Daily Archives: 31.12.2017

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ

Ҳамватанони азиз!

Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд. Зеро соле, ки сипарӣ мегардад, барои мардуми кишварамон