомат ва бо дабдаба гузаронидани  5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» омодаги ҷидди гузаронида шуд. Инчунин  Вохӯрии бо доншҷӯёни  Литсейи Аграрии дар мавзӯи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбатҳо ороста фаҳмиши донишҷӯён бо ҳамроҳи Раиси ташкилоти ибтидоии Ориёӣ санҷида шуд. Ҷавонони имрӯза бояд бо корҳои беҳтарин, ба ҷамъият фоидаовар ба ватан бояд ҳиссагузор бошанд.  Дар оянда ба бисёр дастовардҳо ноил шудан бояд ҷавонон ҳуқуқи худро аз худ намоянд, омода барои ҳимояи ватани маҳбуби худ, омӯхтани илм, шомил нагардидан ба ҳизбҳои ифродгарои, ҳушёриро аз даст надиҳанд. Аз имкониятҳои шароити имрӯзаи Ватанамон Тоҷикистон бисёртар истифода намуда соҳиби касбу ҳунар гардида, фикру ақидаҳои худро баён намоянд. Чунки аз тарафи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили Маркази миллӣ тести кушода шудааст, ҳам ба падару модарон ҳам ба ҷавонони имрӯза хеле қулаӣ ва дониши онҳо ба таври хаққони ба мо исбот шуда метавонад, ки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии таи се сол аст, ки бо воситаи ММТ ба Донишкададаҳои дилхоҳи худ дохил шуда истодаанд. Инро ҷавонон хеле хуб пазируфтаанд. Ба ҳамаи ҷавонони имрӯза мувафақиятҳо хоҳонем баҳри созандагиву ободии кишвари азизамон  хаста набошанд.Ҳамеша сарсабзу сарбаланд бошанд.

Айнӣ Таҷлили 5-солагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”

Бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва 22-солагии Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо Барномаи фарҳангӣ дар клуби шаҳраки Сарвода бо иштироки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ташкил ва ба роҳ монда шуд. Дар Барномаи фарҳангӣ хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6,№12,№34,№37, №39,№46 бо барномаҳои рангин, аз қабили мушоира, бадеҳа, суруди якка, ки шеъру таронаҳо доир ба Ватан, модар, муқаддасоти миллӣ, шеърҳои мазмуни ватандӯстию ватанпарваридошта қироат намуданд.Ҳамзамон,аз ҷониби хонандагон саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуд. Духтарон аз мактабҳои номбурда дар рақсҳои якка ва гурӯҳӣ маҳорати хоса зоҳир намуданд. Инчунин бо мақсади тарғиби эҷодиёти даҳонии халқ аз рубоиёти водии Зарафшон хонандагони мактабҳои №6ва №12 қироат намуданд, ки иштирокчиён бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол намуданд.Дар чорабинӣ намояндагони шӯъбаи маориф, бахши ҷавонони мақомоти иҷроия низ ширкат варзиданд.Дар интиҳо чорабиниро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Абдуғанӣ Қобилзода ҷамъбаст намуда, иштирокчиёнро бо таҷлили солгарди Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” табрик карда, баҳри ташкил ва баргузор намудани барномаи фарҳангӣ изҳори сипос намуд.Инчунин, қайд гардид, ки байни хонандагон ва ҷавонон ба роҳ мондани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ боиси кашфи истеъдодҳои нав ва ба ин васила дур кардани ҷавонон аз ҳама гуна амалҳои номатлуб мегардад. Ташкили ин гуна чорабиниҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот идома дорад.

Деваштич Вохӯрӣ бо Прокурор

Дар Гимназияи №1 бо иштироки Прокурори ноҳияи Деваштич, мушовири адлияи дараҷаи якум Талбакзода Дилшод Саид бо аъзо ва ҷонибдорони НТҶҶ «Созандагони Ватан» суҳбат доир гардид. Аввалан Талбакзода Дилшод омӯзгорону хонандагонро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки баъди қабули Қонуни сарнавиштсоз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари азизамон дигаргуниҳои кулли ба вуқуъ омада, барои рушд ёфтани давлату давлатдорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муайян намудани сохтори идоракунии давлат Конститутсия санадест, ки фарогири ҳамаи ҳадафҳои давлату халқ ҳаст, ки мо 22 солагии қабули ин бахтномаи сарнавиштсози мардуми тоҷикро ҷашн гирифтем. Оиди ғамхориву дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ва хусусан ҷавонон ҳарф зада, қайд намуд, ки Шумо ҷавонон аз имтиёзу дастгириҳои Сарвари мамлакат самаранок истифода намоед. Зеро Шумо насли ҷавон дар оянда идомадиҳандаи кори мо буда, баҳри пешрафту тараққиёти мамлакатамон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар мебошед. Оиди боз як ҷашни муқаддаси дар пеш истода, яъне 16-ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст дар мамлакатамон кайд карда мешавад ба хонандагон маълумот дод.Дар хотима аз вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва оқибатҳои нохӯш доштани чунин фоҷиаҳои нафратангез дар ҷомеа андешаҳои худро иброз намуд. Хонандагон бо саволҳои худ ба Талбакзода Дилшод муроҷиат намуда барои ташрифаш миннатдории хешро баён карданд. Дар охир Талбакзода Дилшод ба донишомӯзиву корҳои дар пеш истодаашон муваффақиятҳои зиёдро таманно намуд.

Шаҳристон Аёдати афсарону аскарон

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ҳар як иду айём аз ҳолу аҳволи посбонони ватан бохабар шуда меистанд. Имрӯз низ бо ташаббуси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бахшида ба Рӯзи Парчам дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фирдавси” барои аёдат раҳсипор шуданд. Дар вохури бо афсарону сарбозон оиди зизту зиндагии онҳо аз наздик шинос шуда ба онҳо бо меҳри модарона суханрони намуда бо иди кишвари азизамон яъне бо Рузи Президент табрику муборакбод гуфтанд.