Daily Archives: 23.11.2016

Роҳбарият

presidentЭмомалӣ Раҳмон — Раиси ҲХДТ 

5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1970 пас аз хатми омўзишгоҳи касбию техникӣ дар заводи равғанкашии шаҳри Қўрғонтеппа оғоз кардааст. Солҳои 1971-1974 дар қувваҳои ҳарбии баҳрии собиқ ИҶШС хизмат кардааст. Баъди хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддате ба корҳои ҳизбӣ машғул буд. Аз соли 1987 то соли 1992 роҳбарии совхозро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ўҳда дошт. Соли 1991 вакили халқ дар Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1992 раиси комиҷроияи Шўрои намояндагони халқи вилояти Кўлоб интихоб шуд. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Моҳи ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аз соли 1998 Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. 6 ноябри соли 2013 ба мўҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид. Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад. Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.

1111Фаттоҳзода  Саидмурод Самад — Муовини якуми Раиси ҲХДТ

Cоли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москва, ихтисоси журналист, ходими адабии рӯзнома, ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба ҳайси мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Аз соли 1984 то соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон хизмати ҳарбӣ намудааст. Солҳои 1987-1989 дар вазифаи мухбири калони рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст. Аз соли 1991 то 1993  дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият намудааст. Солҳои 1993 – 1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва солҳои 1994 -2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Аз соли 2007 то 2014 дар вазифаи Мушовири Давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ варобита бо ҷомеа фаъолият намудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 22 январи соли 2014 бинобар таҷдидисохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид. 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII ҲХДТ муовини якуми Раиси ҲХДТ интихоб гардид. Бо ордени «Ситораи сурх», Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР, унвони фахрии «Корманди шоистаи  Тоҷикистон» медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон » ва медали ҷашнии «10 – солагии иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  медали «Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ»,  медали «Ба размандаи интернатсионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон», медали «20 – солагии баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон» ва медали тиллоии «Ниҳоли дӯстӣ» — и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  сарфароз  гардонида  шудааст. Оиладор, падари се фарзанд.

Новый рисунокБобоҷониён Раъно Маҳмудзода — Муовини Раиси ҲХДТ

18 феврали соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист, ҳуқуқшинос хатм карда, доктори илмҳои филологӣ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 ба ҳайси омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №5 – и шаҳри Чкалов оғоз намуда, баъд дар мансабҳои гуногуни масъули соҳаҳои телевизион, маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст. Солҳои 2011 – 2013 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар моҳи ноябри соли 2013 ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид. 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII ҲХДТ муовини Раиси ҲХДТ интихоб гардид. Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода дар давоми фаъолияти кориаш худро ҳамчун ташкилотчии масъулиятшинос, мутахассиси ботаҷриба ва кордон нишон додаст. Муносибаташ бо ҳамкорон хуб буда, соҳиби обрӯ ва эҳтиром мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

 

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН (Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020)

Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум! 

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
(Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020)

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд — ҲХДТ) зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. ҲХДТ дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош хоҳад кард.
Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб бармеояд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ин ҳадафҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.
Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи солҳои қаблиро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2015 ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми нерӯи худро равона месозем.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ

ҲХДТ раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дастгирӣ менамояд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҲХДТ пешбурди ҳафт самти афзалиятнокро то солҳои 2020 ҳадафи асосии худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо ҷидду ҷаҳд мекунад.
1. Такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро таъмин менам/яд.
Барои татбиқи ин ҳадаф ҲХДТ иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад:
- беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва сифатнок пешкаш намудани хизматрасониҳо;
- мусоидат ба иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ва қабулу татбиқи барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030;
- бо дарназардошти иҷрои нишондиҳандаҳои барномаҳои қабулшуда таъмин намудани тавозуни сиёсати макроиқтисодӣ бо сиёсати рушди соҳавии иқтисодиёт ва маҳдуд кардани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ;
- пешгирии таъсири омилҳои манфии сиёсати иқтисодии ҷаҳони муосир ва таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ;
- ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёти кишвар аз зинаи аграриву индустриалӣ ба зинаи индустриаливу аграрӣ бо роҳи ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, аз ҷумла рушди саноати истихроҷи маъдан, саноати металлургияи ранга ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ аз онҳо, инчунин саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
- гузариш аз роҳҳои анъанавии истеҳсолот ба усулҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус дар саноат ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ бо роҳи ташкили технопаркҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- истифодаи самараноки захираву манбаъҳои барқароршаванда ва рӯ овардан ба “иқтисоди сабз” бо мақсади ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи миллат;
- паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот;
- самаранок истифода бурдани заминҳои корам, алалхусус заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда;
- таъмин намудани рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазир, ислоҳоти равандҳои истеҳсолӣ, обёрӣ, заминдорӣ ва идоракунии соҳа, инчунин зиёд кардани ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда тавассути такмили механизмҳои хоҷагидорӣ;
- ҷорӣ намудани механизми ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ;
- коҳиш додани тамоюли манфии гардиши савдои хориҷӣ ва суръат бахшидан ба раванди диверсификатсияи содироти кишвар;
- бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ мутобиқ гардонидани иқтисодиёти кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ;
- баланд бардоштани мавқеи соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ.

2. Ҷиҳати таъмини рушди комплекси энергетикии мамлакат ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ ҲХДТ иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад:
- ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат тавассути сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар силсиланерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна;
- бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Норак, Сарбанд, Қайроққум ва иншооти дигар;
- зиёд кардани сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи мамлакат ҳамчун омили калидии рушди иқтисоди миллӣ;
- амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла хатти минтақавии «CASA-1000»;
- таъмини рушди комплекси энергетикиву сӯзишвории мамлакат тавассути инкишоф додани соҳаи саноати ангишт ва истихроҷи нафту гази ватанӣ;
- таъмини пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо гармӣ ва барқ тавассути сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ.

3. Таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишварро ҳамчун омили тараққиёт эълон дошта, ҲХДТ амалӣ гардидани чорабиниҳои зеринро пайгирӣ менамояд: 
- таъмини рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии онҳо;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои мамлакат;
- таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо, такмили низоми буҷет ва таъмини уҳдадориҳои иҷтимоӣ;
- ҷорӣ намудани механизмҳои нави иқтисодии ташаккули буҷети ҷамоатҳо, инчунин дарёфти роҳҳои таъмини худкифоии буҷети шаҳру ноҳияҳо;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти деҳот тавассути дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, инчунин ҷойгиркунии корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо дарназардошти боз ҳам беҳтар ва самаранок истифода намудани захираҳои ашёи хом, қувваҳои истеҳсолӣ ва дигар имконоту хусусиятҳои минтақа.

4. Пешбурди сиёсати самараноки молиявӣ ҷиҳати таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда 
Дар ин замина ҲХДТ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:
- истифодаи буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи муҳимми батанзимдарорандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;
- назорати иҷрои мақсадноки хароҷоти давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо дар тамоми ҷузъҳои низоми буҷетии мамлакат;
- афзун намудани даромади буҷети давлат бо роҳи такмили низоми андозбандӣ ва муайян кардани тадбирҳои ҳавасмандгардонии андозсупорандагон ва маъмуригардонии андозҳо;
- таъмини устувории қурби асъори миллӣ бо роҳи татбиқи сиёсати самараноки молиявию қарзӣ;
- тақвияти фаъолияти низоми бонкӣ, таъмини пардохтпазирӣ ва эътимоднокии бонкҳо, дастрасии мизоҷон ба қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои муносиб, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ;
- танзими фаъолияти мақомоти андоз барои дастгирии рушди соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти васеъшавии манбаъҳои андозбандӣ;
- ташкили механизми ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати нигоҳдории пасандозҳо дар бонкҳо ва истифодаи гардиши самараноки онҳо барои иқтисоди миллӣ;
- тавсеа ва рушди бозори молиявии мамлакат мутобиқ ба талаботи иқтисодиёти кишвар.

5. ҲХДТ ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкориро ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт дар маркази барномаи ҳизб қарор дода, фаъолияти худро ба самтҳои зерин равона менамояд:
- андешидани тадбирҳои мушаххас бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ тавассути такмили низоми қонунгузорӣ ва пешниҳоди кафолати сармоягузорӣ ва созишномаҳои сармоягузорӣ;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ барои вусъатбахшии рушди соҳибкории истеҳсолӣ;
- татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва истеҳсоли молу маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ;
- дастгирии ҳамаҷонибаи рушди бахши хусусӣ бо мақсади ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ;
- дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории истеҳсолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ;
- кам кардани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо роҳи тақвияти ислоҳоти низоми санҷиш, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ;
- таъмини истифодаи шаффофу самаранок ва мақсадноки маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат ба афзоиши ҳаҷми маблағҳои он;
- таъмини рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун равзанаи иртиботи иқтисодиёти мамлакат бо иқтисоди ҷаҳонӣ, риояи тартиби воридоти бемонеаи сармоя ва техникаву технологияҳои муосир ба иқтисодиёти кишвар.

6. ҲХДТ инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани онро бо шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун идомаи татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дониста, иҷрои чунин корҳоро зарур мешуморад: 
- сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан, сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ;
- суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории аҳаммияти дохиливу минтақавидошта, ки имкониятҳои транзитии кишвар ва ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалиро боз ҳам афзун мегардонанд;
- ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ, ки имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд;
- идомаи ислоҳот ва татбиқи саривақтии барномаҳои қабулшудаи соҳаи нақлиёт, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ.

7. ҲХДТ дар самти беҳбудии идоракунии давлатӣ ва тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд чунин вазифаҳоро мувофиқи мақсад мешуморад:
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ;
- густариши татбиқи механизмҳои ба мувофиқа расонидани афзалиятҳои рушд дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ;
- суръат бахшидан ба раванди татбиқи барномаи “ҳукумати электронӣ” ва таъмини шаффофияти фаъолияти он;
- таъмини идоракунии истифодаи самараноки амволи давлатӣ;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии фаъолият дар хизмати давлатӣ.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ

1. Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ. Дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. 
ҲХДТ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ медиҳад:
- таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат;
- тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;
- таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар;
- пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият;
- тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо;
- таъмини рушду устувории иқтисодиёти кишвар;
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ;
- пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла намудҳои муташаккили он;
- мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир;
- мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ.

2. Идораи давлатӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ҲХДТ дар панҷ соли оянда ба шумор мераванд.
Бо мақсади ҳарчи беҳтар кардани муносибатҳои байни шахсият, ҷамъият ва давлат дар марҳалаи нави тараққиёти мамлакат ҲХДТ ҷонибдори идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан дар раванди демократикунонии ҷомеа мебошад. Барои ин ҲХДТ:
- сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор медиҳад;
- ташкили интихоботи шаффофу демократӣ, рақобати озоди аҳзоби сиёсӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногунандешии сиёсиро, ки ба ташаккули равандҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунанд, ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд;
- ҳамчун ҳизби созанда ва бунёдкор аз арзишҳои милливу умумибашарӣ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷонибдорӣ мекунад;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, вазифаи муқаддаси худ мешуморад.
- нақши мусбати ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими арзишҳои демократӣ таъкид намуда, ба ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии кишвар, инчунин таъмини шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили низоми гуногунандешии сиёсӣ мусоидат менамояд;
- ислоҳоти мунтазами низоми ҳокимияти давлатиро ҳамчун механизми муҳимми таъминкунандаи фаъолияти самарабахши идоракунии давлатӣ арзёбӣ мекунад;
- дар замони афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ ва шиддат ёфтани мубориза ва рақобати давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои геополитикиашон таъмини тамомияти арзӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдо¬рии сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ ҳисоб мекунад;
- дар масъалаи муносибат ба дин ва озодии виҷдон сиёсати худро бар асли дунявият, эҳтироми муқаддасоти динӣ, ҳамкориҳои созанда бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои динӣ ба роҳ монда, ба хотири ҳифзи анъанаҳои мазҳабӣ, суннати таҳаммулгароӣ, мероси фарҳангии динҳо, озодандешии таърихии миллӣ ва муколамаи ғояҳо саъю талош мекунад.
- ҳама гуна зуҳуроти таассуб, радикализм, терроризм ва ифротгароии хушунатомези диниву мазҳабиро маҳкум намуда, дар ин масъала фарҳанги таҳаммулгароӣ ва озодандеширо омили муҳимми худшиносии миллӣ меҳисобад.

3. Ислоҳоти кадрӣ ва сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия. ҲХДТ зимни амалӣ намудани ислоҳоти сиёсати кадрӣ хислатҳои зерини шахсиро муҳим мешуморад:
- садоқат ба Ватан ва мардуми кишвар;
- дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлатӣ ва умумимиллӣ;
- салоҳиятнокӣ ва маҳорати баланди касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва зеҳниву таҳлилӣ;
- ҳисси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ;
- оштинопазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсионӣ;
- инсондӯстӣ ва риояи адолати иҷтимоӣ;
- фарҳанги баланди маънавию сиёсӣ;
- ахлоқи ҳамида.

4. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон. ҲХДТ ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро ба ҳаёт, қадр, номус, шаъну шараф, озодии сухан, баёни андеша ва монанди инҳо эътироф ва эҳтиром намуда, ба таъмини онҳо мусоидат менамояд.

5. Муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ. ҲХДТ тамоми нерӯ ва имконоти худро ба ҳифзи фазои солими сиёсӣ, гуногунандешӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа равона месозад.

6. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон. ҲХДТ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд.

7. Амнияти миллӣ. ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза хоҳад бурд.
Дар самти амнияти миллӣ ҲХДТ масоили зеринро муҳим мешуморад:
- барои ҲХДТ амнияти шахсии ҳар як шаҳрванд муқаддас аст. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аз авлавиятҳои миллӣ ва омили муҳимми рушди устувори ҷомеа, шарти ҳаёти иҷтимоии сазовор ва шоистаи мардум ҳисобида мешавад;
- ҲХДТ таассуби диниро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешӣ дониста, эҳё ва рушди анъанаҳои таърихии озодандешии миллиро дар баробари даъвоҳои сиёсиву мафкуравии бунёдгароёнаи динӣ, ҳизбӣ ва гурӯҳӣ барои пойдорсозии ҳувияти миллӣ василаи таҳкими аркони давлатдории дунявӣ ва имкониятҳои фарҳангии ҷомеа дар масъалаҳои амнияти иттилоотии кишвар зарурати ҳаётӣ мешуморад;
- ҲХДТ ҳамчун асосгузори принсипи дунявият дар кишвар ҳамкориро бо ҳизбу ҳаракатҳои ҳаммонанди сиёсии дохиливу хориҷӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири густариши арзишҳои умумиинсонӣ дар маънавиёти ҷомеа ва бунёди инфрасохтори амнияти ҷамъиятиро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ меҳисобад;
- ҲХДТ зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастиро қабул надорад. Бинобар ин, бегонашавии маънавии баъзе гурӯҳҳои ҷавононро дар заминаи ифротгароии мафкуравӣ омили хатарнок ҳисобида, ин тамоюлро яке аз сабабҳои гаравидани онҳо ба ҳаракатҳо ва созмонҳои диниву террористии байналмилалӣ мешуморад. Аз ин ҷиҳат, ҲХДТ ҳалли масъалаҳои маънавӣ ва тарбияи худшиносии миллии мардум, хусусан ҷавононро дорои хусусият ва аҳаммияти амниятӣ дониста, мақом ва нақши ниҳодҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии давлатиро дар ин ҷода аввалиндараҷа меҳисобад;
- ҲХДТ давлатро ҳомии асосии ҳуқуқу озодиҳои динӣ медонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ифротгароии сиёсӣ ва диниро ҳамчун мубориза ба муқобили дин ё поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон намеҳисобад. Ин мубориза ба хотири амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ кардани қурбонсозии фарзандон барои манфиатҳои нерӯҳои беруна мебошад. Аз ин ҷиҳат, ҲХДТ ҳамкории худ ва давлатро бо иттиҳодияҳои динӣ ба хотири таъмини муҳити солими диндорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ амри зарурӣ медонад;
- иқтидори бахшҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи миллии ба ҷаҳонбинии илмӣ асосёфта равона мегардад ва ҳамзамон бо ин, ҳизб ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёну ҳаракатҳое, ки ба амнияти давлат, миллат, ҷомеа ва сохти конститутсионии Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, пайваста талош меварзад.

8. Омили инсонӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ. ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерӯи инсонӣ дар кишвар, инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳиби илму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад.

9. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. ҲХДТ бо мақсади рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани нақши он дар байни аҳолии кишвар барои ҳамкории ҳамешагии ҳокимият бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ кӯшиш менамояд, муколамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро ба хотири ҳифзи манфиатҳои олии давлатӣ тавсеа бахшида, ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангии он мусоидат менамояд.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

ҲХДТ идома додани сиёсати «дарҳои кушода» ва стратегияи бисёрсамтиро ба хотири ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои татбиқ намудани стратегияҳои асосии рушди кишвар ҷонибдорӣ менамояд.
Дар пайравии талошҳои дар ин самт суратгирифта ҲХДТ муътақид аст, ки мисли пештара ҳимоят аз амнияти миллӣ ва тамомияти арзии кишвар, суботи сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеа дар шароити таҳаввулоти босуръат ва пуртуғёни арсаи байналмилалӣ бояд аз умдатарин ҳадафҳои сиёсати хориҷии ҳизб боқӣ монад.
Аз ин рӯ, тақвият ва таҳкими ҳамгироӣ бо шарикони боэътимод ва санҷидаи стратегӣ, иштироки фаъол дар равандҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва бо ҳамин роҳ ноил шудан ба ҳимояту ҳифозати субот дар кишвар ва минтақа ба ҳайси вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии мамлакат маҳсуб хоҳанд шуд.
Дар айни замон саъю кӯшишҳои мушаххас ҷиҳати рушди устувори кишвар, татбиқи тарҳу барномаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва дар ин замина беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии мамлакат ҷанбаи дигар ва ҳамешагии муҳимтарини сиёсати хориҷии кишварро ташкил намуда, бояд ҳадафмандона идома дода шавад, ки он таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамёриро бо кишварҳои шарики анъанавии мо тақозо мекунад.
Дар ин росто, ҳамкории босамар ва муваффақонаи Тоҷикистон бо созмонҳои мухталифи байналхалқӣ, аз ҷумла ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ низ дар сархати муносибатҳои хориҷии мо қарор гирифта, бояд саъю талошҳои моро дар самти таъмини равобити фаъол, мутавозин ва созанда бо ҳамкорони байналмилалӣ мукаммал гардонанд.
Дар маҷмӯъ сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба андешаи ҲХДТ, бояд таҷассумгари ормонҳои ҷомеаи муосири кишвар ва табиати сулҳҷӯёнаи он гашта, мақому манзалати шоиста ва эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нишондиҳандаҳои омори иқтисодиву иҷтимоӣ сол ба сол рушд меёбад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавии асоснок аҳаммияти аввалиндараҷа касб намуда, тавассути онҳо барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меояд.
ҲХДТ бо мақсади амалӣ гардонидани тадбирҳои муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад:
- мусоидат намудан ба таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот, бахусус, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ, обрасонӣ, фарҳангу варзиш ва ғайра;
- ташаккули минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ байни кордиҳандагон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, беҳтар намудани дастрасии духтарон ва занон ба таҳсилот;
- таъмини ҳамгироии фаъолияти роҳбарӣ ва соҳибкорӣ дар барномаҳои таҳсилоти касбӣ;
- зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла бозомӯзии онҳо.
ҲХДТ минбаъд низ ташаббусу ибтикороти ҷавонону занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд. ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии онҳо кӯшиш мекунад.

1. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ. ҲХДТ дар панҷ соли гузашта муваффақ гардид, ки дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тағйироти мусбат ворид созад. ҲХДТ ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва масъулияти шахсии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дигар мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, инчунин бахши хусусӣ ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва ҳифзи ҳуқуқи заҳматкашон ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҲХДТ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:
- паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ;
- омӯхтани талаботи бозори меҳнати давлатҳои қабулкунанда ва дар асоси ин талабот тайёр кардани мутахассисон;
- мутобиқ гардонидани қонунҳои амалкунандаи мамлакат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо қонунгузории кишварҳои хориҷа;
- чораҷӯӣ доир ба қабули шартномаи суғуртаи иҷтимоӣ барои муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонии хизматрасонӣ;

2. Тандурустӣ. Солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.
Ҳамзамон бо ин, ҲХДТ барои рушди минбаъдаи соҳа ҳалли масъалаҳои зеринро зарур мешуморад:
- татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо;
- баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ намудани муассисаҳои соҳа, марҳала ба марҳала аккредитатсия кардани онҳо, ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат, дастгирӣ ва инкишофи тибби хусусӣ, рушди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим;
- тақвият бахшидан ба ислоҳоти соҳа, ворид намудани механизмҳои нави маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузорӣ барои ҳар як ҳолати табобат дар беморхонаҳо, инчунин ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ;
- рушди шабакаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тибби фосилавӣ, вусъат бахшидан ба компютерикунонии муассисаҳои тандурустӣ;
- дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ муваффақ гардидан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ;
- такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои тиббӣ дар асоси истифодаи таҷҳизот ва технологияҳои тиббии муосир;
- амалӣ намудани механизми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин таҳияи стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва барномаи давлатии дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор;
- фарогирии кӯдакони маъюб бо барномаҳои солимгардонӣ ва дастрасӣ ба маводи кумакрасон, таҳияи стратегияи рушди саломатии кӯдакону наврасон дар давраи то соли 2020.

ДАР САМТИ РУШДИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ рушди илму маориф ва фарҳанги миллиро самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат муайян намуда, пешрафти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишварро бо ин соҳаҳо алоқаманд медонад. ҲХДТ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки роҳбарияти олии мамлакат дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд.
ҲХДТ дар бахши сиёсати иҷтимоии худ доир ба рушди илму маориф саъю талош мекунад, ки дастовардҳои илмӣ давра ба давра дар амал татбиқ карда шаванд. Аз ин ҷиҳат, сохторҳои ҳизбӣ ин масъалаи муҳимро дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, зарур мешуморанд, ки на камтар аз сеяки даромади буҷет барои бунёди инфрасохтор, таъмини технологияҳои нав, рушди нерӯи инсонӣ ва истеҳсолии соҳаи илму маориф сафарбар карда шавад.
ҲХДТ дар масъалаи тақвият бахшидан ба тарбияи кадрҳои болаёқат, омода намудани заминаҳои моддиву техникии тадқиқоти илмӣ, ҳамкории бахшҳои илму маориф ва пайвастани илму истеҳсолот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва дар амри амалӣ шудани ин ҳадафҳо бевосита саҳмгузорӣ менамояд.
Дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифта, ҳамкории доимии олимону устодон бо сохторҳои илмиву таълимии кишварҳои ҷаҳон тавсеа меёбад ва барои истифодаи технологияҳои нав ва дастовардҳои пешқадами илмӣ имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад.
Идомаи иқдомҳо барои ҷустуҷӯ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ дар соҳаи илму маориф низ аз самтҳое мебошад, ки ҲХДТ дар ҷараёни фаъолияти худ онро ҳамеша пайгирӣ мекунад.
Дар масъалаи эҳё намудан ва тараққӣ додани фарҳанги миллӣ ҲХДТ, пеш аз ҳама, ба суннати ниёгон ва арзишҳои фарҳангии гузаштагони пурифтихори худ такя мекунад. Дар айни замон, дар асоси принсипҳои таҳаммулгароӣ ва муносибати хайрхоҳона ба андешаҳои фарҳангӣ, ақидаҳои адабиву бадеӣ ва диниву эътиқодии қавму миллатҳои дигар бо эҳтиром муносибат мекунад ва ба онҳо арҷ мегузорад.
ҲХДТ таҷрибаи таърихӣ ва дастовардҳои муосири фарҳангҳои дигарро, ки арзишҳои инсондӯстона ва ҷаҳонбинии пешқадами илмиро инъикос мекунанд, дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, дар бахши фарҳанг ба нашри осори гаронбаҳои гузаштагон, таблиғи симои қаҳрамонону шахсиятҳои барҷастаи миллӣ арҷ гузошта, низоми пойдори ахлоқиву тарбиявии суннатӣ, фалсафаи ирфонии миллӣ ва шинохти воқеъбинонаи орзуву ормонҳои халқро тавсеа мебахшад. Консепсияи ҷашни миллии Наврӯзро ҳамчун арзиши фарҳангӣ эътироф карда, онро бо камоли эҳтиром ҳифз менамояд ва вобаста ба шароити нав зина ба зина такмил медиҳад.
ҲХДТ барои рушди эҷоди асарҳои бадеӣ ва ҳунарӣ, таҳияи филму намоишномаҳо талош карда, дар самти дарки дурусти асосҳои диниву эътиқодӣ, дурӣ ҷустан аз ҳаракату равияҳои номатлуб, тарғиби завқи баланди зебоишиносӣ ва инсондӯстӣ дар миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро густариш мебахшад.

1. ҲХДТ дар бахши маориф татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад: 
- афзалияти соҳаи илму маориф ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат;
- дастрасии таҳсилоти босифат, аз ҷумла таҳсилоти олӣ барои ҳамаи намояндагони гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа;
- баланд намудани мақоми кормандони соҳаи илму маориф, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо;
- бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ инкишоф додани зинаи таҳсилоти томактабӣ ва азнавсозиву бунёд кардани муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби давлат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, оилавӣ, шахсони эҳсон¬кор, таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмини муассисаҳои мазкур бо маводи таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, дастгирии молиявию методии онҳо ва гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ;
- таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо технологияҳои муосири таълимӣ;
- пурра таҷдид кардани мазмун ва муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва таҳияву таълифи китобҳои дарсии давраи нав, инчунин мутобиқ гардонидани мазмуни онҳо ба Стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ ва синнусолӣ бо риояи арзишҳои ғоявии милливу байналмилалӣ;
- таъсис додани марказҳои таълимиву истеҳсолӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонидани устохонаҳои муассисаҳои таълимӣ;
- таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ;
- ба роҳ мондани низоми мукаммали такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
- таҳкими пояҳои моддиву техникии литсейҳо ва коллеҷҳо, таъмини онҳо бо маводи муосири таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, азнавсозии устохонаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва ба коргоҳҳо табдил додани онҳо, ба корфар¬моён вобаста кардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷониби онҳо бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои зикршуда;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъсиси паркҳои технологӣ ва истифодаи онҳо барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
- стандартизатсияи давлатии барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ;
- тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат омода намудани мутахассисон, таҷдиди назар намудани ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва бо ин мақсад таҳия кардани моделҳои гуногуни тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷи кишвар;
- такмил додани низоми имтиҳони марказонидашудаи қабул тавассути Маркази миллии тестӣ.

2. ҲХДТ дар бахши илм татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад:
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ бо фаъолияти муассисаҳои Академияи илмҳо, ҷудо кардани маблағ барои фармоиши давлатӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо корхонаҳои азим, вазорату идораҳои соҳавӣ, гузаштан ба фармоиши давлатӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои наву босифат дар истеҳсолот;
- таъсиси шабакаи ягонаи иттилоо¬тиву коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмии инноватсионӣ ва ҷудо кардани грантҳои давлатӣ дар ин бахш, ташкили паркҳои технологӣ якҷо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- азнавсозии озмоишгоҳҳои институтҳои физика, химия, биология, зилзила-санҷӣ, проблемаҳои об ва экология, таҳқиқи захираҳои табиӣ ва ҷалби олимон ба омӯзиши проблемаҳои глобалии сайёра ва минтақа, пешниҳоди роҳҳои паст кардани таъсири буҳронҳои иқтисодӣ, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия, аз лиҳози илмӣ дастгирӣ кардани рушди сарватҳои моддӣ ва боғҳои миллии кишвар;
- таваҷҷуҳ ба рушди илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ, таҳқиқи илмиву интиқодӣ ва нашри беҳтарин намунаҳои осори гузаштагон, вусъати таҳқиқоти проблемаҳои муосир;
- тарғиби ғояҳои пешқадами ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба ифротгароӣ, радикализм ва тамоюлҳои бегонапарастӣ дар ҷомеа;
- талқини мероси фарҳангиву миллӣ дар байни мардум, рушди забони давлатӣ ва густариши истифодаи забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм.

3. ҲХДТ дар бахши фарҳанг татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад:
- таҷдид ва азнавсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии муассисаҳои фарҳангӣ, таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос, такмил додан ва ба сиёсати имрӯзаву муносибатҳои ташаккулёбандаи иҷтимоиву иқтисодӣ мутобиқ гардонидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ;
- такмили минбаъдаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву молиявӣ ва илмиву методии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг, гузариши тадриҷӣ ба низоми худтаъминкунии иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули муҳити сифатан нави маънавӣ дар ҷомеа, вусъат бахшидан ба нерӯи эҷодии асили миллӣ ва рағбатҳои фарҳангии шаҳрвандон;
- таҳкими низоми тарбияи зебоипарастии наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароити баробар барои кашф ва рушди истеъдодҳои нав, баланд бардоштани маданияти насли наврас ва бо мақсади тарбияи фарҳангиву зебоипарастии кӯдакон таъмин намудани пешрафти минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву хизматрасонӣ;
- навсозӣ ва рушди низоми миллии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг тавассути такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва кадрҳои илмиву педагогӣ дар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷи кишвар, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва сатҳи касбияти кормандони педагогиву эҷодии муассисаҳои таълимиву иҷрокунандагии соҳаи мусиқӣ, густариши рақобатпазирӣ ва ҷолибияти инвеститсионии таҳсилоти касбии мусиқӣ ва муассисаҳои консертиву иҷрокунандагӣ, васеъ намудани шабакаи таълимгоҳҳои соҳаи фарҳангу санъат ва таҳкими пояҳои таълимии онҳо;
- ба низом даровардани масъалаҳои ҳифз ва истифодаи дурусту мақсадноки мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, тарғиби ҳамаҷонибаи арзишҳои маънавии таърихӣ ва мероси ниёгон, татбиқи асноди қонунгузории миллӣ дар соҳаи фарҳанг, рушд ва оммавигардонии намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, тарғиби дастовардҳои фарҳанги суннатӣ дар дохили кишвар ва ҷаҳон, ворид намудани нодиртарин ёдгориҳо ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, азнавсозии механизмҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, мукаммалгардонии воситаҳои бақайдгирии он, истифодаи шаклҳои гуногуни сабти унсурҳо ва объектҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, таъсиси бахши фарҳангии инфрасохтори сайёҳӣ;
- бунёди низоми нави ташкил ва рушди минбаъдаи тамоми шаклҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, мусоидат ба ташаккули инфрасохтори боэътимод дар ин самт, бунёди шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, рушди таҳсилоти бадеӣ ва дастгирии эҷодиёт, таҳияи мониторинги вазъ ва дурнамои ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик;
- компютерикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ, автоматикунонии равандҳои китобдорӣ ва иттилоотӣ, ташкили феҳристҳои электронӣ тибқи барномаҳои соҳавӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ;
- татбиқи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», ҳамкорӣ бо ниҳодҳои кор бо муҳоҷирати кишварҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, дастрасии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва забондонӣ;
- ҳифзи анъанаҳои беҳтарини санъати касбии тоҷик ҳамчун сарвати миллӣ ва рушди онҳо, баланд бардоштани нақши санъати касбӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар, дастгирии иқдомҳои эҷодӣ ва ҳамкории фаъолона бо воситаҳои ахбори омма;
- мусоидат ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, таъмиру таҷдиди объектҳои мероси таърихии ниёгон, ҳифз ва эҳёи мероси маънавию ахлоқии гузаштагон ва ҷонибдорӣ аз асолати фарҳангии мардуми сокини кишвар.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор дода мешавад.
ҲХДТ минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун ба ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷуҳ карда, барои амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо кӯшиш менамояд ва тавассути намояндагони худ аз тариқи мақоми қонунгузор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия мекунад.
ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
ҲХДТ якҷо бо Ташкилоти «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар ин замина кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба воя расад. Мубориза бар зидди нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлуб аз тарафи ҷавонону наврасон мунтазам дар мадди назар боқӣ мемонад. Инчунин омӯзиши илму донишҳои муосир, азхуд намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.
ҲХДТ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон татбиқи чораҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморад:
- таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷалби ҳарчи бештари хонандагони болаёқат ба литсейҳо ва мактабҳои махсус барои шогирдони лаёқатманд;
- дастрасии ҷавонон ба амалисозии грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ тавассути марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои худфаъолият;
- таъсиси махзани захираҳои кадрии ҷавонони болаёқат дар назди мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон;
- дастгирии барномаҳои тиҷоратии соҳибкорон ва хоҷагидорони ҷавон, аз ҷумла ташкили семинарҳои мунтазами омӯзишӣ барои омодасозии соҳибкорон ва рушди имконоти онҳо дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ;
- тавассути амалӣ сохтани грантҳо ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҷавонон вобаста ба ташкили хоҷагиҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ;
ҲХДТ варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва давлативу шахсони воқеӣ бунёди варзишгоҳу майдонҳо ва толорҳои варзиширо тарафдорӣ менамояд.
Рушди сайёҳӣ метавонад дар устувории иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим бозад. Аз ин лиҳоз, ҲХДТ дар заминаи барномаҳои марбутаи қабулшуда ва консепсияҳо доир ба рушди сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оянда барои такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти сайёҳӣ андешидани чораҳои мушаххасро қобили қабул мешуморад.
Ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳифзи минтақаҳои сайёҳӣ, ташаккули инфрасохтори хизматрасонӣ ва маҳдуд намудани сохтмони иншооти иловагӣ дар ин минтақаҳо, муҳайё кардани шароит ва имконияти ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷӣ, соддагардонии гирифтани раводид, муаррифии гӯшаҳои таърихиву минтақаҳои истироҳатӣ тавассути шабакаҳои телевизиониву интернет ва дигар усулҳо андешидани тадбирҳои мушаххасро зарур мешуморад.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ВА ТАҲКИМИ ОИЛА

ҲХДТ дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида, ба хотири таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо талош хоҳад кард.
ҲХДТ аз ҷумла иҷрои корҳои зеринро дар ин самт зарур мешуморад:
- тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо;
- такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ.
ҲХДТ оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани чораҳои зеринро зарур меҳисобад:
- тақвияти хизматрасонии машваратхонаҳои равоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ бо мақсади расонидани кумакҳои машваратӣ ба оилаҳо;
- таҳияи Консепсияи рушди оила бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории он бо дарназардошти таҳдидҳои раванди ҷаҳонишавӣ;
- ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ;
- тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ.
ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил дар он доир ба андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад.

ДАР РАВАНДИ ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ҲХДТ тасмим дорад, ки ҷиҳати рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати ҳуқуқии ягона ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон такмил ва вусъат бахшида, дар ин самт ба иҷрои вазифаҳои зерин мусоидат намояд:
- рушди низоми қонунгузории кишварро дар чаҳорчӯби талаботи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вобаста ба манфиати шаҳрвандони мамлакат, арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки ҳадаф ва мақсади аслиашро арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад, таҳким ва такмил бахшида, мазмун, муҳтаво ва мақсади ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузориро дар кишвар бо эътироф, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавъам медонад;
- эътироф менамояд, ки асоси ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ инсон ва сатҳи тафаккури ҳуқуқии ӯст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тарғиби муқаррароти бузургтарин маъхази сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар – Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи асосӣ мешуморад;
- дар шароити тезу тунди муносибатҳои байналмилалӣ қонунгузорӣ ҳамчун озмоишгоҳи омодасозии фазои ҳуқуқии ҷамъияти оянда таҳти таъсири бевоситаи ҷаҳонишавӣ қарор мегирад. Ҷаҳонишавии манфиатҳо дар баробари ҷанбаи мусбати умумикунонии арзишҳои ҳуқуқӣ ба раванди қонунгузорӣ таъсири манфӣ низ расонида, арзишҳо, фарҳанг ва тафаккури миллиро тадриҷан маҳдуд менамояд. Аз ин хотир, таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо дарназардошти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ зарур шуморида, мутобиқати онҳоро ба фарҳанги миллӣ ба назар мегирад;
- дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба назар гирифта, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ равона месозад ва дар ҷараёни қабули қонунҳо ба ҳимояи манфиати табақаҳои ниёзманд, нафақахӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд;

- дар раванди таҳия ва қабули қонунҳо барои риояи усулҳо ва асосҳои роҳбарикунандаи ҳуқуқии озодиҳои шахсӣ, баробарии имкониятҳо, адолати иҷтимоӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баробарҳуқуқӣ, гуногунандешӣ, тақсимоти ҳокимият, шаклҳои гуногуни моликият ва мустақилияти ҳокимияти судӣ кӯшиш менамояд;

- дар таҳия ва қабули қонунҳо ба ҷанбаҳои башардӯстӣ ва одилонаи онҳо диққати бештар дода, барои таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба манфиат ва ҳуқуқҳои табиии инсон мутобиқ мебошанд, инчунин ба арзишҳои конститутсионӣ ва байналмилалӣ мутобиқат менамоянд, талош меварзад;
- ҷиҳати татбиқи усули конститутсионии «халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» ҲХДТ тақвияти заминаҳои ҳуқуқии наздик шудани мақоми қонунгузор бо интихобкунандагонро зарур шуморида, инъикоси фаъолияти парламентро тавассути васоити ахбори омма ва густариш додани алоқаи онро бо васоити ахбори омма амри муҳим медонад ва барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш мекунад;
- бо мақсади рушди фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ ва тақвият бахшидани иштироки Тоҷикистон дар низоми байналмилалии тиҷорат қонунгузории мавҷударо такмил дода, мутобиқгардонии иқтисодиёти кишварро ба шароити нави рушди иқтисоди ҷаҳонӣ идома медиҳад.
- ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ асосҳои ҳуқуқии дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватаниро таҳия намуда, масъалаи ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳои андозбандиро барои истеҳсолкунандагон ба миён мегузорад;
- бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва бо шуғл фаро гирифтани онҳо, инчунин кам кардани шиддати раванди муҳоҷират барои таъсиси ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ ва дигар шаклҳои ташкиливу ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ шароити мусоид фароҳам оварда, қонунгузории онро марҳала ба марҳала такмил медиҳад;
- ҷиҳати тақвияти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қабули қонунҳоро вусъат бахшида, таъмини амният ва суботи кишварро ҳадафи хеш қарор медиҳад;
- ислоҳоти ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузории кишварро ба таъмини соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ бо ҳифзи муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, густариши раванди ташаккули институтҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи хеш қарор медиҳад.
Дар ин замина ҳизб дар самти таҳкиму такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ анҷом додани корҳои зеринро зарур мешуморад:
- барои аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо кодификатсия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- пешниҳод ва қабули лоиҳаҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади таҳкими иқтидори ҳарбию мудофиавии кишвар ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба таъмини муҳити зисти солим мусоидат намудан ба таҳия ва қабули лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.

 ХУЛОСА

ҲХДТ барномаи амали мазкурро, ки метавонад рушди кишварро дар марҳалаи солҳои 2015-2020 таъмин намуда, тамоми заминаҳои воқеиро барои ваҳдату суботи ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё намояд, таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» пешниҳод мекунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ мекунад.

Оиннома

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд – ҳизб) ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бароитаҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баландисиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишуғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ вафарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизб дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқиибайналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амалмекунад.
Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
1.1. Мақсад, вазифаҳо ва усулҳои асосии фаъолияти ҳизб
1.1. Ҳизб барои иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.
1.2. Ҳизб бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, баҳри тараққиёт ва инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
1.3. Ҳизб метавонад дар ташаккул додани ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ширкат варзад.
Ҳизб мутобиқи Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ намояд ва фраксияи худро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ таъсис диҳад.
1.4. Ҳизб тарафдори ҳамкорӣ бо ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсию ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар мебошад, ки мақсадҳои барномавӣ ва оинномавии онҳо ба фаъолияти ҳизб мухолиф нестанд.

1.5. Фаъолияти ташкилии ҳизб дар асоси усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- умумияти ғоявӣ ва рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиатҳои ҳизб ва ҳар як узви он, интизоми бошуурона, баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамаи аъзои ҳизб;
- эҳтиром ба ақидаи ҳар як узви ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоӣ, озодбаёнӣ дар фаъолият;
- интихобӣ будани ҳамаи мақомоти роҳбарии ҳизб аз поён то боло;
- ҳисоботи мунтазами мақомоти ҳизбӣ;
- интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои мақомоти болоӣ барои мақомоти поёнӣ;
- идоракунӣ ва роҳбарии дастҷамъии ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар як узви ҳизб барои иҷрои вазифаҳои худ ва супоришҳои ҳизбӣ.

1.6. Ҳизб манфиатҳои қонунии аъзои худро дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳимоя мекунад. Узвият дар ҳизб бо таблиғӣ фундаментализм (бунёдгароӣ), тоталитаризм (томгароӣ), экстремизми сиёсӣ, терроризм, ҷанг, зӯроварӣ созгор намебошад.
1.7.Ҳизб барои аъзоёнаш шаҳодатномаи ягонаи тасдиқкунандаи узвият дорад.

2. Узви ҳизб, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо
2.1. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф менамояд, узви ҳизб шуда метавонад.
2.2. Қабул, қатъ ва боздоштани узвияти ҳизб дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо дастгирии аксарият сурат гирифта, баъди тасдиқи қарори ташкилоти ибтидоӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.
2.3. Узви ҳизб наметавонад дар як вақт узви ҳизбҳои дигар бошад.
2.4. Шахсе, ки ба ҳизб дохил шудааст, бо роҳи супоридани ҳаққи аъзогӣ ва дигар шаклҳое, ки қонун иҷозат додааст, ба ҳизб ёрии молиявӣ мерасонад.
2.5. Узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ, ҷои кор ё макони истиқомат ба қайди ҳизбӣ гирифта мешавад. Тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи «Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.
2.6. Барои вайрон кардани интизоми ҳизбӣ ва меъёрҳои аҳлоқи ҷамъиятӣ, нисбати узви ҳизб чораҳои тарбиявии ҳизбӣ андешида шуда, ба ӯ огоҳӣ ё танбеҳ эълон карда, ба маълумоти мақомоти болоии ҳизбӣ расонида мешавад. Узви ҳизб аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо ташаббуси он, ё ташкилоти болоии ҳизбӣ, барои номувофиқ будани рафтору кирдораш ба талаботи Оиннома бо тарафдории аз нисф зиёди узви ҳизб, ки дар қайди ташкилоти ибтидоӣ мебошанд ва бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбӣ аз сафи ҳизб хориҷ карда мешавад.
2.7. Шахси аз сафи ҳизб хориҷкардашуда дар сурати норозӣ будан ҳақ дорад, дар давоми як моҳ ба мақоми болоии ҳизбӣ муроҷиат намояд. Узви ҳизб дар асоси аризаи шахсиаш ихтиёран аз ҳизб баромада метавонад.

2.8. Узви ҳизб ҳуқуқ дорад:
- ба ҳамаи мақомоти ҳизб интихоб шавад ва интихоб кунад;
- дар бораи фаъолияти ҳизб маълумоти пурра ба даст оварад;
- дар чорабиниҳое, ки ҳизб мегузаронад, ширкат варзад, мавқеи худашро муайян кунад, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳизб, инчунин ҳаёти дохили ҳизбиро муҳокима намояд, дар таҳия ва амалӣ кардани қарорҳои ҳизб ширкат варзад;
- дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва таҳқири шаъну эътибораш аз пуштибонии сиёсии мақомоти ҳизбӣ истифода намояд, аз як ташкилоти ибтидоии ҳизб ба дигараш гузарад, узвияти худро дар ҳизб боз дорад ё ташкилоти ҳизбиро хаттӣ огоҳ намуда, аз он хориҷ шавад;
- аз тарафи ҳизб барои интихоб шудан дар мақомоти намояндагии ҳокимият пешниҳод намояд ва пешниҳод шавад;
- дар кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳо, ки мақсад ва фаъолияташон ба ҳадафҳои барномавии ҳизб мухолифат надоранд, иштирок намояд.

2.9. Узви ҳизб вазифадор аст:
- Оиннома ва Барномаи ҳизбро риоя намояд;
- дар қайди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бошад ва дар кори он фаъолона ширкат варзад;
- ҷиҳати амалӣ гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи ҳизб фаъолона иштирок карда, қарорҳои ҳизбро бечунучаро дар ҳаёт татбиқ намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мубориза барад;
- дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ» аз даромади умумии моҳонааш як фоиз ҳаққи узвият супорад.

2.10. Узвият дар ҳизб дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- дар сурати ҷазои судӣ гирифтан;
- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо хоҳиши худ баромадан аз сафи ҳизб;
- аъзо шудан ба дигар ҳизби сиёсӣ;
- дар ҳолати фавт;
- дар ҳолати вайрон кардани талаботи Оинномаи ҳизб;
- дар ҳолати бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф гардидан.

2.11. Узвият дар ҳизб дар сурати гузаштан ба фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ боздошта мешавад.

3. Сохтори ташкилӣ ва демократияи дохилиҳизбӣ
3.1. Сохторҳои ҳизб дар асоси усули истеҳсолию ҳудудӣ созмон меёбанд.
Ба сохторҳои ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дохил мешаванд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Бо ташаббуси узви ҳизб мумкин аст шӯрои раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, маҳфилҳои ҳизбӣ, марказҳои таблиғотӣ, шӯрои собиқадорони ҳизб, созмонҳои занон, ҷавонон ва дигар намудҳои иттиҳодияҳо ташкил карда шаванд.
3.2. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ тасдиқ карда мешавад.
3.3. Мақоми олии ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси умумӣ (конференсия) мебошад. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ як маротиба дар се моҳ, вале вобаста ба зарурат ҳар вақт даъват карда мешавад. Конференсияи Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ як маротиба дар ду сол даъват карда мешавад.
3.4. Барои пеш бурдани корҳои ҷорӣ маҷлиси умумӣ дар ташкилотҳои ҳизбие, ки то 30 нафар аъзо доранд, раис, дар ташкилотҳои ҳизбие, ки аз 30 то 300 нафар аъзо доранд — раёсат интихоб мекунанд. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбие, ки аз 300 нафар зиёд аъзо доранд, конференсия Кумитаи иҷроияи ибтидоиро интихоб мекунад. Ҳисоботи раис ва Раёсат дар маҷлиси умумӣ ҳар сол ва ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар конференсия як маротиба дар ду сол шунида мешавад.

3.5. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва Раёсат роҳбарӣ менамояд;
- дар маҷлисҳои умумии ташкилоти ибтидоӣ раисӣ мекунад;
- ташкилоти ибтидоиро дар маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ намояндагӣ мекунад;
- қабул, қатъ ва боздоштани узвият ба ҳизбро мутобиқи банди 9 Оиннома ба роҳ мемонад;
- дар асоси «Низомнома оиди тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бақайдгирии аъзои ҳизбро ба роҳ мемонад;
- протоколҳои маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоиро ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ пешниҳод мекунад;
- аз иҷрои қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ахборот пешниҳод менамояд;
- ҳаққи узвиятро сари вақт ҷамъ намуда, ба суратҳисоби Кумитаи иҷроия ирсол менамояд;
- нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоиро таҳия намуда, иҷрои онро таъмин менамояд.
3.6. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ вобаста ба зарурат, вале на кам аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад.
3.7. Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- конференсияи ҳизбро даъват менамояд;
- ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии дар ҳудудаш буда назорат мебарад;
- ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар маҷлисҳои умумӣ мешунавад;
- қарорҳои болоии ҳизбро дар амал татбиқ намуда, аз рафти иҷрои он ахборот пешниҳод менамояд;
- мутобиқи банди 3.2, 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоиро таъсис ва барҳам медиҳад;
- мақсадҳои Оиннома ва Барномаи ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;
- дигар салоҳиятҳоеро, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
3.8. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо назардошти вазифа ва шароитҳои фаъолият дар масъалаҳои муайян кардани сохтори худ, самтҳо ва усулҳои корӣ, мӯҳлат ва тартиби гузаронидани маҷлисҳои ҳизбӣ, чорабиниҳои ҳизбӣ, муносибат бо дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятиро бо ташкилотҳои болоии ҳизбӣ мувофиқа менамоянд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои ҳизбро ташвиқу таблиғ намуда, вазифаҳои сиёсӣ, идеологӣ ва ташкилии ҳизбро дар корхонаю муассисаҳо ва маҳалли зист амалӣ мекунанд ва барои иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
3.9. Ташкилоти ибтидоии ҳизб дар асоси қарор, ки бо дастгирии аз се ду ҳиссаи аъзои дар қайди ин ташкилот буда қабул гардидааст, барҳам дода мешавад. Ҳамчунин дар сурати хилофи Оиннома амал кардани ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти он бо қарори кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ қатъ гардонида мешавад.
3.10. Ташкилоти ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро дар минтақаи алоҳида муттаҳид намуда, фаъолияти онҳоро роҳбарӣ ва назорат мекунад, бақайдгирии узви ҳизбро ташкил карда, корҳои ташкилиро оид ба иҷрои қарорҳои ҳизб дар коллективҳои меҳнатӣ ва ҷойи истиқомати шаҳрвандон, инчунин пешбарӣ намудани узви ҳизб ва ғайриҳизбиёнро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ амалӣ менамояд.
3.11. Мақоми олии ташкилотҳои ҳизбии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ – Конференсия мебошад, ки аз рӯи зарурат, вале камаш як маротиба дар дувуним сол даъват карда мешавад. Конференсия кумитаҳои иҷроия ва комиссияҳои тафтишотии ташкилоти ҳизбии вилоят, шаҳр ва ноҳияро интихоб мекунад. Сармуҳарирони нашрияҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар конференсияҳо интихоб мегарданд. Тартиби гузаронидани овоздиҳиро дар интихоботи мақомоти иҷроияи ҳизб конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муайян мекунанд.
Конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбии дахлдор даъват карда мешаванд.
3.12. Интихоби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар асоси Низомномаи тасдиқкардаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб сурат мегирад.
3.13. Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- иҷрои қарорҳои ташкилотҳои болоии ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;
- фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро назорат менамояд;
- ҳисоботи раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро мешунавад;
- гурӯҳи вакилии ҳизбиро дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ташкил намуда, ҳисоботи раиси онро ҳар сол як маротиба мешунавад;
- конференсияи ҳизбро даъват менамояд;
- бо қарори муассисон дар ҷои кор ва макони истиқомати шаҳрвандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мутобиқи бандҳои 3.2 ва 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода, онро барҳам медиҳад;
- баҳри дар амал татбиқ намудани мақсадҳои Оиннома ва Барномаҳои ҳизб чораҳои мушаххас меандешад;
- дар бораи қабул ба сафи ҳизб ва аз сафи ҳизб хориҷ намудан қарор қабул мекунад;
- дар ҳолати ба Оинномаи ҳизб мувофиқ набудани талаботи қарори ташкилоти поёнии ҳизб онро бекор менамояд;
- аъзои худро интихоб ва бозхонд менамояд;
- дигар салоҳиятҳое, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
Маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ даъват карда мешаванд.
3.14. Қарорҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ё мақомоти интихобии он дар ҳолате қабулшуда ба ҳисоб мераванд, ки агар ба тарафдории онҳо аксарияти аъзои дар қайди ташкилоти ҳизбӣ буда ё вакилони интихобшуда овоз дода бошанд.
3.15. Мақоми олии ҳизб Анҷуман мебошад, ки камаш як маротиба дар 5 сол даъват карда мешавад. Мӯҳлати даъвати Анҷуман, меъёри намояндагӣ ва рӯзномаи он аз тарафи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб на дертар аз 2 моҳ то гузаронидани Анҷуман эълон мегардад. Дар ҳолати зарурат Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ҳамчунин метавонад Анҷумани ғайринавбатиро даъват намояд.
Анҷуман дар ҳолати иштироки аз нисф зиёди вакилон барои қабули қарорҳои дахлдор ваколатдор мебошад. Тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҳизб бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони Анҷуман қабул карда мешаванд.
3.16. Анҷумани ҳизб бо роҳи овоздиҳии кушод ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол Раиси ҳизб, ҳайати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Комиссияи марказии тафтишотии ҳизбро интихоб мекунад, ба шарте ки он тартиби дигареро муайян накунад.

3.17. Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон:
- ҳисобот ва гузоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Комиссияи марказии тафтишотӣ, дигар мақомот ва шахсонеро, ки аз тарафи Анҷуман интихоб мегарданд, шунида, қарорҳои дахлдор қабул менамояд ва ба фаъолияти онҳо баҳо медиҳад;
- Барнома ва Оинномаи ҳизбро қабул намуда, ба онҳо тағйироту иловаҳо дохил мекунад;
- Парчам, Нишони ҳизб ва Низомномаи истифодабарии онҳоро тасдиқ менамояд;
- Намунаи шаҳодатномаи ягонаи ҳизбиро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти ҳизбро дар соҳаи сохтмони ҳизбӣ, кори идеологӣ, сиёсати дохилӣ ва берунӣ муайян менамояд;
- мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд.
3.18. Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб барои назорати буҷаи ҳизб, фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ масъул аст. Комиссия дар асоси Оинномаи ҲХДТ ва Низомномае, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тасдиқ кардааст, фаъолият мебарад.

3.19. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ваколат дорад ки:
- ба Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати он роҳбарӣ кунад;
- ҳизбро дар дохили мамлакат ва берун аз он намояндагӣ намояд;
- ба рафти тайёр намудани масъалаҳое, ки дар Анҷуман бояд муҳокима шаванд, роҳбарӣ кунад;
- ба Анҷумани ҳизб миқдор ва ҳайати шахсии аъзоёни Кумитаи Иҷроияи Марказиро пешниҳод намояд;
- ба Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб номзадии муовини якум, муовинони Раиси ҳизб ва сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбиро пешниҳод намояд;
- дар маҷлисҳои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб раисӣ кунад;
- ба қарорҳои Анҷуман ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб имзо кунад;
- аз номи ҳизб изҳорот диҳад, шартномаҳоро имзо кунад;
- ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ситодҳо ва мақоми матбуоти ҳизб роҳбарӣ кунад;
- ваколатҳои муовинонашро муайян намояд ва иҷрои баъзе салоҳиятҳои худро ба онҳо вогузор намояд;
- барои ҳалли масъалаҳои марбута фармоиш интишор намояд;
- номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаҳои раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин, масъалаи озод намудани онҳоро ба маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи (Конференсия)-и марбута пешниҳод намояд.
3.20. Дар ҳолати набудани Раиси ҳизб, иҷрои ваколатҳояш ба зиммаи муовини якум ё яке аз муовинонаш гузошта мешавад.

3.21. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб вазифадор аст:
- бо пешниҳоди Раиси ҳизб Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва муовинони Раисро интихоб кунад;
- сиёсати ҳизбро, ки Анҷуман муайян кардааст, дар амал татбиқ намояд;
- кори ташкилотҳои ҳизбиро ба ҳам мувофиқа намуда, самтҳои ҳамкории ҳизбро бо дигар ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муайян кунад;
- доир ба амалӣ гардонидани қарорҳои Анҷуман ва конференсияҳои ҳизб корҳои мушаххасро анҷом диҳад;
- дар асоси Оиннома кори дохилиҳизбиро ташкил намуда, ба ташкилотҳои маҳаллӣ расонидани ёрии ҳаматарафаро таъмин карда, мӯҳлати аз қайд гузаштани аъзоён ва ташкилотҳои ҳизбиро муайян кунад;
- таҳия ва мувофиқа намудани барномаи пешазинтихоботӣ ва пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳизб таъмин кунад;
- фаъолияти фраксияи парлумонии ҳизбро бо роҳи стратегии ҳизб мутобиқ гардонад;
- мақомоти матбуотии ҳизбро таъсис диҳад;
- Анҷумани ҳизбро даъват кунад;
- кумитаҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории дахлдори ҳизбиро ташкил кунад;
- низомнома, дастурамал ва маҷмӯи қоидаҳои ҳизбро тасдиқ намуда, ба он тағйироту иловаҳо ворид созад;
- ахбороти Комиссияи тафтишотиро оид ба сарфу харҷи маблағҳои молиявии ҳизб ҳамасола камаш як бор шунавад;
- барои таъминоти фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро таъсис диҳад.
3.22. Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар сурати зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
3.23. Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб (минбаъд – Раёсат) ва раёсати кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мақоми доимоамалкунандаи ҳизб мебошанд.
Раёсат дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.
Маҷлисҳои Раёсат дар вақти зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Раёсат даъват карда мешаванд.
Дар сурати набудани Раиси ҳизб дар маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ муовини якуми Раиси ҳизб ба кори ҷаласа раисӣ мекунад.

Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ вазифадор аст:
- барои муайян намудани супоришҳои ҳизбӣ ситодҳо ва гурӯҳҳои махсуси ҳизбӣ ташкил намуда, нақша — чорабиниҳои онро тасдиқ намояд;
- дигар масъалаҳои рӯзмарраеро, ки дар давоми сол ба миён меоянд, баррасӣ намояд.
3.24. Ҳизб хабарҳои расмиро дар саҳифаҳои матбуоти худ ё дигар воситаҳои ахбори умум мутобиқи қонунҳои амалкунанда интишор мекунад.

4. Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ.
4.1. Мутобиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят, шаҳр ва ноҳия вакилон – аъзои ҳизб барои изҳори дастҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои пешазинтихоботии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фраксияи ҳизбӣ ва дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гурӯҳхои вакилии ҳизбиро таъсис медиҳанд.
4.2. Вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба ҳайати Фраксия ва гурӯҳхои вакилии ҳизбӣ шомил шаванд.
4.3. Бақайдгирии Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тибқи қонунгузорӣ сурат мегирад.
4.4. Узви ҳизб — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонад танҳо аъзои як фраксия ва ё гурӯҳи вакилӣ бошад.
4.5. Ба фаъолияти Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Раиси Фраксия, гурӯҳ ва муовинони ӯ роҳбарӣ мекунанд.
Раиси Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси ҳизб ва раисони гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ барои интихоб шудан пешниҳод менамоянд.
4.6. Ҳизб ва сохторҳои ташкилии Фраксия ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ ба фаъолияти босамари онҳо мусоидат менамоянд.
4.7. Узви Фраксия ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ӯҳдадор аст, ки дар фаъолияти серҷабҳаи вакилӣ (қонунгузорӣ, намояндагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳизбӣ) фаъолона иштирок намояд.
4.8. Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар назди кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ҳар сол як маротиба ҳисобот медиҳанд.

5. Вазъи ҳуқуқии ҳизб
5.1. Ҳизб аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар бонкҳои Тоҷикистон суратҳисоб дошта метавонад, соҳиби мӯҳри мудаввар, гӯшамӯҳр, варақи рамзии худ буда, дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ баромад карда метавонад. Ҳизб дорои Парчам ва Нишони худ мебошад.
5.2. Ҳизб ва сохторҳои иҷроияи маҳаллии он метавонанд, воситаҳои ахбори омма дошта бошанд ва фаъолияти онҳоро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

6. Молу мулк ва фаъолияти молиявии ҳизб
6.1. Ҳизб метавонад дар ихтиёри худ иморатҳо, иншоот, фонди манзил, хоҷагиҳои ёрирасон, молу мулки таъиноти фарҳангиву маърифатӣ ва тандурустӣ, маблағи пули миллӣ, хориҷӣ ва асъору саҳмияҳо, дигар қоғазҳои қиматнок, корхонаҳое, ки мувофиқи қонунҳои мавҷуда худаш сохтааст, дигар амволе, ки барои таъмини моддии фаъолияти ҳизб лозим аст, дошта бошад.
6.2. Воситаҳои пулӣ ва молу мулки ҳизб аз ҳисоби узвият, пардохтҳои ихтиёрии шахсони алоҳида ва ташкилотҳо, даромад аз фаъолияти истеҳсолӣ, нашриётӣ ва даромадҳо аз чорабиниҳои дигар, ки қонун манъ намекунад, ташкил меёбанд.
Ҳангоми хориҷ шудан аз ҳизб пардохтҳои ихтиёрӣ баргардонида намешаванд. Тартиби истифодаи маблағҳои ба ҳизб воридшударо Кумитаи Иҷроияи Марказӣ муайян мекунад.
6.3. Фаъолияти молиявии ҳизб ва ташкилотҳои он тавассути Низомнома дар бораи тартиби фаъолияти молиявии ҳизб, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тасдиқ менамояд, амалӣ мегардад ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳудуди салоҳияти онҳо амалӣ гардонда мешавад. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбӣ бо назардошти шаффофияти фаъолияти молӣ ҳар сол буҷети худро барои маълумоти ҳамагон нашр менамоянд.

7. Азнавташкилдиҳӣ ва қатъи фаъолияти ҳизб
7.1. Азнавташкилдиҳии фаъолияти ҳизб мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Анҷумани ҳизб, ки онро бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул кардаанд, ба амал бароварда мешавад.
7.2. Фаъолияти ҳизб бо қарори Анҷуман, ки онро бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул кардаанд ё дигар ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, қатъ мегардад.
7.3. Амволи ҳизб баъди бо қарори Анҷуман барҳам хӯрдани он ба мақсадҳои хайрия сарф карда мешавад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

ЮСАСарфароз Фаттоҳзода — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

3-юми сентябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, номзади илмҳои филология (1997). Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (1998). Соли 1986 пас аз хатми мактаби миёнаи № 7 шаҳри Хуҷанд ба факултаи филологияи Донишгохи давлатии Хуҷанд дохил шуда, соли 1993 онро хатм кардааст. Солҳои 1993-1996 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсилро идома дода, соли 1997 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Соли 2015 факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи шаҳри Москваи Федератсияи Россияро хатм намудааст.  Аз соли 1994 дар вазифаҳои ҷамъиятиву давлатӣ фаъолият мебарад. Солҳои 1994-1995 ҳамчун муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони вилояти Суғд, солҳои 1995-1996 дар вазифаи ҷонишини мудири шӯъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Аз соли 1996 то моҳи декабри соли 1999 вазифаи ёвари Раиси вилояти Суғдро дар зимма дошт. Аз моҳи декабри соли 1999 то моҳи марти соли 2007 Сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд буд. Аз моҳи марти соли 2007 то моҳи марти соли 2008 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, аз моҳи марти 2008 дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, аз моҳи майи соли 2012 дар вазифаи Сардори Маркази таблиғот ва иттилооти Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  фаъолият бурда, 24 январи соли 2014  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шудааст. Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд (даъвати 2 ва 3). Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати 5).  Иштирокчии ҳамоишҳои байналхалқӣ дар Украина, Қирғизистон, Россия. Соли 2002 дар Академияи хизмати давлатиии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил намудааст.  Соли 2005 бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.  Оиладор, падари 3 фарзанд.

Ҷалилов Анвар

 

Ҳамкорӣ бо “Сипарони Ватан”

Бобоҷон Ғафуров. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» дар вилояти Суғд бахшида ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров Наимҷон Назаров, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» дар вилояти Суғд Ҳайдаров Аъзам, устоди Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Юлдошев Рустам, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан»-и ҷумҳурӣ Собириён Умарҷони Акрам иштирок намуданд. Маҷлиси тантанавиро Назаров Н. ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро

Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост

ХуҷандМуқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва тадбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою. ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дарбар мегирад. Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 25 октябри соли 2016 таҳти рақами 31 дар бораи гузаронидани аксияи вилоятии «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» ва

Омӯзиши Бахтномаи миллат

ИстиқлолДар доираи чорабиниҳои таҷлили 5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Истиқлол бо ҷалби ҷавонони фаъол машварати омӯзишии таърихи Конститутсияи тоҷикро доир намуд. Дар он омӯзгорони фанни таърих ба ҷавонон бобати таърихи пайдо шудани давлати Тоҷикистон ва Конститутсияи он маълумоти муфассал доданд. Зикр карда шуд, ки имсол бори аввал баъд аз раъйпурсии умумихалқии имсола Конститутсия дар шакли нав ҷашни худро пешвоз мегирад ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонанд бо тағийроту иловаҳои нав ба манфиати хеш истифода баранд. Аз ҷумла, худи ҷавонон қисмҳои навигариҳои қонуни асосии давлат барои пешравии ҳаёту фаъолияти ҷавононро таъкид намуданд. Ҳангоми мулоқот ба ҷавонон маводҳои тарғиботӣ дар бораи мавзӯъи мазкур тақсим карда шуд. Дар охири тадбир ба ҷавонон таклифи андешаронии хаттӣ дар ин бобат пешниҳод карда шуд. Яъне, ҷавонон метавонанд, ба Кумиҷроияи ҳизбии шаҳр дар бораи на танҳо Конститутсия, балки бо дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ ҳамарӯза муроҷиат намоянд.

Мактаби «Созандагони Ватан»

ИстаравшанБахшида ба 5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар назди ин ташкилот Мактаби «Созандагони Ватан» ташкил карда шуд, ки ҳоло дар навбати аввал дар ин мактаб 20 нафар аъзоёни созмон, ҷавононе, ки қобилияти баланди кордонӣ ва ташкилотчигӣ доранд ҷалб гардиданд. Мақсад аз ташкили ин мактаб дарёфти ҷавонони қобилиятнок буда, ба онҳо омӯзонидани малакаҳои гуногуни роҳбарӣ, бо интизомӣ, масъулиятшиносӣ, талаботи ягона нисбат ба коргарон ва ғайра мебошад. Ба мактаб устодони варзида, роҳбарони масъулиятшинос ҷалб карда шуда, онҳо ба шунавандагон доир ба таърихи ҲХДТ, сиёсатшиносӣ, равоншиносӣ, асосҳои иқтисодиёт, маърифатшиносӣ, роҳҳои барҳам задани муомилаҳои корӣ сабақ меомӯзанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик вохӯрии кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шунавандагон баргузор мегардад. Пас аз ба охир расидани омӯзиш ба шунавандагон сертификат дода мешавад.

Аёдати навбатӣ

Истиқлол. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол якҷоя бо ШВКД ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар арафаи Рузи Парчами давлатӣ аёдати чанд нафар ниёзмандон, шахсони яккаву танҳо ва маъюбонро ба роҳ монд. Аз ҷониби гурӯҳи ҳизбиён ба онҳо маводи хӯрока ва ёрии амалӣ расонида шуд. Аёдатшудагон дар навабати худ ба Ҳукумату ҲХДТ миннатдории худро барои ғамхорӣ ва эътибории доимӣ нисбати чунин шахсон баён карданд.