Daily Archives: 18.08.2018

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд

САМАРҚАНД. Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба

Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

САМАРҚАНД. 18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошкент ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов

ТОШКАНД. 18-уми август дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатӣ ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов

ТОШКАНД.  18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот карданд. Дар

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат

ТОШКАНД.  17 августи соли 2018 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ҳурматли Мирзиёев Шавкат Мирамонович – Ӯзбекистон Республикасининг Президенти!
Дӯстони азиз!
Нахуст иҷозат фармоед, то бори дигар арзи сипоси самимии худро ба Шумо ва тамоми мардуми шарафманду дӯсту бародари ӯзбек барои истиқболи гарму меҳмоннавозии сатҳи олӣ ва таваҷҷуҳи хосса изҳор намоям. Бо истифода аз фурсати муносиб, дуруду пайғомҳои гарми мардуми Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо мерасонам. Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои сафари имрӯзаи мо мисли самараи боздиди таърихии бародари ман, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ»

ТОШКАНД. 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» дар барномаи

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТОШКАНД. 17 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд. Ба

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон»

ТОШКАНД. Нимаи дуюми рӯзи 17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони  «Истеҳсоли Тоҷикистон» боздид карда, бо намунаи

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

ТОШКАНД. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17-18 августи соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом пазируфт. Дар рафти мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ, гуфтугӯи ошкор ва созанда сурат гирифт, Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ,

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Ташаккур, муҳтарам Шавкат Миромонович,

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Ӯзбекистони бародар самимона ва сидқан изҳори миннатдорӣ намоям. Мо аз ин сафар бениҳоят хушнудем ва ба натиҷаҳои он аҳамияти махсус медиҳем. Тавре аллакай зикр гардид, аз рӯи натиҷаҳои музокироти имрӯза мо қарорҳои дорои аҳамияти таърихӣ қабул намудем. Ин қарорҳо заминаи пешбурди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳ ва шакли сифатан нав муайян мекунанд. Аз

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

ТОШКАНД.  Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадаҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд, ки дар он 26 санад ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии

Дар Форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон 11 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд

ТОШКАНД.  Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Интернешнл Ҳотел Тошканд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (International hotel Tashkent) Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон

Мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТОШКАНД.  Дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТОШКАНД. Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри «Куксарой» сурат гирифт. Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол