Daily Archives: 04.01.2019

логотипи ххдт

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади мавриди таҳқиқ ва омӯзиши амиқ қарор додани таърихи ҳизб, дастовардҳои он дар тӯли фаъолият, нақши роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон додани мақому мартабаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи муосир тасмим гирифтааст, рӯзҳои 30-31 январи соли 2019 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” баргузор намояд.

Президент

Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 5 октябри соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

ФаттохзодаҒ

Фаттоҳзода Саидмурод Самад – Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москва, ихтисоси журналист, ходими адабии рӯзнома ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа.

Бобочонова

Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

18 феврали соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист, ҳуқуқшинос хатм карда, доктори илмҳои филологӣ мебошад.

Мактаби одамият фото

Мактаби одамият

Фаттоҳзода Саидмурод Самад,
доктори илмҳои фалсафа,

Муовини якуми Раиси
Ҳизи Халқии Демократии Тоҷикистон

Бистуҳафт сол аз талошу мубориза, иқдомиҳои созандаву бунёдкорона сипарӣ мегардад, ки Ватани азизу маҳбубамон –Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолият, ки асли соҳибихтиёрии давлат ва рамзи хушбахтиву саодати мардуми тоҷик аст, шарафёб шуд. Инак бистуҳафт баҳор аст, ки дарахти тановари истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва дар авҷи нашъу намост.
Бояд ба як воқеияти таърихӣ эътироф кард, ки шаклгирӣ ва таҳкими истиқлолияти кишварамон бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи ногусастанӣ дорад. Бешак, истиқлолияти давлатӣ роҳи таърихии давлати моро дар самти ҷомеаи демократӣ, эътирофи сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян кард.
Барои расидан ба ин рӯзҳои хушу босаодат дар оғози истиқлолият кишвари моро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Солҳои ниҳоят сангину фоҷиабор ба сари миллати тоҷик омад. Алангаи оташи хонумонсӯзи ҷанг домани сарсабзи кишвари ободи моро месӯхт, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор ҷавонмардон шаҳид гаштанд, ҳазорон хонаҳо валангор, садҳо оила бесарпаноҳ, кӯдакони зиёд ятиму бепадар ва ҳудуди як миллион нафар фирорӣ шуданд. Касе уммед надошт, ки рӯзе дар Тоҷикистон ба ҷои садои тиру туфанг боз садои хандаи тифлони маъсум ба гӯш мерасад, ҷароҳатҳои ҷонкоҳи пайкари ба хун оғуштаи Ватан боз ба ҳам меоянд. Ин ҳолати даҳшатборро дар авҷи хунрезиҳои бародаркуш яке аз шоирони маъруфи вақт чунин ба риштаи тасвир кашида буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?…
Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?
Дар замоне, ки риштаи эътимоду боварӣ ва умед ба фардои нек бурида буд, ба бахти миллати мо фарзанди барӯманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни сиёсат қадами устувор гузоштанд ва нахустин паёме, ки ба мардум ироа гардид ин ҳарфҳои деринтизор буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин паём калиди кушоиши ҳама уқдаҳои сарбаста ва мушкилоти ҷомеаи мо буд ва дар навбати худ маромномаи фаъолияти ҳамонвақтаи Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, аз азми қавӣ ва ҷасорати фавқулода доштани роҳбари ҷавони давлати тоҷикон шаҳодат медод. Рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар он давра ин буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид. Имзо шудани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият аст, ки баъдан дар тамоми арсаҳо барои татбиқу роҳандозии барномаҳои азим заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст».
Хусусан, дар ин давра, ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ заминаҳои хеле устувор гузошта шуданд. Дар ин замина баргардонидани ҳудуди як миллион гуреза ба Ватан, аз чанги гуруснагӣ раҳонидани мардум, барқарор кардани офатҳои ҷанги шаҳвандӣ, бунёди манзилгоҳҳои харобгашта, роҳҳо, иншооти маъмурӣ ва таъиноти маишӣ, мактабҳо, беморхонаҳо аз ҷумлаи умдатарин вазифаҳои давлат буданд, ки бо муваффақона анҷом дода шуданд. Ҳамгироӣ, якдилӣ, ҳамраъйӣ ва муттаҳиду аҳлона зистан усулан баёнгари сиёсати сулҳхоҳона ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлат мебошад. Бо гузашти ду даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Ин аст, ки сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.
Хусусан, дар ин давра раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, ки аҳамияти бузурги иртиботию иқтисодӣ доштанд, дар сархатти барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифт, ки имрӯз самараҳои неки онро бо чашми худ мебинем. Ба таъбири дигар, ваҳдати миллӣ, ки сарҷамъиву муттаҳидӣ миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ин замина бунёди иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.
Ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик — истиқлолият танҳо дар охири асри XX насиби мардуми мо гардид. Ин давлати тозаистиқлол ва мустақилу соҳибихтиёр бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт, ҷилои тоза пайдо кард, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Бо ин мақсад, бо ҷасорату шуҷоати фавқулода ба ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созанда тарҳрезӣ шуда, низоми мукаммали давлатдорӣ ба вуҷуд омад. Фаъолияти созанда ва корсозиҳои ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти таъсиси Артиши миллӣ, пули миллӣ, қабули Суруд ва Гимни миллӣ гувоҳи равшани он аст, ки бо талошҳои пайваста ҷиҳати таҳкими аркони кишвардорӣ мақоми сазовори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Пояҳои давлатдорӣ, хусусан ҷанбаҳои бунёдӣ ва арзишии он дар мактаби сиёсӣ ва давлатдории миллии Роҳбари давлат бо шаклу мазмуни наву муосир такмил ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд роҳи минбаъдаи худро пайдо кард.
Тарҳрезии дурусти барномаҳои азими иқтисодӣ, хусусан бунёди корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди пахта, ришта, матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ, истеҳсоли семент, ангишт, нуриҳои маъданӣ, тилло, нуқра, сурма, инчунин рушди саноати сабук, ислоҳот ва таҷдиди соҳаи кишварзӣ аз ҷумлаи он тадбирҳои муҳиме буданд, ки барои тақвияту иқтидори иқтисодии кишварамон такони ҷиддӣ бахшиданд.
Илова бар ин, татбиқи пружаҳои дорои аҳамияти миллӣ дар самти энергетика барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии давлат – истиқлоли энергетикӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд. Бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, таҷдиди чархаҳои неругоҳҳои Норак, Сангтӯда ва Қайроқум ҷиҳати афзудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва махсусан бунёди неругоҳи бузурги аср – Роғун ба сароҳат аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Ба иборати дигар, бунёди Роғун, ки воқеан барои кишвари мо ба кохи муҳташами нур баробар аст, ба рушди босуръати иқтисодӣ ва ба маротиб беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон дар ояндаи наздик нақши ҳалкунанда дорад.
Дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва афзалиятнок баршумурдани он, ки ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида шудааст, яке аз самтҳои бунёдӣ ва усулии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бунёди донишкадаву донишгоҳҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишкадаву донишгоҳҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат — Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мир Сайидалии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ… ва дар ин замина гиромидошту тақдири устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии давлатӣ, яъне Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳодати вориси ҳақиқӣ ва аз табори бузургон будани Эмомалӣ Раҳмонро собит менамояд. Ин амали неку писандидаи ӯ барои ба вуҷуд омадани эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, бедории фитрӣ ва шинохтани таърихи ғанию пурифтихори халқи тоҷик мусоидат намуданд.
Пос доштани гузаштаи пурифтихор, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтиром гузоштан ба мероси фикрию маънавӣ ва идома додани ин рисолати шарифи инсонӣ ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва маънавӣ ва дар роҳи сохтани давлатсозӣ давлатдории навини миллии тоҷикон аҳамияти ниҳоят калон дорад, ки онро метавон сохтори мактаби сиёсии Президенти мамлакат номид.
Таҷлили бузургтарин ҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргону Сада дар сатҳи баланди давлатӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани «Шашмақом» — у «Фалак» меросдори тамаддуни бостонӣ, фарҳанги миллӣ ва ҳомии оину суннатҳои мардумӣ будани Роҳбари давлатро нишон медиҳад. Хусусан, ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтани ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, ба рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бедории миллии мардуми тоҷик мусоидат намуд, далели ин гуфтаҳост.
Танҳо қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баробарвазн бо як инқилоби фикрӣ ва маънавӣ мебошад. Шикасти таассубу хурофоте, ки садсолаҳо дар зеҳни мардуми кишвари мо таҳшин шуда буд, ниҳоят кори сангину душвор буд, ба воситаи ин қонун қолабшиканӣ шуда, мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ва саодату рифоҳи инсонӣ ҳидоят кард, ки бешубҳа яке аз дастовардҳои умдаи даврони истиқлолият ва аз тасмимҳои писандидатарини Пешвои миллати мо маҳсуб мешавад.
Бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд барои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ ва татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ дар ҷомеа заминаҳои мусоид эҷод кард. Хусусан, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар раванди сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол як падидаи наве буд. Ҳизб, бешубҳа ҳамчун мактаби низоми сиёсӣ дар ташаккули сиёсии шахс таъсири созанда дорад. Ҳоло ҳизби мо ҳудуди ниммиллион аъзо дорад ва нақши он дар тамоми арсаҳои ҳаёти ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос мегардад.
Дар маҳдудаи ин мақола оид ба мактаби одамияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудани чанд нуктаро низ муҳим мешуморам. Ӯ воқеан дар баробари яке аз сиёсатмадорони шинохташудаи сатҳи байналмилалӣ ҳамчун инсон –ниҳоят дилсӯзу меҳрубон ва раҳмдилу фурӯтан мебошанд. Ҷавонмардиву дарёдилӣ аз хосиятҳои фитрӣ ва модарзодии Пешвои мост. Маҳз ба ҳамин хотир, андешаву суханон, амалҳои неку созандаи Роҳбари давлат дар дилу дидаи мардум роҳ ёфта, дар ҷомеъа ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ки воқеан рисолати инсонии ӯст, эътироф шудааст.
Гузашта аз ин Пешвои миллат дар сатҳи сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста кӯшиш менамоянд, ки аз зовияи диди инсонпарварона бо назардошти манфиати халқу миллатҳои дигар низ тасмим бигиранд. Дар амалӣ намудани пуружаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, ба хусус тарҳҳое, ки ба истифодаи мунсифонаи об иртибот дошта, дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз масоили доғ маҳсуб мешавад, манфиатҳои кишварҳои ҳамҷавор ҳамеша ба назар гирифта мешавад. Ҳамин хислатҳои беназири Пешвои миллати мо боиси он гардид, ки масоили баҳсталаби минтақа бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёбанд ва имрӯз натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки ҷумҳурии мо бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои мутақобилан судманд дошта, бо вуҷуди баъзе пешгӯиҳои коршиносони хориҷӣ ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо роҳи осоишта комёб мегардад.
Ҳисси хайрхоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои бунёдии миллатҳои дигар имрӯз боиси он гардидааст, ки номи Сарвари давлати мо дар дигар кишварҳои минтақа низ бо эҳтиром ва муҳаббати хосса ёд мешавад. Дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл, бори нахуст ба Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон сурат гирифт, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми супоридани яке аз орденҳои арзишманди кишвараш «Эҳтироми сарзамини авлодӣ» («Эл юрт ҳурматӣ») хизматҳои арзишманди Роҳбари давлати тоҷиконро таъкид намуда, махсус зикр кард, ки маҳз пуртоқативу дурандешии Эмомалӣ Раҳмон заминаи устуворе барои дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ва дӯст, барқарор гардидани муносибатҳои таърихии ин ду миллати бародар фароҳам овард.
Ба қавли маъруф, Президенти мо — Эмомалӣ Раҳмон аз миёни мардум баромадааст. Ман дар ин хусус, чанд сол пеш дар мақолаи «Президенти мардумӣ» изҳори назар намуда будам. Танҳо инҷо ба нуктае ишора хоҳам кард, ки ин шахсияти бузург дар баробари роҳбари оқилу дурандеш ва ботаҷрибаву солор будан, инчунин одилу адолатпеша низ ҳастанд. Инро ман, ки солҳои зиёд ба ҳайси Ёвари Президент, Мудири Котиботи Президент, Мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар айни ҳол Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор карда истодаам, шинохтаам ва худро аз шогирдони содиқи мактаби бузурги сиёсӣ, давлатдорӣ ва одамияти Эмомалӣ Раҳмон медонам.

(бознашр аз «Минбари халқ»)

САҲИФАҲО АЗ ТАЪРИХИ ҲИЗБ

Нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).

***
12 июни соли1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид.

***
10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.

***
15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 номнавис намуд.

***
30 марти соли 1996 Анҷумани II Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

***
7 сентяби соли 1996 шумораи аввалини нашрияи ҳизб- рӯзномаи «Минбари халқ» аз чоп баромад.

***
25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.

***
18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард.

***
23 сентябри соли 1999 Анҷумани V ҲХДТ раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

***
25 декабри соли 1999 Анҷумани VI ҲХДТ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

***
22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа- давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян намуд.

***
21 декабри соли 2001 маҷлиси КИМ ҲХДТ дар асоси маърӯзаи Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигаргунсозиҳои куллӣ дар фаъолият ҳизби қарорҳои таърихӣ қабул намуд.

***
26 декабри соли 2003 маҷлиси КИМ ҲХДТ вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ-ро дар марҳилаи нав муҳокима кард.

***
22 октябри соли 2004 маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор шуд. Маҷлис суханронии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи рафти тайёрии ташкилотҳои ҲХДТ ба итихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунид. Оид ба чорабиниҳои КИМ ҲХДТ бахшида ба даҳумин солгарди ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва даъвати Анҷумани VIII ҲХДТ қарорҳои дахлдор қабул кард.

***
18 декабри соли 2004 Анҷумани VII ҲХДТ асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуд.
Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тасдиқ карда, ба Оинномаи ҲХДТ тағйиру иловаҳо ворид сохт.
***
21 декабри соли 2005 маҷлиси КИМ ҲХДТ маърӯзаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҲХДТ» шунида, қарорҳои дахлдор қабул кард.

***
Масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Низомнома дар бораи интихоби комиҷроияҳои ҲХДТ», «Низомнома дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ» ва дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

***
22 июни соли 2006 маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Маҷлис санаи баргузории Анҷумани IX ҲХДТ — 23 сентябри соли 2006-ро муайян намуда, рӯзномаи онро тасдиқ кард. 22 сентябри соли 2006 рӯзномаи электронии ҲХДТ- «Tribun.tj» ба фаъолият оғоз намуд.
***
23 сентябри соли 2006 Анҷумани IX Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Анҷуман як масъала-пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
Анҷуман дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона қарор қабул кард.
***
11 майи соли 2007 дар ноҳияи Ҳисор семинарии умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи «Тадбиқи дастуру супоришҳои Сарвари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон асоси таҳкими сафҳои ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа» баргузор гардид.
***
2-3 майи соли 2008 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ доир шуд. Дар машварат қарор дар бораи «Ба сарпарастии маънавӣ гирифтани сохтмони НБО-и Роғун аз тарафи ҲХДТ» қабул гардид.

***
9-10 октябри соли 2008 дар ноҳияи Рашт машварати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи «Сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ҳамчун омили асосии таҳкими ваҳдату суботи миллӣ» доир гашт. Дар машварат муроҷиатномаи фаъолзанони ҳизб ба ҳамаи бонувони кишвар қабул гардид.

***
15 августи соли 2009 дар ноҳияи Рӯшон семинари умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои муосири тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба маъракаҳои итихоботӣ» баргузор шуд.

***
28 декабри соли 2009 ба муносибати 15-умин солгарди ташкилёбии ҲХДТ Анҷумани Х ҳизб доир шуд. Дар ин Анҷумани таърихӣ 1900 нафар вакил аз ташкилотҳои ҳизбӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст, аз ҷумла «Единая Россия», «Оқ жол»-и Қирғизистон, «Нуротан»-и Қазоқистон, «Ени Озарбойҷон» ва Ҳизби Коммунисти Чин ширкат варзиданд.
Дар Анҷуман ба вазифаи пуршарафи Раиси ҲХДТ аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид.
Анҷуман инчунин аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 67 нафарро ба тариқи овоздиҳии ошкоро интихоб кард.
Дар ҳамин Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ ва қабул шуд.
Бо қарори Анҷумани Х ҲХДТ номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.
***
20 апрели соли 2011 Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ доир шуд. Дар маҷлис Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шавад.

***
27 июли соли 2011 Конференсияи якуми Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» доир гардид, ки дар он Оинномаи созмони номбурда тасдиқ ва аъзои Шӯрои марказии ТҶҶ ҲХДТ «Созандагони Ватан» интихоб шуданд.

***
5 октябри соли 2011 аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сохта ба истифода дода шуд.
Баъдан кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Сарбанд Хуросон, Ҷайҳун, Қубодиён, Фархор, Ҷиргатол, Файзобод, Ашт ва Айнӣ низ соҳиби чунин биноҳои маъмурӣ шуданд.

***

23 ноябри соли 2011 таҳти раёсати Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи васеи Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилони ҲХДТ дар маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар шунида шуд.
***
23 январи соли 2012 машғулиятҳои курси бозомӯзӣ барои раисони КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат баргузор гардида, то 28 январ идома ёфт. Баъди анҷоми курси бозомӯзӣ дар Маҷлиси васеи Раёсати КИМ ҲХДТ ба иштирокчиёни он сертификат супурда шуд.

***
30 августи соли 2013 таҳти раёсати Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Дар маҷлис аъзои КИМ ҲХДТ, Раёсат, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва як қатор шаҳру ноҳияҳо, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», масъулини ташкилоту идораҳои дахлдор ва намояндагони нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.
***
4 октябри соли 2013 Анҷумани XI ҲХДТ баргузор гардид. Вакилони Анҷумани ХI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарвари давлат, номзади ягона ва арзандаи ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
***
6 ноябри соли 2013 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботӣ ғолиб гардида, барои 7 соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
***
Рӯзҳои 12-15 майи соли 2014 бо ташаббуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзии фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он 72 нафар раисони комиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, масъулини Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд.
***
18 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси навбатии Кумитаи Иҷроияи Марказӣ доир гардид, ки дар он, аз ҷумла омодагии ҳизбиён ба таҷлили санаи фархундаи 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва тайёрӣ ба Анҷумани ХII ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
13 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1193 вакил, фаъолон, аъзои ташкилоти «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Анҷуман аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 79 нафар, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ иборат аз 15 нафар ва ҳайати Комиссияи марказии тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро иборат аз 7 нафар тасдиқ кард.
Вакилони Анҷуман якдилона Эмомалӣ Раҳмонро аз нав Раиси ҲХДТ интихоб карданд.
Инчунин дар Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ ва қабул шуд.
Бо Қарори Анҷумани ХII ҲХДТ 28 нафар номзад, аз ҷумла 11 нафар зан ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.

***
4 декабри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок доштанд.
Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, иброз доштанд, ки баъди Анҷумани XII ҳизб, ки дар моҳи декабри соли гузашта барпо шуда буд ва баъди баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ҷумҳурӣ ин ҷамъомади васеъ ва фарогири Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб маҳсуб меёбад, ки мо имкон дорем дар зимни он фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҳизбиаморо дар марҳилаи ҳозира мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳем.

Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд – ҳизб)ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, бароитаҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баландисиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишуғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ вафарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизб дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқиибайналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амалмекунад.
Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
1.1. Мақсад, вазифаҳо ва усулҳои асосии фаъолияти ҳизб
1.1. Ҳизб барои иттиҳоди нерӯҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кӯшиш менамояд.
1.2. Ҳизб бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, баҳри тараққиёт ва инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
1.3. Ҳизб метавонад дар ташаккул додани ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ширкат варзад.
Ҳизб мутобиқи Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ намояд ва фраксияи худро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ таъсис диҳад.
1.4. Ҳизб тарафдори ҳамкорӣ бо ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсию ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар мебошад, ки мақсадҳои барномавӣ ва оинномавии онҳо ба фаъолияти ҳизб мухолиф нестанд.

1.5. Фаъолияти ташкилии ҳизб дар асоси усулҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- умумияти ғоявӣ ва рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиатҳои ҳизб ва ҳар як узви он, интизоми бошуурона, баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳамаи аъзои ҳизб;
- эҳтиром ба ақидаи ҳар як узви ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоӣ, озодбаёнӣ дар фаъолият;
- интихобӣ будани ҳамаи мақомоти роҳбарии ҳизб аз поён то боло;
- ҳисоботи мунтазами мақомоти ҳизбӣ;
- интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои мақомоти болоӣ барои мақомоти поёнӣ;
- идоракунӣ ва роҳбарии дастҷамъии ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар як узви ҳизб барои иҷрои вазифаҳои худ ва супоришҳои ҳизбӣ.

1.6. Ҳизб манфиатҳои қонунии аъзои худро дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳимоя мекунад. Узвият дар ҳизб бо таблиғӣ фундаментализм (бунёдгароӣ), тоталитаризм (томгароӣ), экстремизми сиёсӣ, терроризм, ҷанг, зӯроварӣ созгор намебошад.
1.7.Ҳизб барои аъзоёнаш шаҳодатномаи ягонаи тасдиқкунандаи узвият дорад.

2. Узви ҳизб, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо
2.1. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф менамояд, узви ҳизб шуда метавонад.
2.2. Қабул, қатъ ва боздоштани узвияти ҳизб дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо дастгирии аксарият сурат гирифта, баъди тасдиқи қарори ташкилоти ибтидоӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.
2.3. Узви ҳизб наметавонад дар як вақт узви ҳизбҳои дигар бошад.
2.4. Шахсе, ки ба ҳизб дохил шудааст, бо роҳи супоридани ҳаққи аъзогӣ ва дигар шаклҳое, ки қонун иҷозат додааст, ба ҳизб ёрии молиявӣ мерасонад.
2.5. Узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ, ҷои кор ё макони истиқомат ба қайди ҳизбӣ гирифта мешавад. Тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи «Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.
2.6. Барои вайрон кардани интизоми ҳизбӣ ва меъёрҳои аҳлоқи ҷамъиятӣ, нисбати узви ҳизб чораҳои тарбиявии ҳизбӣ андешида шуда, ба ӯ огоҳӣ ё танбеҳ эълон карда, ба маълумоти мақомоти болоии ҳизбӣ расонида мешавад. Узви ҳизб аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо ташаббуси он, ё ташкилоти болоии ҳизбӣ, барои номувофиқ будани рафтору кирдораш ба талаботи Оиннома бо тарафдории аз нисф зиёди узви ҳизб, ки дар қайди ташкилоти ибтидоӣ мебошанд ва бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбӣ аз сафи ҳизб хориҷ карда мешавад.
2.7. Шахси аз сафи ҳизб хориҷкардашуда дар сурати норозӣ будан ҳақ дорад, дар давоми як моҳ ба мақоми болоии ҳизбӣ муроҷиат намояд. Узви ҳизб дар асоси аризаи шахсиаш ихтиёран аз ҳизб баромада метавонад.

2.8. Узви ҳизб ҳуқуқ дорад:
- ба ҳамаи мақомоти ҳизб интихоб шавад ва интихоб кунад;
- дар бораи фаъолияти ҳизб маълумоти пурра ба даст оварад;
- дар чорабиниҳое, ки ҳизб мегузаронад, ширкат варзад, мавқеи худашро муайян кунад, масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳизб, инчунин ҳаёти дохили ҳизбиро муҳокима намояд, дар таҳия ва амалӣ кардани қарорҳои ҳизб ширкат варзад;
- дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва таҳқири шаъну эътибораш аз пуштибонии сиёсии мақомоти ҳизбӣ истифода намояд, аз як ташкилоти ибтидоии ҳизб ба дигараш гузарад, узвияти худро дар ҳизб боз дорад ё ташкилоти ҳизбиро хаттӣ огоҳ намуда, аз он хориҷ шавад;
- аз тарафи ҳизб барои интихоб шудан дар мақомоти намояндагии ҳокимият пешниҳод намояд ва пешниҳод шавад;
- дар кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳо, ки мақсад ва фаъолияташон ба ҳадафҳои барномавии ҳизб мухолифат надоранд, иштирок намояд.

2.9. Узви ҳизб вазифадор аст:
- Оиннома ва Барномаи ҳизбро риоя намояд;
- дар қайди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бошад ва дар кори он фаъолона ширкат варзад;
- ҷиҳати амалӣ гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи ҳизб фаъолона иштирок карда, қарорҳои ҳизбро бечунучаро дар ҳаёт татбиқ намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа мубориза барад;
- дар тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ намуна бошад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ» аз даромади умумии моҳонааш як фоиз ҳаққи узвият супорад.

2.10. Узвият дар ҳизб дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- дар сурати ҷазои судӣ гирифтан;
- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо хоҳиши худ баромадан аз сафи ҳизб;
- аъзо шудан ба дигар ҳизби сиёсӣ;
- дар ҳолати фавт;
- дар ҳолати вайрон кардани талаботи Оинномаи ҳизб;
- дар ҳолати бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф гардидан.

2.11. Узвият дар ҳизб дар сурати гузаштан ба фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ боздошта мешавад.

3. Сохтори ташкилӣ ва демократияи дохилиҳизбӣ
3.1. Сохторҳои ҳизб дар асоси усули истеҳсолию ҳудудӣ созмон меёбанд.
Ба сохторҳои ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дохил мешаванд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд.
Бо ташаббуси узви ҳизб мумкин аст шӯрои раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, маҳфилҳои ҳизбӣ, марказҳои таблиғотӣ, шӯрои собиқадорони ҳизб, созмонҳои занон, ҷавонон ва дигар намудҳои иттиҳодияҳо ташкил карда шаванд.
3.2. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ тасдиқ карда мешавад.
3.3. Мақоми олии ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси умумӣ (конференсия) мебошад. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ як маротиба дар се моҳ, вале вобаста ба зарурат ҳар вақт даъват карда мешавад. Конференсияи Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ як маротиба дар ду сол даъват карда мешавад.
3.4. Барои пеш бурдани корҳои ҷорӣ маҷлиси умумӣ дар ташкилотҳои ҳизбие, ки то 30 нафар аъзо доранд, раис, дар ташкилотҳои ҳизбие, ки аз 30 то 300 нафар аъзо доранд — раёсат интихоб мекунанд. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбие, ки аз 300 нафар зиёд аъзо доранд, конференсия Кумитаи иҷроияи ибтидоиро интихоб мекунад. Ҳисоботи раис ва Раёсат дар маҷлиси умумӣ ҳар сол ва ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар конференсия як маротиба дар ду сол шунида мешавад.

3.5. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва Раёсат роҳбарӣ менамояд;
- дар маҷлисҳои умумии ташкилоти ибтидоӣ раисӣ мекунад;
- ташкилоти ибтидоиро дар маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ намояндагӣ мекунад;
- қабул, қатъ ва боздоштани узвият ба ҳизбро мутобиқи банди 9 Оиннома ба роҳ мемонад;
- дар асоси «Низомнома оиди тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бақайдгирии аъзои ҳизбро ба роҳ мемонад;
- протоколҳои маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоиро ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ пешниҳод мекунад;
- аз иҷрои қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ахборот пешниҳод менамояд;
- ҳаққи узвиятро сари вақт ҷамъ намуда, ба суратҳисоби Кумитаи иҷроия ирсол менамояд;
- нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоиро таҳия намуда, иҷрои онро таъмин менамояд.
3.6. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ вобаста ба зарурат, вале на кам аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад.
3.7. Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- конференсияи ҳизбро даъват менамояд;
- ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии дар ҳудудаш буда назорат мебарад;
- ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар маҷлисҳои умумӣ мешунавад;
- қарорҳои болоии ҳизбро дар амал татбиқ намуда, аз рафти иҷрои он ахборот пешниҳод менамояд;
- мутобиқи банди 3.2, 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоиро таъсис ва барҳам медиҳад;
- мақсадҳои Оиннома ва Барномаи ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;
- дигар салоҳиятҳоеро, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
3.8. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо назардошти вазифа ва шароитҳои фаъолият дар масъалаҳои муайян кардани сохтори худ, самтҳо ва усулҳои корӣ, мӯҳлат ва тартиби гузаронидани маҷлисҳои ҳизбӣ, чорабиниҳои ҳизбӣ, муносибат бо дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятиро бо ташкилотҳои болоии ҳизбӣ мувофиқа менамоянд.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои ҳизбро ташвиқу таблиғ намуда, вазифаҳои сиёсӣ, идеологӣ ва ташкилии ҳизбро дар корхонаю муассисаҳо ва маҳалли зист амалӣ мекунанд ва барои иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
3.9. Ташкилоти ибтидоии ҳизб дар асоси қарор, ки бо дастгирии аз се ду ҳиссаи аъзои дар қайди ин ташкилот буда қабул гардидааст, барҳам дода мешавад. Ҳамчунин дар сурати хилофи Оиннома амал кардани ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти он бо қарори кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ қатъ гардонида мешавад.
3.10. Ташкилоти ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро дар минтақаи алоҳида муттаҳид намуда, фаъолияти онҳоро роҳбарӣ ва назорат мекунад, бақайдгирии узви ҳизбро ташкил карда, корҳои ташкилиро оид ба иҷрои қарорҳои ҳизб дар коллективҳои меҳнатӣ ва ҷойи истиқомати шаҳрвандон, инчунин пешбарӣ намудани узви ҳизб ва ғайриҳизбиёнро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ амалӣ менамояд.
3.11. Мақоми олии ташкилотҳои ҳизбии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ – Конференсия мебошад, ки аз рӯи зарурат, вале камаш як маротиба дар дувуним сол даъват карда мешавад. Конференсия кумитаҳои иҷроия ва комиссияҳои тафтишотии ташкилоти ҳизбии вилоят, шаҳр ва ноҳияро интихоб мекунад. Сармуҳарирони нашрияҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар конференсияҳо интихоб мегарданд. Тартиби гузаронидани овоздиҳиро дар интихоботи мақомоти иҷроияи ҳизб конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муайян мекунанд.
Конференсияҳои вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб бо қарори кумитаи иҷроияи ҳизбии дахлдор даъват карда мешаванд.
3.12. Интихоби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар асоси Низомномаи тасдиқкардаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб сурат мегирад.
3.13. Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:
- иҷрои қарорҳои ташкилотҳои болоии ҳизбро дар амал татбиқ менамояд;
- фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро назорат менамояд;
- ҳисоботи раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоиро мешунавад;
- гурӯҳи вакилии ҳизбиро дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ташкил намуда, ҳисоботи раиси онро ҳар сол як маротиба мешунавад;
- конференсияи ҳизбро даъват менамояд;
- бо қарори муассисон дар ҷои кор ва макони истиқомати шаҳрвандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, мутобиқи бандҳои 3.2 ва 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода, онро барҳам медиҳад;
- баҳри дар амал татбиқ намудани мақсадҳои Оиннома ва Барномаҳои ҳизб чораҳои мушаххас меандешад;
- дар бораи қабул ба сафи ҳизб ва аз сафи ҳизб хориҷ намудан қарор қабул мекунад;
- дар ҳолати ба Оинномаи ҳизб мувофиқ набудани талаботи қарори ташкилоти поёнии ҳизб онро бекор менамояд;
- аъзои худро интихоб ва бозхонд менамояд;
- дигар салоҳиятҳое, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
Маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ даъват карда мешаванд.
3.14. Қарорҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ё мақомоти интихобии он дар ҳолате қабулшуда ба ҳисоб мераванд, ки агар ба тарафдории онҳо аксарияти аъзои дар қайди ташкилоти ҳизбӣ буда ё вакилони интихобшуда овоз дода бошанд.
3.15. Мақоми олии ҳизб Анҷуман мебошад, ки камаш як маротиба дар 5 сол даъват карда мешавад. Мӯҳлати даъвати Анҷуман, меъёри намояндагӣ ва рӯзномаи он аз тарафи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб на дертар аз 2 моҳ то гузаронидани Анҷуман эълон мегардад. Дар ҳолати зарурат Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ҳамчунин метавонад Анҷумани ғайринавбатиро даъват намояд.
Анҷуман дар ҳолати иштироки аз нисф зиёди вакилон барои қабули қарорҳои дахлдор ваколатдор мебошад. Тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҳизб бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони Анҷуман қабул карда мешаванд.
3.16. Анҷумани ҳизб бо роҳи овоздиҳии кушод ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол Раиси ҳизб, ҳайати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Комиссияи марказии тафтишотии ҳизбро интихоб мекунад, ба шарте ки он тартиби дигареро муайян накунад.

3.17. Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон:
- ҳисобот ва гузоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Комиссияи марказии тафтишотӣ, дигар мақомот ва шахсонеро, ки аз тарафи Анҷуман интихоб мегарданд, шунида, қарорҳои дахлдор қабул менамояд ва ба фаъолияти онҳо баҳо медиҳад;
- Барнома ва Оинномаи ҳизбро қабул намуда, ба онҳо тағйироту иловаҳо дохил мекунад;
- Парчам, Нишони ҳизб ва Низомномаи истифодабарии онҳоро тасдиқ менамояд;
- Намунаи шаҳодатномаи ягонаи ҳизбиро тасдиқ менамояд;
- фаъолияти ҳизбро дар соҳаи сохтмони ҳизбӣ, кори идеологӣ, сиёсати дохилӣ ва берунӣ муайян менамояд;
- мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳоро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд.
3.18. Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб барои назорати буҷаи ҳизб, фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ масъул аст. Комиссия дар асоси Оинномаи ҲХДТ ва Низомномае, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тасдиқ кардааст, фаъолият мебарад.

3.19. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ваколат дорад ки:
- ба Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати он роҳбарӣ кунад;
- ҳизбро дар дохили мамлакат ва берун аз он намояндагӣ намояд;
- ба рафти тайёр намудани масъалаҳое, ки дар Анҷуман бояд муҳокима шаванд, роҳбарӣ кунад;
- ба Анҷумани ҳизб миқдор ва ҳайати шахсии аъзоёни Кумитаи Иҷроияи Марказиро пешниҳод намояд;
- ба Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб номзадии муовини якум, муовинони Раиси ҳизб ва сармуҳаррири рӯзномаи ҳизбиро пешниҳод намояд;
- дар маҷлисҳои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб раисӣ кунад;
- ба қарорҳои Анҷуман ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб имзо кунад;
- аз номи ҳизб изҳорот диҳад, шартномаҳоро имзо кунад;
- ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ситодҳо ва мақоми матбуоти ҳизб роҳбарӣ кунад;
- ваколатҳои муовинонашро муайян намояд ва иҷрои баъзе салоҳиятҳои худро ба онҳо вогузор намояд;
- барои ҳалли масъалаҳои марбута фармоиш интишор намояд;
- номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаҳои раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин, масъалаи озод намудани онҳоро ба маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи (Конференсия)-и марбута пешниҳод намояд.
3.20. Дар ҳолати набудани Раиси ҳизб, иҷрои ваколатҳояш ба зиммаи муовини якум ё яке аз муовинонаш гузошта мешавад.

3.21. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб вазифадор аст:
- бо пешниҳоди Раиси ҳизб Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва муовинони Раисро интихоб кунад;
- сиёсати ҳизбро, ки Анҷуман муайян кардааст, дар амал татбиқ намояд;
- кори ташкилотҳои ҳизбиро ба ҳам мувофиқа намуда, самтҳои ҳамкории ҳизбро бо дигар ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муайян кунад;
- доир ба амалӣ гардонидани қарорҳои Анҷуман ва конференсияҳои ҳизб корҳои мушаххасро анҷом диҳад;
- дар асоси Оиннома кори дохилиҳизбиро ташкил намуда, ба ташкилотҳои маҳаллӣ расонидани ёрии ҳаматарафаро таъмин карда, мӯҳлати аз қайд гузаштани аъзоён ва ташкилотҳои ҳизбиро муайян кунад;
- таҳия ва мувофиқа намудани барномаи пешазинтихоботӣ ва пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳизб таъмин кунад;
- фаъолияти фраксияи парлумонии ҳизбро бо роҳи стратегии ҳизб мутобиқ гардонад;
- мақомоти матбуотии ҳизбро таъсис диҳад;
- Анҷумани ҳизбро даъват кунад;
- кумитаҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории дахлдори ҳизбиро ташкил кунад;
- низомнома, дастурамал ва маҷмӯи қоидаҳои ҳизбро тасдиқ намуда, ба он тағйироту иловаҳо ворид созад;
- ахбороти Комиссияи тафтишотиро оид ба сарфу харҷи маблағҳои молиявии ҳизб ҳамасола камаш як бор шунавад;
- барои таъминоти фаъолияти мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро таъсис диҳад.
3.22. Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар сурати зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
3.23. Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб (минбаъд – Раёсат) ва раёсати кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мақоми доимоамалкунандаи ҳизб мебошанд.
Раёсат дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.
Маҷлисҳои Раёсат дар вақти зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол аз тарафи Раиси Раёсат даъват карда мешаванд.
Дар сурати набудани Раиси ҳизб дар маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ муовини якуми Раиси ҳизб ба кори ҷаласа раисӣ мекунад.

Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ вазифадор аст:
- барои муайян намудани супоришҳои ҳизбӣ ситодҳо ва гурӯҳҳои махсуси ҳизбӣ ташкил намуда, нақша — чорабиниҳои онро тасдиқ намояд;
- дигар масъалаҳои рӯзмарраеро, ки дар давоми сол ба миён меоянд, баррасӣ намояд.
3.24. Ҳизб хабарҳои расмиро дар саҳифаҳои матбуоти худ ё дигар воситаҳои ахбори умум мутобиқи қонунҳои амалкунанда интишор мекунад.

4. Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ.
4.1. Мутобиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят, шаҳр ва ноҳия вакилон – аъзои ҳизб барои изҳори дастҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои пешазинтихоботии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фраксияи ҳизбӣ ва дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гурӯҳхои вакилии ҳизбиро таъсис медиҳанд.
4.2. Вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба ҳайати Фраксия ва гурӯҳхои вакилии ҳизбӣ шомил шаванд.
4.3. Бақайдгирии Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тибқи қонунгузорӣ сурат мегирад.
4.4. Узви ҳизб — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонад танҳо аъзои як фраксия ва ё гурӯҳи вакилӣ бошад.
4.5. Ба фаъолияти Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Раиси Фраксия, гурӯҳ ва муовинони ӯ роҳбарӣ мекунанд.
Раиси Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси ҳизб ва раисони гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ барои интихоб шудан пешниҳод менамоянд.
4.6. Ҳизб ва сохторҳои ташкилии Фраксия ва гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ ба фаъолияти босамари онҳо мусоидат менамоянд.
4.7. Узви Фраксия ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ӯҳдадор аст, ки дар фаъолияти серҷабҳаи вакилӣ (қонунгузорӣ, намояндагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳизбӣ) фаъолона иштирок намояд.
4.8. Фраксияи ҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар назди кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ҳар сол як маротиба ҳисобот медиҳанд.

5. Вазъи ҳуқуқии ҳизб
5.1. Ҳизб аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар бонкҳои Тоҷикистон суратҳисоб дошта метавонад, соҳиби мӯҳри мудаввар, гӯшамӯҳр, варақи рамзии худ буда, дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ баромад карда метавонад. Ҳизб дорои Парчам ва Нишони худ мебошад.
5.2. Ҳизб ва сохторҳои иҷроияи маҳаллии он метавонанд, воситаҳои ахбори омма дошта бошанд ва фаъолияти онҳоро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

6. Молу мулк ва фаъолияти молиявии ҳизб
6.1. Ҳизб метавонад дар ихтиёри худ иморатҳо, иншоот, фонди манзил, хоҷагиҳои ёрирасон, молу мулки таъиноти фарҳангиву маърифатӣ ва тандурустӣ, маблағи пули миллӣ, хориҷӣ ва асъору саҳмияҳо, дигар қоғазҳои қиматнок, корхонаҳое, ки мувофиқи қонунҳои мавҷуда худаш сохтааст, дигар амволе, ки барои таъмини моддии фаъолияти ҳизб лозим аст, дошта бошад.
6.2. Воситаҳои пулӣ ва молу мулки ҳизб аз ҳисоби узвият, пардохтҳои ихтиёрии шахсони алоҳида ва ташкилотҳо, даромад аз фаъолияти истеҳсолӣ, нашриётӣ ва даромадҳо аз чорабиниҳои дигар, ки қонун манъ намекунад, ташкил меёбанд.
Ҳангоми хориҷ шудан аз ҳизб пардохтҳои ихтиёрӣ баргардонида намешаванд. Тартиби истифодаи маблағҳои ба ҳизб воридшударо Кумитаи Иҷроияи Марказӣ муайян мекунад.
6.3. Фаъолияти молиявии ҳизб ва ташкилотҳои он тавассути Низомнома дар бораи тартиби фаъолияти молиявии ҳизб, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тасдиқ менамояд, амалӣ мегардад ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳудуди салоҳияти онҳо амалӣ гардонда мешавад. Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбӣ бо назардошти шаффофияти фаъолияти молӣ ҳар сол буҷети худро барои маълумоти ҳамагон нашр менамоянд.

7. Азнавташкилдиҳӣ ва қатъи фаъолияти ҳизб
7.1. Азнавташкилдиҳии фаъолияти ҳизб мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Анҷумани ҳизб, ки онро бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул кардаанд, ба амал бароварда мешавад.
7.2. Фаъолияти ҳизб бо қарори Анҷуман, ки онро бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул кардаанд ё дигар ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, қатъ мегардад.
7.3. Амволи ҳизб баъди бо қарори Анҷуман барҳам хӯрдани он ба мақсадҳои хайрия сарф карда мешавад.

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН (Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020)

Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
(Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020)

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (минбаъд — ҲХДТ) зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. ҲХДТ дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош хоҳад кард.
Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб бармеояд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ин ҳадафҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳизб тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.
Мо ҷиҳатҳои мусбати таҷрибаи солҳои қаблиро ба роҳбарӣ гирифта, бо дарназардошти натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар, татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2015 ва истифодаи дигар имкониятҳои бузурги захиравӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тамоми нерӯи худро равона месозем.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ

ҲХДТ раванди инкишофи бонизоми иқтисодиётро ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дастгирӣ менамояд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҲХДТ пешбурди ҳафт самти афзалиятнокро то солҳои 2020 ҳадафи асосии худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо ҷидду ҷаҳд мекунад.
1. Такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро таъмин менам/яд.
Барои татбиқи ин ҳадаф ҲХДТ иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад:
- беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, инчунин баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва сифатнок пешкаш намудани хизматрасониҳо;
- мусоидат ба иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ва қабулу татбиқи барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030;
- бо дарназардошти иҷрои нишондиҳандаҳои барномаҳои қабулшуда таъмин намудани тавозуни сиёсати макроиқтисодӣ бо сиёсати рушди соҳавии иқтисодиёт ва маҳдуд кардани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ;
- пешгирии таъсири омилҳои манфии сиёсати иқтисодии ҷаҳони муосир ва таъмини рушди босуботи иқтисоди миллӣ;
- ҷорӣ намудани механизми гузариши иқтисодиёти кишвар аз зинаи аграриву индустриалӣ ба зинаи индустриаливу аграрӣ бо роҳи ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, аз ҷумла рушди саноати истихроҷи маъдан, саноати металлургияи ранга ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ аз онҳо, инчунин саноати сабук ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
- гузариш аз роҳҳои анъанавии истеҳсолот ба усулҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус дар саноат ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ бо роҳи ташкили технопаркҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- истифодаи самараноки захираву манбаъҳои барқароршаванда ва рӯ овардан ба “иқтисоди сабз” бо мақсади ғамхорӣ ба наслҳои ояндаи миллат;
- паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи дастгирии давлатии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироатҳои серҳосил ва чорвои хушзот;
- самаранок истифода бурдани заминҳои корам, алалхусус заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда;
- таъмин намудани рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазир, ислоҳоти равандҳои истеҳсолӣ, обёрӣ, заминдорӣ ва идоракунии соҳа, инчунин зиёд кардани ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда тавассути такмили механизмҳои хоҷагидорӣ;
- ҷорӣ намудани механизми ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ;
- коҳиш додани тамоюли манфии гардиши савдои хориҷӣ ва суръат бахшидан ба раванди диверсификатсияи содироти кишвар;
- бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ мутобиқ гардонидани иқтисодиёти кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ;
- баланд бардоштани мавқеи соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти миллӣ.

2. Ҷиҳати таъмини рушди комплекси энергетикии мамлакат ҳамчун омили бунёдии рушди устувори иқтисодӣ ҲХДТ иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад:
- ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат тавассути сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва дигар силсиланерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна;
- бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои Норак, Сарбанд, Қайроққум ва иншооти дигар;
- зиёд кардани сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи мамлакат ҳамчун омили калидии рушди иқтисоди миллӣ;
- амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла хатти минтақавии «CASA-1000»;
- таъмини рушди комплекси энергетикиву сӯзишвории мамлакат тавассути инкишоф додани соҳаи саноати ангишт ва истихроҷи нафту гази ватанӣ;
- таъмини пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо гармӣ ва барқ тавассути сохтмони марказҳои барқу гармидиҳӣ.

3. Таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишварро ҳамчун омили тараққиёт эълон дошта, ҲХДТ амалӣ гардидани чорабиниҳои зеринро пайгирӣ менамояд:
- таъмини рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии онҳо;
- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои мамлакат;
- таҳкими фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо, такмили низоми буҷет ва таъмини уҳдадориҳои иҷтимоӣ;
- ҷорӣ намудани механизмҳои нави иқтисодии ташаккули буҷети ҷамоатҳо, инчунин дарёфти роҳҳои таъмини худкифоии буҷети шаҳру ноҳияҳо;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти деҳот тавассути дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, инчунин ҷойгиркунии корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо дарназардошти боз ҳам беҳтар ва самаранок истифода намудани захираҳои ашёи хом, қувваҳои истеҳсолӣ ва дигар имконоту хусусиятҳои минтақа.

4. Пешбурди сиёсати самараноки молиявӣ ҷиҳати таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда
Дар ин замина ҲХДТ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:
- истифодаи буҷети давлатӣ ҳамчун воситаи муҳимми батанзимдарорандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;
- назорати иҷрои мақсадноки хароҷоти давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо дар тамоми ҷузъҳои низоми буҷетии мамлакат;
- афзун намудани даромади буҷети давлат бо роҳи такмили низоми андозбандӣ ва муайян кардани тадбирҳои ҳавасмандгардонии андозсупорандагон ва маъмуригардонии андозҳо;
- таъмини устувории қурби асъори миллӣ бо роҳи татбиқи сиёсати самараноки молиявию қарзӣ;
- тақвияти фаъолияти низоми бонкӣ, таъмини пардохтпазирӣ ва эътимоднокии бонкҳо, дастрасии мизоҷон ба қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои муносиб, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ;
- танзими фаъолияти мақомоти андоз барои дастгирии рушди соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти васеъшавии манбаъҳои андозбандӣ;
- ташкили механизми ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати нигоҳдории пасандозҳо дар бонкҳо ва истифодаи гардиши самараноки онҳо барои иқтисоди миллӣ;
- тавсеа ва рушди бозори молиявии мамлакат мутобиқ ба талаботи иқтисодиёти кишвар.

5. ҲХДТ ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкориро ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт дар маркази барномаи ҳизб қарор дода, фаъолияти худро ба самтҳои зерин равона менамояд:
- андешидани тадбирҳои мушаххас бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ тавассути такмили низоми қонунгузорӣ ва пешниҳоди кафолати сармоягузорӣ ва созишномаҳои сармоягузорӣ;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ барои вусъатбахшии рушди соҳибкории истеҳсолӣ;
- татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва истеҳсоли молу маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ;
- дастгирии ҳамаҷонибаи рушди бахши хусусӣ бо мақсади ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ;
- дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкории истеҳсолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ;
- кам кардани санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо роҳи тақвияти ислоҳоти низоми санҷиш, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ;
- таъмини истифодаи шаффофу самаранок ва мақсадноки маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат ба афзоиши ҳаҷми маблағҳои он;
- таъмини рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун равзанаи иртиботи иқтисодиёти мамлакат бо иқтисоди ҷаҳонӣ, риояи тартиби воридоти бемонеаи сармоя ва техникаву технологияҳои муосир ба иқтисодиёти кишвар.

6. ҲХДТ инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани онро бо шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун идомаи татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дониста, иҷрои чунин корҳоро зарур мешуморад:
- сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан, сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ;
- суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории аҳаммияти дохиливу минтақавидошта, ки имкониятҳои транзитии кишвар ва ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалиро боз ҳам афзун мегардонанд;
- ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ, ки имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд;
- идомаи ислоҳот ва татбиқи саривақтии барномаҳои қабулшудаи соҳаи нақлиёт, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳои нақлиётӣ.

7. ҲХДТ дар самти беҳбудии идоракунии давлатӣ ва тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд чунин вазифаҳоро мувофиқи мақсад мешуморад:
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ;
- густариши татбиқи механизмҳои ба мувофиқа расонидани афзалиятҳои рушд дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ;
- суръат бахшидан ба раванди татбиқи барномаи “ҳукумати электронӣ” ва таъмини шаффофияти фаъолияти он;
- таъмини идоракунии истифодаи самараноки амволи давлатӣ;
- андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии фаъолият дар хизмати давлатӣ.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ

1. Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ. Дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад.
ҲХДТ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ медиҳад:
- таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат;
- тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;
- таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар;
- пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият;
- тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо;
- таъмини рушду устувории иқтисодиёти кишвар;
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ;
- пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла намудҳои муташаккили он;
- мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир;
- мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ.

2. Идораи давлатӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҷаҳони муосир таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва тақвияти пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ҲХДТ дар панҷ соли оянда ба шумор мераванд.
Бо мақсади ҳарчи беҳтар кардани муносибатҳои байни шахсият, ҷамъият ва давлат дар марҳалаи нави тараққиёти мамлакат ҲХДТ ҷонибдори идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан дар раванди демократикунонии ҷомеа мебошад. Барои ин ҲХДТ:
- сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлату ҷомеа арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷиконро яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор медиҳад;
- ташкили интихоботи шаффофу демократӣ, рақобати озоди аҳзоби сиёсӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногунандешии сиёсиро, ки ба ташаккули равандҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунанд, ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд;
- ҳамчун ҳизби созанда ва бунёдкор аз арзишҳои милливу умумибашарӣ, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷонибдорӣ мекунад;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, вазифаи муқаддаси худ мешуморад.
- нақши мусбати ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими арзишҳои демократӣ таъкид намуда, ба ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии кишвар, инчунин таъмини шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили низоми гуногунандешии сиёсӣ мусоидат менамояд;
- ислоҳоти мунтазами низоми ҳокимияти давлатиро ҳамчун механизми муҳимми таъминкунандаи фаъолияти самарабахши идоракунии давлатӣ арзёбӣ мекунад;
- дар замони афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ ва шиддат ёфтани мубориза ва рақобати давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои геополитикиашон таъмини тамомияти арзӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдо¬рии сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ ҳисоб мекунад;
- дар масъалаи муносибат ба дин ва озодии виҷдон сиёсати худро бар асли дунявият, эҳтироми муқаддасоти динӣ, ҳамкориҳои созанда бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои динӣ ба роҳ монда, ба хотири ҳифзи анъанаҳои мазҳабӣ, суннати таҳаммулгароӣ, мероси фарҳангии динҳо, озодандешии таърихии миллӣ ва муколамаи ғояҳо саъю талош мекунад.
- ҳама гуна зуҳуроти таассуб, радикализм, терроризм ва ифротгароии хушунатомези диниву мазҳабиро маҳкум намуда, дар ин масъала фарҳанги таҳаммулгароӣ ва озодандеширо омили муҳимми худшиносии миллӣ меҳисобад.

3. Ислоҳоти кадрӣ ва сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия. ҲХДТ зимни амалӣ намудани ислоҳоти сиёсати кадрӣ хислатҳои зерини шахсиро муҳим мешуморад:
- садоқат ба Ватан ва мардуми кишвар;
- дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлатӣ ва умумимиллӣ;
- салоҳиятнокӣ ва маҳорати баланди касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва зеҳниву таҳлилӣ;
- ҳисси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ;
- оштинопазирӣ нисбат ба амалҳои коррупсионӣ;
- инсондӯстӣ ва риояи адолати иҷтимоӣ;
- фарҳанги баланди маънавию сиёсӣ;
- ахлоқи ҳамида.

4. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон. ҲХДТ ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро ба ҳаёт, қадр, номус, шаъну шараф, озодии сухан, баёни андеша ва монанди инҳо эътироф ва эҳтиром намуда, ба таъмини онҳо мусоидат менамояд.

5. Муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ. ҲХДТ тамоми нерӯ ва имконоти худро ба ҳифзи фазои солими сиёсӣ, гуногунандешӣ, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни ҳизбҳо, гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа равона месозад.

6. Таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон. ҲХДТ суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд.

7. Амнияти миллӣ. ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза хоҳад бурд.
Дар самти амнияти миллӣ ҲХДТ масоили зеринро муҳим мешуморад:
- барои ҲХДТ амнияти шахсии ҳар як шаҳрванд муқаддас аст. Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аз авлавиятҳои миллӣ ва омили муҳимми рушди устувори ҷомеа, шарти ҳаёти иҷтимоии сазовор ва шоистаи мардум ҳисобида мешавад;
- ҲХДТ таассуби диниро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешӣ дониста, эҳё ва рушди анъанаҳои таърихии озодандешии миллиро дар баробари даъвоҳои сиёсиву мафкуравии бунёдгароёнаи динӣ, ҳизбӣ ва гурӯҳӣ барои пойдорсозии ҳувияти миллӣ василаи таҳкими аркони давлатдории дунявӣ ва имкониятҳои фарҳангии ҷомеа дар масъалаҳои амнияти иттилоотии кишвар зарурати ҳаётӣ мешуморад;
- ҲХДТ ҳамчун асосгузори принсипи дунявият дар кишвар ҳамкориро бо ҳизбу ҳаракатҳои ҳаммонанди сиёсии дохиливу хориҷӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири густариши арзишҳои умумиинсонӣ дар маънавиёти ҷомеа ва бунёди инфрасохтори амнияти ҷамъиятиро аз самтҳои стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравии худ меҳисобад;
- ҲХДТ зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастиро қабул надорад. Бинобар ин, бегонашавии маънавии баъзе гурӯҳҳои ҷавононро дар заминаи ифротгароии мафкуравӣ омили хатарнок ҳисобида, ин тамоюлро яке аз сабабҳои гаравидани онҳо ба ҳаракатҳо ва созмонҳои диниву террористии байналмилалӣ мешуморад. Аз ин ҷиҳат, ҲХДТ ҳалли масъалаҳои маънавӣ ва тарбияи худшиносии миллии мардум, хусусан ҷавононро дорои хусусият ва аҳаммияти амниятӣ дониста, мақом ва нақши ниҳодҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии давлатиро дар ин ҷода аввалиндараҷа меҳисобад;
- ҲХДТ давлатро ҳомии асосии ҳуқуқу озодиҳои динӣ медонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ифротгароии сиёсӣ ва диниро ҳамчун мубориза ба муқобили дин ё поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон намеҳисобад. Ин мубориза ба хотири амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ кардани қурбонсозии фарзандон барои манфиатҳои нерӯҳои беруна мебошад. Аз ин ҷиҳат, ҲХДТ ҳамкории худ ва давлатро бо иттиҳодияҳои динӣ ба хотири таъмини муҳити солими диндорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ амри зарурӣ медонад;
- иқтидори бахшҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи миллии ба ҷаҳонбинии илмӣ асосёфта равона мегардад ва ҳамзамон бо ин, ҳизб ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёну ҳаракатҳое, ки ба амнияти давлат, миллат, ҷомеа ва сохти конститутсионии Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, пайваста талош меварзад.

8. Омили инсонӣ дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ. ҲХДТ барои рушди омили инсонӣ дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ татбиқи барномаҳои афзалиятноки қабулшуда ва таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро барои афзоиши нерӯи инсонӣ дар кишвар, инчунин тарбияи шахсияти худогоҳу ватандӯст, соҳиби илму маърифат ва донишу ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад.

9. Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. ҲХДТ бо мақсади рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани нақши он дар байни аҳолии кишвар барои ҳамкории ҳамешагии ҳокимият бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ кӯшиш менамояд, муколамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро ба хотири ҳифзи манфиатҳои олии давлатӣ тавсеа бахшида, ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳангии он мусоидат менамояд.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

ҲХДТ идома додани сиёсати «дарҳои кушода» ва стратегияи бисёрсамтиро ба хотири ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои татбиқ намудани стратегияҳои асосии рушди кишвар ҷонибдорӣ менамояд.
Дар пайравии талошҳои дар ин самт суратгирифта ҲХДТ муътақид аст, ки мисли пештара ҳимоят аз амнияти миллӣ ва тамомияти арзии кишвар, суботи сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеа дар шароити таҳаввулоти босуръат ва пуртуғёни арсаи байналмилалӣ бояд аз умдатарин ҳадафҳои сиёсати хориҷии ҳизб боқӣ монад.
Аз ин рӯ, тақвият ва таҳкими ҳамгироӣ бо шарикони боэътимод ва санҷидаи стратегӣ, иштироки фаъол дар равандҳои таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва бо ҳамин роҳ ноил шудан ба ҳимояту ҳифозати субот дар кишвар ва минтақа ба ҳайси вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии мамлакат маҳсуб хоҳанд шуд.
Дар айни замон саъю кӯшишҳои мушаххас ҷиҳати рушди устувори кишвар, татбиқи тарҳу барномаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва дар ин замина беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии мамлакат ҷанбаи дигар ва ҳамешагии муҳимтарини сиёсати хориҷии кишварро ташкил намуда, бояд ҳадафмандона идома дода шавад, ки он таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамёриро бо кишварҳои шарики анъанавии мо тақозо мекунад.
Дар ин росто, ҳамкории босамар ва муваффақонаи Тоҷикистон бо созмонҳои мухталифи байналхалқӣ, аз ҷумла ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ низ дар сархати муносибатҳои хориҷии мо қарор гирифта, бояд саъю талошҳои моро дар самти таъмини равобити фаъол, мутавозин ва созанда бо ҳамкорони байналмилалӣ мукаммал гардонанд.
Дар маҷмӯъ сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ба андешаи ҲХДТ, бояд таҷассумгари ормонҳои ҷомеаи муосири кишвар ва табиати сулҳҷӯёнаи он гашта, мақому манзалати шоиста ва эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нишондиҳандаҳои омори иқтисодиву иҷтимоӣ сол ба сол рушд меёбад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавии асоснок аҳаммияти аввалиндараҷа касб намуда, тавассути онҳо барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ имконият фароҳам меояд.
ҲХДТ бо мақсади амалӣ гардонидани тадбирҳои муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард иҷрои вазифаҳои зеринро зарур мешуморад:
- мусоидат намудан ба таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳраку деҳот, бахусус, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ, обрасонӣ, фарҳангу варзиш ва ғайра;
- ташаккули минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии шарикии иҷтимоӣ байни кордиҳандагон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, пеш аз ҳама, беҳтар намудани дастрасии духтарон ва занон ба таҳсилот;
- таъмини ҳамгироии фаъолияти роҳбарӣ ва соҳибкорӣ дар барномаҳои таҳсилоти касбӣ;
- зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла бозомӯзии онҳо.
ҲХДТ минбаъд низ ташаббусу ибтикороти ҷавонону занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми онҳо дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад ва дар маҷмӯъ кӯшиш менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд. ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии онҳо кӯшиш мекунад.

1. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ. ҲХДТ дар панҷ соли гузашта муваффақ гардид, ки дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тағйироти мусбат ворид созад. ҲХДТ ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва масъулияти шахсии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дигар мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, инчунин бахши хусусӣ ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва ҳифзи ҳуқуқи заҳматкашон ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо ҲХДТ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:
- паст кардани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ;
- омӯхтани талаботи бозори меҳнати давлатҳои қабулкунанда ва дар асоси ин талабот тайёр кардани мутахассисон;
- мутобиқ гардонидани қонунҳои амалкунандаи мамлакат оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо қонунгузории кишварҳои хориҷа;
- чораҷӯӣ доир ба қабули шартномаи суғуртаи иҷтимоӣ барои муҳоҷироне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонии хизматрасонӣ;

2. Тандурустӣ. Солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.
Ҳамзамон бо ин, ҲХДТ барои рушди минбаъдаи соҳа ҳалли масъалаҳои зеринро зарур мешуморад:
- татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо;
- баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳои муқарраргардида мутобиқ намудани муассисаҳои соҳа, марҳала ба марҳала аккредитатсия кардани онҳо, ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат, дастгирӣ ва инкишофи тибби хусусӣ, рушди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта, таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим;
- тақвият бахшидан ба ислоҳоти соҳа, ворид намудани механизмҳои нави маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузорӣ барои ҳар як ҳолати табобат дар беморхонаҳо, инчунин ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ;
- рушди шабакаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тибби фосилавӣ, вусъат бахшидан ба компютерикунонии муассисаҳои тандурустӣ;
- дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ муваффақ гардидан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ;
- такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои тиббӣ дар асоси истифодаи таҷҳизот ва технологияҳои тиббии муосир;
- амалӣ намудани механизми нави таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин таҳияи стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва барномаи давлатии дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор;
- фарогирии кӯдакони маъюб бо барномаҳои солимгардонӣ ва дастрасӣ ба маводи кумакрасон, таҳияи стратегияи рушди саломатии кӯдакону наврасон дар давраи то соли 2020.

ДАР САМТИ РУШДИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ рушди илму маориф ва фарҳанги миллиро самти афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат муайян намуда, пешрафти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишварро бо ин соҳаҳо алоқаманд медонад. ҲХДТ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои мақсадноки роҳбарияти олии мамлакат дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ҳамеша ҷидду ҷаҳд менамояд.
ҲХДТ дар бахши сиёсати иҷтимоии худ доир ба рушди илму маориф саъю талош мекунад, ки дастовардҳои илмӣ давра ба давра дар амал татбиқ карда шаванд. Аз ин ҷиҳат, сохторҳои ҳизбӣ ин масъалаи муҳимро дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, зарур мешуморанд, ки на камтар аз сеяки даромади буҷет барои бунёди инфрасохтор, таъмини технологияҳои нав, рушди нерӯи инсонӣ ва истеҳсолии соҳаи илму маориф сафарбар карда шавад.
ҲХДТ дар масъалаи тақвият бахшидан ба тарбияи кадрҳои болаёқат, омода намудани заминаҳои моддиву техникии тадқиқоти илмӣ, ҳамкории бахшҳои илму маориф ва пайвастани илму истеҳсолот таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад ва дар амри амалӣ шудани ин ҳадафҳо бевосита саҳмгузорӣ менамояд.
Дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифта, ҳамкории доимии олимону устодон бо сохторҳои илмиву таълимии кишварҳои ҷаҳон тавсеа меёбад ва барои истифодаи технологияҳои нав ва дастовардҳои пешқадами илмӣ имконияти васеъ фароҳам оварда мешавад.
Идомаи иқдомҳо барои ҷустуҷӯ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ дар соҳаи илму маориф низ аз самтҳое мебошад, ки ҲХДТ дар ҷараёни фаъолияти худ онро ҳамеша пайгирӣ мекунад.
Дар масъалаи эҳё намудан ва тараққӣ додани фарҳанги миллӣ ҲХДТ, пеш аз ҳама, ба суннати ниёгон ва арзишҳои фарҳангии гузаштагони пурифтихори худ такя мекунад. Дар айни замон, дар асоси принсипҳои таҳаммулгароӣ ва муносибати хайрхоҳона ба андешаҳои фарҳангӣ, ақидаҳои адабиву бадеӣ ва диниву эътиқодии қавму миллатҳои дигар бо эҳтиром муносибат мекунад ва ба онҳо арҷ мегузорад.
ҲХДТ таҷрибаи таърихӣ ва дастовардҳои муосири фарҳангҳои дигарро, ки арзишҳои инсондӯстона ва ҷаҳонбинии пешқадами илмиро инъикос мекунанд, дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, дар бахши фарҳанг ба нашри осори гаронбаҳои гузаштагон, таблиғи симои қаҳрамонону шахсиятҳои барҷастаи миллӣ арҷ гузошта, низоми пойдори ахлоқиву тарбиявии суннатӣ, фалсафаи ирфонии миллӣ ва шинохти воқеъбинонаи орзуву ормонҳои халқро тавсеа мебахшад. Консепсияи ҷашни миллии Наврӯзро ҳамчун арзиши фарҳангӣ эътироф карда, онро бо камоли эҳтиром ҳифз менамояд ва вобаста ба шароити нав зина ба зина такмил медиҳад.
ҲХДТ барои рушди эҷоди асарҳои бадеӣ ва ҳунарӣ, таҳияи филму намоишномаҳо талош карда, дар самти дарки дурусти асосҳои диниву эътиқодӣ, дурӣ ҷустан аз ҳаракату равияҳои номатлуб, тарғиби завқи баланди зебоишиносӣ ва инсондӯстӣ дар миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро густариш мебахшад.

1. ҲХДТ дар бахши маориф татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад:
- афзалияти соҳаи илму маориф ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат;
- дастрасии таҳсилоти босифат, аз ҷумла таҳсилоти олӣ барои ҳамаи намояндагони гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа;
- баланд намудани мақоми кормандони соҳаи илму маориф, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо;
- бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ инкишоф додани зинаи таҳсилоти томактабӣ ва азнавсозиву бунёд кардани муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби давлат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, оилавӣ, шахсони эҳсон¬кор, таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмини муассисаҳои мазкур бо маводи таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, дастгирии молиявию методии онҳо ва гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ;
- таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла муҷаҳҳаз намудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо технологияҳои муосири таълимӣ;
- пурра таҷдид кардани мазмун ва муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва таҳияву таълифи китобҳои дарсии давраи нав, инчунин мутобиқ гардонидани мазмуни онҳо ба Стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ ва синнусолӣ бо риояи арзишҳои ғоявии милливу байналмилалӣ;
- таъсис додани марказҳои таълимиву истеҳсолӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонидани устохонаҳои муассисаҳои таълимӣ;
- таъмини дастрасӣ ба шабакаи интернет дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ;
- ба роҳ мондани низоми мукаммали такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
- таҳкими пояҳои моддиву техникии литсейҳо ва коллеҷҳо, таъмини онҳо бо маводи муосири таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, азнавсозии устохонаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва ба коргоҳҳо табдил додани онҳо, ба корфар¬моён вобаста кардани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷониби онҳо бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои зикршуда;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъсиси паркҳои технологӣ ва истифодаи онҳо барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
- стандартизатсияи давлатии барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ;
- тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат омода намудани мутахассисон, таҷдиди назар намудани ихтисосҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва бо ин мақсад таҳия кардани моделҳои гуногуни тарбияи мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ва хориҷи кишвар;
- такмил додани низоми имтиҳони марказонидашудаи қабул тавассути Маркази миллии тестӣ.

2. ҲХДТ дар бахши илм татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад:
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ бо фаъолияти муассисаҳои Академияи илмҳо, ҷудо кардани маблағ барои фармоиши давлатӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо корхонаҳои азим, вазорату идораҳои соҳавӣ, гузаштан ба фармоиши давлатӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои наву босифат дар истеҳсолот;
- таъсиси шабакаи ягонаи иттилоо¬тиву коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмии инноватсионӣ ва ҷудо кардани грантҳои давлатӣ дар ин бахш, ташкили паркҳои технологӣ якҷо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- азнавсозии озмоишгоҳҳои институтҳои физика, химия, биология, зилзила-санҷӣ, проблемаҳои об ва экология, таҳқиқи захираҳои табиӣ ва ҷалби олимон ба омӯзиши проблемаҳои глобалии сайёра ва минтақа, пешниҳоди роҳҳои паст кардани таъсири буҳронҳои иқтисодӣ, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия, аз лиҳози илмӣ дастгирӣ кардани рушди сарватҳои моддӣ ва боғҳои миллии кишвар;
- таваҷҷуҳ ба рушди илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ, таҳқиқи илмиву интиқодӣ ва нашри беҳтарин намунаҳои осори гузаштагон, вусъати таҳқиқоти проблемаҳои муосир;
- тарғиби ғояҳои пешқадами ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба ифротгароӣ, радикализм ва тамоюлҳои бегонапарастӣ дар ҷомеа;
- талқини мероси фарҳангиву миллӣ дар байни мардум, рушди забони давлатӣ ва густариши истифодаи забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм.

3. ҲХДТ дар бахши фарҳанг татбиқи чунин ҳадафҳоро қобили қабул медонад:
- таҷдид ва азнавсозии инфрасохтор ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии муассисаҳои фарҳангӣ, таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос, такмил додан ва ба сиёсати имрӯзаву муносибатҳои ташаккулёбандаи иҷтимоиву иқтисодӣ мутобиқ гардонидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ;
- такмили минбаъдаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву молиявӣ ва илмиву методии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг, гузариши тадриҷӣ ба низоми худтаъминкунии иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули муҳити сифатан нави маънавӣ дар ҷомеа, вусъат бахшидан ба нерӯи эҷодии асили миллӣ ва рағбатҳои фарҳангии шаҳрвандон;
- таҳкими низоми тарбияи зебоипарастии наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароити баробар барои кашф ва рушди истеъдодҳои нав, баланд бардоштани маданияти насли наврас ва бо мақсади тарбияи фарҳангиву зебоипарастии кӯдакон таъмин намудани пешрафти минбаъдаи фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву хизматрасонӣ;
- навсозӣ ва рушди низоми миллии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг тавассути такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр ва кадрҳои илмиву педагогӣ дар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷи кишвар, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва сатҳи касбияти кормандони педагогиву эҷодии муассисаҳои таълимиву иҷрокунандагии соҳаи мусиқӣ, густариши рақобатпазирӣ ва ҷолибияти инвеститсионии таҳсилоти касбии мусиқӣ ва муассисаҳои консертиву иҷрокунандагӣ, васеъ намудани шабакаи таълимгоҳҳои соҳаи фарҳангу санъат ва таҳкими пояҳои таълимии онҳо;
- ба низом даровардани масъалаҳои ҳифз ва истифодаи дурусту мақсадноки мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, тарғиби ҳамаҷонибаи арзишҳои маънавии таърихӣ ва мероси ниёгон, татбиқи асноди қонунгузории миллӣ дар соҳаи фарҳанг, рушд ва оммавигардонии намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, тарғиби дастовардҳои фарҳанги суннатӣ дар дохили кишвар ва ҷаҳон, ворид намудани нодиртарин ёдгориҳо ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, азнавсозии механизмҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, мукаммалгардонии воситаҳои бақайдгирии он, истифодаи шаклҳои гуногуни сабти унсурҳо ва объектҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, таъсиси бахши фарҳангии инфрасохтори сайёҳӣ;
- бунёди низоми нави ташкил ва рушди минбаъдаи тамоми шаклҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, мусоидат ба ташаккули инфрасохтори боэътимод дар ин самт, бунёди шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, рушди таҳсилоти бадеӣ ва дастгирии эҷодиёт, таҳияи мониторинги вазъ ва дурнамои ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик;
- компютерикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ, автоматикунонии равандҳои китобдорӣ ва иттилоотӣ, ташкили феҳристҳои электронӣ тибқи барномаҳои соҳавӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ;
- татбиқи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар», ҳамкорӣ бо ниҳодҳои кор бо муҳоҷирати кишварҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, дастрасии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва забондонӣ;
- ҳифзи анъанаҳои беҳтарини санъати касбии тоҷик ҳамчун сарвати миллӣ ва рушди онҳо, баланд бардоштани нақши санъати касбӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар, дастгирии иқдомҳои эҷодӣ ва ҳамкории фаъолона бо воситаҳои ахбори омма;
- мусоидат ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, таъмиру таҷдиди объектҳои мероси таърихии ниёгон, ҳифз ва эҳёи мероси маънавию ахлоқии гузаштагон ва ҷонибдорӣ аз асолати фарҳангии мардуми сокини кишвар.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор дода мешавад.
ҲХДТ минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун ба ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷуҳ карда, барои амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо кӯшиш менамояд ва тавассути намояндагони худ аз тариқи мақоми қонунгузор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия мекунад.
ҲХДТ ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.
Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
ҲХДТ якҷо бо Ташкилоти «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар ин замина кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба воя расад. Мубориза бар зидди нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлуб аз тарафи ҷавонону наврасон мунтазам дар мадди назар боқӣ мемонад. Инчунин омӯзиши илму донишҳои муосир, азхуд намудани технологияҳои инноватсионӣ ба хотири ояндаи устувору пояндаи ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.
ҲХДТ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон татбиқи чораҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморад:
- таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷалби ҳарчи бештари хонандагони болаёқат ба литсейҳо ва мактабҳои махсус барои шогирдони лаёқатманд;
- дастрасии ҷавонон ба амалисозии грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ тавассути марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои худфаъолият;
- таъсиси махзани захираҳои кадрии ҷавонони болаёқат дар назди мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон;
- дастгирии барномаҳои тиҷоратии соҳибкорон ва хоҷагидорони ҷавон, аз ҷумла ташкили семинарҳои мунтазами омӯзишӣ барои омодасозии соҳибкорон ва рушди имконоти онҳо дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ;
- тавассути амалӣ сохтани грантҳо ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҷавонон вобаста ба ташкили хоҷагиҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ;
ҲХДТ варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва давлативу шахсони воқеӣ бунёди варзишгоҳу майдонҳо ва толорҳои варзиширо тарафдорӣ менамояд.
Рушди сайёҳӣ метавонад дар устувории иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим бозад. Аз ин лиҳоз, ҲХДТ дар заминаи барномаҳои марбутаи қабулшуда ва консепсияҳо доир ба рушди сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оянда барои такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти сайёҳӣ андешидани чораҳои мушаххасро қобили қабул мешуморад.
Ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳифзи минтақаҳои сайёҳӣ, ташаккули инфрасохтори хизматрасонӣ ва маҳдуд намудани сохтмони иншооти иловагӣ дар ин минтақаҳо, муҳайё кардани шароит ва имконияти ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷӣ, соддагардонии гирифтани раводид, муаррифии гӯшаҳои таърихиву минтақаҳои истироҳатӣ тавассути шабакаҳои телевизиониву интернет ва дигар усулҳо андешидани тадбирҳои мушаххасро зарур мешуморад.

ДАР САМТИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ ВА ТАҲКИМИ ОИЛА

ҲХДТ дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ чораҳои мушаххас андешида, ба хотири таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо талош хоҳад кард.
ҲХДТ аз ҷумла иҷрои корҳои зеринро дар ин самт зарур мешуморад:
- тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо;
- такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ.
ҲХДТ оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани чораҳои зеринро зарур меҳисобад:
- тақвияти хизматрасонии машваратхонаҳои равоншиносӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ бо мақсади расонидани кумакҳои машваратӣ ба оилаҳо;
- таҳияи Консепсияи рушди оила бо мақсади нигоҳдорӣ ва пойдории он бо дарназардошти таҳдидҳои раванди ҷаҳонишавӣ;
- ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ;
- тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ.
ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил дар он доир ба андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад.

ДАР РАВАНДИ ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ҲХДТ тасмим дорад, ки ҷиҳати рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишвар низоми ҳуқуқии давлатро дар доираи сиёсати ҳуқуқии ягона ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон такмил ва вусъат бахшида, дар ин самт ба иҷрои вазифаҳои зерин мусоидат намояд:
- рушди низоми қонунгузории кишварро дар чаҳорчӯби талаботи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вобаста ба манфиати шаҳрвандони мамлакат, арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ки ҳадаф ва мақсади аслиашро арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад, таҳким ва такмил бахшида, мазмун, муҳтаво ва мақсади ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва раванди қонунгузориро дар кишвар бо эътироф, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавъам медонад;
- эътироф менамояд, ки асоси ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ инсон ва сатҳи тафаккури ҳуқуқии ӯст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тарғиби муқаррароти бузургтарин маъхази сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар – Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи асосӣ мешуморад;
- дар шароити тезу тунди муносибатҳои байналмилалӣ қонунгузорӣ ҳамчун озмоишгоҳи омодасозии фазои ҳуқуқии ҷамъияти оянда таҳти таъсири бевоситаи ҷаҳонишавӣ қарор мегирад. Ҷаҳонишавии манфиатҳо дар баробари ҷанбаи мусбати умумикунонии арзишҳои ҳуқуқӣ ба раванди қонунгузорӣ таъсири манфӣ низ расонида, арзишҳо, фарҳанг ва тафаккури миллиро тадриҷан маҳдуд менамояд. Аз ин хотир, таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо дарназардошти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ зарур шуморида, мутобиқати онҳоро ба фарҳанги миллӣ ба назар мегирад;
- дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон манфиатҳои қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба назар гирифта, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ равона месозад ва дар ҷараёни қабули қонунҳо ба ҳимояи манфиати табақаҳои ниёзманд, нафа¬қа¬хӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд;

фарханги милли

Фарҳанг ва ҳунарҳои милллӣ аркони ҳуҷҷати ифтихори миллат

Адибаи Хуҷандӣ

Дар паёми анъанавии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон асосгузори давлати навини миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 соли эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Чи сабаб шуд, ки маҳз сарвари давлат ба ин масъала рӯ оварда онро чун як масъалаи муҳим мавриди таваҷҷӯҳи андеша ва амали ҷомеъа вогузор намояд ва барои  амалӣ шудани ин ҳадаф маҳз як солро махсуси чорабиниҳоиӣ ҷиддӣ дар ин раванд қарор бидиҳад? Албатта пеш аз ҳама ба коми фаромӯшӣ рафтани зеботарин ва беҳтарин ҳунарҳои нозуку нафиси миллӣ, санъат ва ҳатто  равандҳои таърихи миллат аст. Ҳунарҳои миллӣ яке аз рукнҳоест, ки миллати моро муаррифӣ мекунад, арҷ мегузорад ва тарҷеҳ медиҳад. Дар мавриди санъат ва ҳунар адиби файласуфи шаҳири рус Виссарион Григоревич Белинский  фармудааст, ки  “ Шахси беҳунар чун ҷисми беҷон аст” Яъне ҳунар мисли ҷон барои инсон муҳим аст. Ҳунарҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии шинохти миллат аст. Хосияти аввалини ва ҳуҷҷати аввалини миллат агар забони ӯ бошад аркони дигари хосияту нишони миллат зоҳиру симо, ва либосу ороиш, тарзи зист фарҳангу ҳунарҳои миллиест, ки танҳо хоси ӯст.

           Миллати тоҷик яке аз қадимтарин миллатҳои соҳиби тамаддуни фарҳангиву илмӣ дар олам маҳсуб мешавад. Агар давлатҳои муттараққии олам бо роҳи тиру туфанг ва лашкаркашиву рабудан кишварҳои оламро аз худ карда бошанд миллати тоҷик бо илму адаб ва фарҳангу маданият оламгир шудааст, ки инро аз ҳар саҳифаи таърихи забарҷадияш бо санаду бурҳону далел исбот кардан мумкин аст. Санъати меъморӣ, фарҳанги шаҳрсозиву  шаҳрдорӣ, рушду равнақи саноат, озодагиву оростагӣ барои миллати мо хусусиятҳои маврусиест ки аз ниёгони қадим то мо расидааст, мо ҳақ надорем ин фарҳангу маданият ин адабу ашрофият ва ин санъату ҳунари хосро фаромӯш кунем. Батлер Семуел гуфтааст, ки  “ Ҳар офаридаи халқ, мисли адабиёт, санъати мусиқиву рассомӣ, ва дигар ҳунарҳои зебо  шиносномаест ”, ки ҳақиқати ӯро муаррифӣ мекунад. («Любое человеческое творение, будь то литература, музыка или живопись, — это всегда автопортрет”.)  Дар ҳақиқат ҳам бидуни ном бурдани миллат бидуни ёдовар шудан ва шинос кардани миллати худ, ҳар шахсро аз рӯи сарулибос, сурат ва фарҳангу маданияташ шинохтан мумкин аст.

               Эстетикаи либоспӯшии халқи тоҷик аз қадимулайём ашрофона ва хос буд. Либоспӯшии ҳар маҳал дар Тоҷикистон фарқ мекард, масалан тарзи ороиши либоси мардуми ҷануби Тоҷикистон аз мардуми шимоли Тоҷикистон фарқ мекунад.Мардуми ҷануби Тоҷикистон бештар дар либоси худ ороиши гулдӯзиро ба кор мебаранд, ки “чакан” ном дорад. Аммо дар шимоли Тоҷикистон хусусан дар Хуҷанд асосан атласу адрас ва ороиши камзӯлу камзӯлчаҳои зардӯзӣ, тоқиҳои зардӯзӣ ва гулдӯзӣ, ороиши пироҳанҳо бо ҷиҳакҳои гулдӯзиву зардӯзӣ. Масалан халқи мо дар хонавода ва ҳангоми кор либосҳо аз матоъҳои миллии пахтагин ба мисли чит, карбос, алвон мепӯшиданд, ки бисёр роҳатбахш ва барои саломатӣ муҳим буда, ҳамчунин зебову хушранг ва нафису нозук буд. Ин матоъҳоро барои он либосҳое интихоб мекарданд, ки ҳамарӯз мепӯшиданд. Дар иду меҳмонӣ ва ҷашнҳо бошад мардон ҷомаҳои зирагиву беқасаб, лас ва ҷомаҳои махмалӣ зардӯзӣ, ки матоъҳои аксаран якранг ё сиёҳусапед аст, мепӯшиданду бонувон бошанд либосҳои ҳарири абрешимин ба мисли “атлас”,” адрас”, “шоҳӣ”, “гулоб”, “табор” ба бар мекарданд. Ин либосҳо аз абрешим омода мешуд ва  либосҳои идона ба ҳисоб мерафт. Дар хонавода аксаран либосҳои озодаву сода ва мувофиқ ба бар мекарданд дар идҳо бошад либосҳои фохир ва ороста интихоб мешуд. Масалан бонувон дар хонавода  сарбандҳои оддӣ ва тоқиҳои гулдӯзӣ мепӯшиданд аммо дар идҳову меҳмониҳо рӯймоли абрешимии ҳариру зебо мепӯшиданд, ки  бо номи  “рӯймоли ғиҷим” машҳур аст. Ин рӯймоли сапеду зеборо арӯсон рӯзи тӯяшон ба сар мекарданд. Тоқиҳо ки бо номи  “тоқии ироқӣ”, “чоргул” ва “баҳор”  маъруф буд, духтарону бонувон медӯхтанд ва дар бозорҳо ба фурӯш мерафту харидорони зиёд дошт. То солиҳои 1990 дар шаҳри Хуҷанд арӯсон то фарзанддор шудан тоқии зардӯзӣ ба сар мекарданд ва ин маънои онро дошт, ки иин борну арӯси нав аст. Бонувон тоқиҳоро вобаста ба синну сол харидорӣ мекарданд. Масалан духтарҳо тоқиҳои сафед ё сабзи гулдӯзӣ мепӯшиданд, тоқии зардӯзиро фақат арӯсон мепӯшиданд. Духтарон фақат баъди арӯс шудан ҳуқуқи тоқии зардӯзӣ пӯшиданро пайдо мекарданд. Духтарон содаву озодаву зебо ҳамеша мегаштанд аммо танҳо баъди арӯс шудан ба ороиши мӯву рӯ бо сурмаву ғозаву атру упо ҳақ доштанд. Ин аст, ки бо як дидан духтарон аз арӯсон фарқ мекарданд. Ҳар либос ҳар ороиш маънои худро дошт. Тоқиҳои занони миёнасол аз тоқии духтарон ва  арӯсон ба куллӣ фарқ мекард. Тоқии онҳо аз матоъи духобаи сабз ё “гӯламоқ” (яъне ҳамранги хишт) ё ранги сиёҳ сохта шуда зардӯзияш низ бо сангҳои сурху зарди баланд набуда бо рангҳои сапеду сабз ва сиёҳу хокистарӣ бештар оро дода мешуд, ки бо ҳамин нишонаҳои синну соли бонуро напурсида медонистанд.

   Бонувон либосҳоро бо шерозаҳое, ки худашон мебофтанд ороиш медоданд, ки номаш дар вилояти суғд  “бандак”, “шероза” ва “ҷиҳак” машҳур аст. Шерозаҳоро аксаран ҳамрангу монанд ба тоқии худ медӯхтанд. Либосҳои миллӣ, ҳунарҳои миллии халқи мо ҳамеша дар ҷараёни тараққиёту навшавӣ қарор дошт.

           Либосҳои атласу камзӯлҳои зардӯзӣ, либосҳои нафису ҳарири дигарро ки дар байни халқ бо номи “шоҳӣ” маъруф аст аввало танҳо шоҳ ва аҳли оилаи ӯ мепӯшиданду бас, ба дигарон иҷозат дода намешуд, ки ин гуна либосҳои зебову ороста  ва қимматбаҳо ба бар кунанд баъдҳо дар байни халқ коргоҳҳое пайдо шуданд, ки ин гуна матоъҳоро истеҳсол мекарданду мардум аз ин гуна матоъҳои қиммат вобаста ба аҳволи иҷтимоии худ харидорӣ мекарданд.

 Матоъ, тарзи ороиш ва дӯхти пироҳанҳои тоҷикӣ дар олам аз ҳама беҳтарин аст, бо рангҳои рӯшану шод, бо ороишоити тиллорангу нуқрагун сабзу сурху зарди дурахшон оростани пироҳанҳо ба инсон рӯҳияи идонаву хушбахтӣ мебахшад. Гузаштагони мо ҳаргиз либоси сиёҳу кабуд ё хокистариро хуш надоштанд, онҳо ин гуна рангҳоро дар либос фақат рӯзҳои сӯгворӣ мепӯшиданд бо дидани занони сиёҳпӯш зуд фаҳмида мешуд, ки ин хонум сӯгвор аст ва ҳамдардӣ мекарданд. Албатта имкони ёдоварӣ аз таърихи фарҳанги либоспӯшиву зебоипарастии мардуми тоҷик дар имкони ин мақола нест , аммо мо бояд аз таърихи фарҳанги миллати худ бештар бидонем, ки заминаи имрӯзу фардои мост.

           Сабаби дигари ба фарҳанги миллӣ рӯ овардани Пешвои муаззами миллати мо Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду тараққӣ додани саноат ва истеҳсолот низ ҳаст. Тоҷикистон кишваре мебошад, ки дороиҳои табии он  ақли донишвар мехоҳад. Тараққиёти кишвар на аз масоҳат ҳатто на аз сарватҳои зеризаминии он вобаста аст, танҳо бо илму дониш тараққиёту пешрафт муяссар мешавад, ки инро таърих борҳо исбот кардааст. Масалан Англия як мамлакати кӯчак дар ҷои номувофиқу номусоиди ҷуғрофист, аммо  ду ё се  аср пеш  мардуми ангилис бо илму дониши хеш ҷойҳои қадамнарасидаи оламро кашф карданд аз тамоми олам сарватҳои зеризаминиродарёфтанду аз худ карданд, албатта бо зӯрӣ ҳам бисёр кишварҳои аз ҷиҳати табии  сарватманди оламро забт карданд, сарчашмаи ин ҳама дониш буд. Дар Англия одами бесаводу ноогоҳ ва бемаданият шояд вуҷуд надошт.

      Бо инкор кардан, бад дидан ва бад гуфтани халқҳои олам ба ҷое касе намерасад, баракс ин нишони бефарҳангии маҳз хоҳад буд. Танҳо омӯхтани таҷриба ва илм ва фарҳанги мардуми олам, гиромӣ ва пос доштани фарҳангу илм маданият ва адаби миллии худ боиси тараққиёти шахсиву фардӣ ва ҷомеъаву миллату давлат хоҳад буд. Масалан мардуми Аврупо фарҳанги шарқро омӯхтанд, аз худ карданд ва дар рӯзгори худ ба манфиати худ ҷорӣ карданд. Давлатҳои Амрико, Россия, Япония, Хитой аз он ҷиҳат мамлакатҳои мутараққи ҳастанд , ки кашфиётҳои андешаҳои олимони оламро дар амал татбиқ карданд. Мамлакатҳои қафомонда барои он қафомонда ҳастанд, ки бо ҷаҳолату хурофот ба аҳли илму адаб ва санъат бадӣ карданд ва монеаи тараққиёту пешрафти кишвари худ шуданд.

    Агар ҳар Паёмии анъанавии Пешвои муаззами миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистонмӯҳтарам  Эмолмалӣ  Раҳмонро омӯхта дар амал татбиқ кунем ба манфиати халқу миллат ва давлат ва худи мо хоҳад буд. Айб аст, ки кишвари мо пахтаи беҳтарину хушсифатро истеҳсол кунаду мо бо нархҳои гарон либосҳои синтетикиро аз Туркия, Чин ва Қирғизистон оварда бо арзиши даҳчанд гарон ба халқи худ бифурӯшем. Мо метавонем бо омӯхтану баланд бардоштани сатҳи саводи иқтисодиву техникии худ истеҳсолкунанда бошем на воридкунандаи моҳои пастсифат. Дар ин маврид Пешвои миллат дар Паёми худ  ки аввали  соли 2018 ба нашр расидааст чунин гуфтаанд:  «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории заруриро амалӣ намояд.

Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд.” Аммо оё мо инро дар амал татбиқ кардем. Ҳанӯз на.

         Хурофот аст, ки мо бе зебоии сурати халқи худ фахр намекунем, халқи мо халқи зеботарини олам аст, хурофот аст, ки мо сирати худро тараққиву такомул намедиҳем. Асри бистуяк аст, аммо ҳанӯз мо санги хурофоту ҷаҳолатро аз сари роҳи илм омӯхтану пеш рафтан дур накардаем. Мо бояд либоси милли худро фарҳанги миллии худро тараққи диҳем, чунонки ҳамеша дар тараққӣ буд, шарт нест, ки мо либоси асри ду ё серро дар асри бистуяк ба бар кунем , ҳр инсон бояд дар замони худ зиндагӣ кунад агар тавонад ба пеш равад на ин ки дар гузашта зиндагӣ кунад. Мо бояд либосҳои миллии худро либосҳои муосирро мувофиқи ҳоли худ ба бар кунем. Ҳар халқи олам либоси милливу қадимии худро дорад, онро бояд эҳтиром кард пос дошт, аммо ин маънои онро надорад, ки бо либоси қадимӣ  ва ақлу идроки асри яку ду дар асри бистуяк зиндагӣ кунем. Либосҳои миллиро бояд гиромӣ дорем, нигаҳ дорем тараққиёту навоварӣ бар он илқо бикунем.

  Мо бояд  дар роҳи фарҳанги маданият ва одату суннату адаби миллӣ ватараққиёти илму техникаи пешқадаму муосир бошем. Зиндагии мутараққӣ дошта бошем бо адабу фарҳанги милли худ, фарҳанги милли худро пос дорем фарҳанги дигар халқҳоро омӯзему эҳтиром кунем. Бояд тараққиётро аз ҳар гӯшаву канори олам ба кишвари худ биёварем ва фарҳангу адаб ва маданияти милли худро ба ҷаҳон муаррифӣ кунем. Фарҳанги милли худро помол кардану бегонапарастӣ кардан тараққиёту тамаддун нест забону адабиёт таърих ҳунарҳои миллии халқи худро омӯхтан дар олам намояндагӣ аз ин фарҳангу адабу маданият кардан, оламиёнро дар шҳахси муадлдаби худ водорк ардан ба эҳтиром овардан ба ин фарҳанг, ва тараққиёти техникиву илмиро аз оламиён омӯхтаву ҳамқадами замон ва ҳатто пешқадамтар аз замон будан тараққиёт аст. Олими нобиғае гуфтааст “Дар гузашта зистан шуморо ба надидани имрӯз ва нарасидан ба фардо мерасонад”.  Яъне фақат ифтихор ба гузашта кардану ибтикоре барои пеш рафтан надоштан боиси он мешавад ки имрӯз коре накунем ва ба фардо ҳам бо дасти тиҳӣ биравем. Гузаштаро омӯхтану пос доштан, имрӯз соҳиби тараққимёту тамаддун шудан ва ба фардо ватанро ободу озод ва миллатро мутараққиву  пешқадам бурдан ҳадафи аксари суханони пурҳикматуи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо бояд ин суханони илмиву судманд ва барномаву дастур ва паёмҳои фардосозу хушбахтиофарини Пешвои миллатро дар амали хеш  татбиқ намоем.

либоси мактаби

НА ҲАМИН ЛИБОСИ ЗЕБОСТ НИШОНИ ОДАМИЯТ

Саидзода Шӯҳрат,

 дотсенти кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Тарзи либоспўшӣ дар баробари фарҳангӣ амалиёти дигари одамӣ  мақоми муҳим дошта, он олами маънавии шахсро инъикос менамояд. Иборае ҳаст, ки мегўянд «Одаму либос, хонаву палос». Ҷомеа вобаста ба шинохту маърифати зиндагӣ барои худ шакли муайяни либосро муқаррар менамояд. Дар ҳар кишвар муносибат нисбати либоспўшӣ гуногун буда, вобаста ба фарҳангу анъанаи миллии он кишвар навъе аз рангу шакли муайяни либос ба мардум манзур карда мешавад, ки он аз як ҷониб рамзи таъриху фарҳанги қадима доштани миллат бошад, аз тарафи дигар, як усули ба танзим даровардани муносибати одамон, аз байн бурдани монеаҳо дар раванди ҳаёти ҷомеа  мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд сол мешавад, ки бо назардошти фарҳангу анъанаи миллӣ либоси ягона барои хонандагони муассисаҳои таълимии  миёна ва олӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст. Роҳбарон ва масъулони соҳа кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки то он ба таври пурра аз тараф хонандагон риоя карда шавад. Аммо ба ҳамаи кўшишҳо нигоҳ накарда, боз ҳам хунукназарии муҳассилин нисбати масъалаи риояи талаботи мавҷуда ба чашм мерасад. Ҳам аз тарафи баъзе донишҷўйписарон ва ҳам донишҷўдухтарон риоя накардани талабот дида мешавад. Дар ин ҷода таъсири фарҳанги либоспўшии бегона бештар ба чашм мерасад. Ба ҷои тақлид намудан ба донишомўзӣ, илму маърифати Ғарб баъзе ҷавонон ба тарзи либоспўшии онҳо тақлид намуда истодаанд, ки он аз як ҷониб ба паст гардидани ахлоқ дар ҷомеа бошад, аз тарафи дигар, садди роҳи дуруст таълим гирифтани онҳо шудааст.

Баъзан ҷавонписарон ба ҷои риоя намудани либоси тавсиявӣ пўшидани шимҳои танг, ки хос баъзе аз тоифа ҷавонони ғарбӣ буда, тамоман аз ободу фарҳанги либоспўшии тоҷикӣ дур аст, ба тарғиби фарҳанги бегона кўмак менамоянд. Оё фикр намекунанд, ки оқибати чунин либоспўшӣ хуб нест ва бо ин рафтор фарҳанги бегона ва ахлоқу одоби ғайритоҷиконаро тарғиб мекунанд?! Баъзе духтарон бошанд, бо либосҳои танг ва ороишоти аз ҳад зиёд ба даргоҳи илму маърифат меоянд. Чунин рафтор на сабаби беҳтар шудани сатҳи азхуднамоии илму дониш, балки боиси ҷалби диққати атрофиён ба либосу ороишот ва халадор шудани раванди таълим мегардад. Баъзе ҷавонон фарҳанги ғарбиён ва баъзеи дигар фарҳанги арабҳоро дар дохили ватани худ тарғиб менамоянд.

Имрўз пўшидани шими ҷинсҳои дарида дар байни ҷавонон одат шудааст. Як замон шахс шарм мекард бо либоси тангу дарида ба кўча баромадан. Ҳоло акси ҳолат щудааст. Ҷавонон шимҳои ҷинси махсус сўрохдоштаро барои гўё муд буданаш мепурсанд. Ба ҷои ҳифз намудани анъанаву фарҳанги миллӣ худамон фарҳанги бегонаро тарғиб менамоем. Бо чунин рафтор чӣ тавр ба миллату давлат хизмат намудан мумкин аст?!

Ҳанўз дар давраҳои пеш мутафаккири бузурги тоҷику форс Саъдии Шерозӣ инсонро ҳамчун махлуқоти шариф, таъриф намуда, шаклпарастӣ, зоҳирпарастӣ ва танҳо ба зоҳир такя намудан ва баҳо доданро мазаммат менамояд.

Ба назари мо, дар ҳар ҷо бо либоси ба он муҳит муносибу мувофиқ қарор доштан зарур аст. Либос набояд монеаи иҷрои вазифа бошад, балки ба ҳадди имкон мададгор гардад. Аз тарафи дигар, либос ба ахлоқу одоб ва фарҳанги ҳамон ҷомеа мутобиқ бошад ва набояд ба таври манфӣ ба дигарон таъсир намояд.

Вобаста ба навъи машғулият ва муҳити корӣ пўшидани либоси мувофиқ барои пешрафти кор мусоидат менамояд. Мисол, ягон вақт мо ба майдони варзишӣ, ба киштукор дар саҳро бо шиму кастюм ворид намешавем, зеро он барои он корҳо мувофиқ нест. Мувофиқ набудан ба он маънӣ мебошад, ки он ба дуруст анҷом додани он амалҳо на танҳо кўмак намекунад, балки монеъа мегардад. Ба ҳамин монанд барои хар коре, ки машғул мешавем либоси мувофиқро интихоб бояд кард.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат масъалаи шакли зоҳирӣ, либос ва ҳолати равонӣ ба муносибати оянда, чӣ гуна шакл гирифтани идомаи ҳамкорӣ таъсири муайян сахт мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз пўшидани либоси муносиб вобаста ба муҳиту ҷойи кор  дар муваффақияти шахс омили муҳим ба ҳисоб меравад. Кори мувофиқ имконияти бештари дуруст анҷом додани корро ба миён меорад. Мардуми рус ҳикмате доранд: «Ба либосат нигоҳ карда қабулат мекунанду, муносиби дониш гусел». Аз ин рў, шахсе, ки мехоҳад, дар анҷоми кор дар соҳаи интихоб намудаи худ муваффақ бошад, ин ҳикматро сармашқи кор карданаш зарур аст.

Вале, иқрор мешавем, ки дар ҷодаи пешрафт либос масъалаи асосӣ нест, балки яке аз сабабҳои  расидан ба комёбист. Агар ин мавзўи асосӣ мебуд, бисёре аз ашхоси хушлибосу хубчеҳра, шахсони муваффақ мебуданд.

Агар диққат дода бошед, вақте  либоси нав аз бар менамоем, руҳияи нав моро фаро мегирад, ки ин ҳолат ба атрофиёнамон низ бетаъсир нахоҳад буд.

Ҷомеа ҳарчи қадар рушд намояд, ҳамон андоза ба масъалаи маънавият, моҳияту ботини масъалаҳо рў меоварад ва инсонҳоро на танҳо аз рўи зоҳир, балки вобаста ба дараҷаи маънавиёт, ахлоқу кордонӣ ва дараҷаи тахассуснокиашон баҳо медиҳад.

Шохмот

Мусобиқаи шоҳмот байни хонандагон

Санаҳои 2 ва 3-уми январи соли 2019 ба хотираи омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Ҷаббор Расулов – Ахтанур Холиқов ва Абдуғанӣ Самадов мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид.

Хучанд

Паём – барномаи рушди босубот

Хуҷанд. Дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот баргузор гардид.

нихолшинони

Дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома дорад.