Monthly Archives: Январь 2019

Ҷаласаи ҷамъбастии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ
Дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” баргузор гардид.

Ифтитоҳи конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Кохи “Суғдиён”
Дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд қисмати ифтитоҳии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ назариявӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, ҷонишини Раиси ҲХДТ муҳтарама Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва устодону олимони варзида доир гардид.

Ҷавонон — нерӯи пешбарандаи ҷомеа
Муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зимни мулоқот бо хонандагони МТМУ №4 воқеъ дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт шарҳ дода шуд.

ЧАНД НУКТА АЗ МАҲФИЛИ РӮ БА РӮИ КАБИРӢ
Роҳбари Паймони милли Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тариқи гуфтугӯи рӯ ба рӯи худ сабабҳои ба хориҷ фирор карданашро изҳор дошта, ҳамаро ба сўхбати ошкоро даъват намудааст.

Паём – ҳуҷҷати ояндасоз
Дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи Фрунзе» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аҳолӣ мулоқот доир шуд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳия Солиева оид ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан кард.

Таҷлили Сада дар Деваштич
Сокинони ноҳияи Деваштич аз ҷашни Сада таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар маркази ноҳия намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, ғалладонагиҳо, ниҳол, асал ва маҳсулоти гӯштӣ ташкил карда шуд.

Санҷиши фаъолияти ТИ
Фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар минтақаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз санҷиш гузаронида шуд. Гурӯҳи кории КИ ҲҲДТ дар ноҳия бо роҳбарии роҳбари дастгоҳи кумиҷроия Зоҳидов, аз тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, гӯшаҳои ҳизбӣ ва фаъолияти ташкилотҳо дидан намуданд.

Паём – дастури созанда
Дар ташкилоти ибтидоии «Шифокор» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сада — мужда аз баҳор
Дар шаҳри Гулистон аз Иди Сада таҷлил намуданд. Аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои шаҳр дастархони идона ороста шуда, ин ҷашни аҷдодӣ бо риояи анъанаҳои миллӣ пешвоз гирифта шуд.

Таъсиси ТИ дар ноҳияи Ашт
Дар маркази саломатии Ҷигдаи ҷамоати деҳоти Ифтихор дар ноҳияи Ашт бо мақсади боз ҳам равнақ бахшидани корҳои ҳизбӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ҲХДТ ташкилоти ибтидоӣ созмон дода шуд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ зимни маҷлиси муассисони ҳизб Зубайда Норчаева интихоб гардид.

Ифтитоҳи конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Кохи “Суғдиён”
Дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд қисмати ифтитоҳии Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ назариявӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, ҷонишини Раиси ҲХДТ муҳтарама Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва устодону олимони варзида доир гардид.

КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо хонандагони сифҳои болоӣ
Дар доираи нақшаи ҳафтаинаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷадвали баргузории сӯҳбату вохӯриҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои болоии Гимназияи №1 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ баргузор гардид.

Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 25-уми январи соли ҷорӣ дар толори КИН ҲХДТ вохӯрӣ оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон,

Сарсабзии боз як гўшаи диёр
Дар гўшаву канори шаҳри Конибодом ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён доранд.