Daily Archives: 14.06.2018

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон – айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб поён меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад. Моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ — аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд. Муҳимтарин фазилати