Daily Archives: 11.02.2017

ҲАЗОРСОЛА РАҲ АСТ АЗ ТУ ТО МУСАЛМОНӢ!…

Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?

 «Ман дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳоям доир ба оқибатҳои даҳшатбори экстремизм ва терроризм доим изҳори назар менамоям ва бори дигар таъкид месозам, ки ин хатарҳои муосир боиси харобии чандин кишварҳо ва ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон шуда, миллионҳо нафари дигарро беватан, бе манзили зист ва бе ҷою макон кардаанд. Мубориза ба муқобили ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣбояд фаъол бошанд.»

 Эмомалӣ Раҳмон. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии   Тоҷикистон. Душанбе. 27.01.2017.

Раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз сарҳади давлатҳоро  убур намуда, ба сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангҳои миллӣ таъсир мерасонад,  то андозае арзишҳои суннатии онҳоро низ тағйир медиҳад. Геополитикаи муосир барои як силсила кишварҳо агар «геополитикаи бедоршавӣ» (З. Бжезинский) арзёбӣ шавад, барои дигар кишварҳо ба геополитикаи яъсу ноумедӣ табдил ёфтааст. Иттиҳоду ҷиноҳҳои пешинаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ аз байн рафта, ба ҷои онҳо