Daily Archives: 15.01.2019

панчакент

Масъулияти ташкилотҳои ҳизбӣ меафзояд

Бо иштироки кормандони кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Панҷакент ҷаласа доир шуд.

0 (1)

Мулоқоти вакил бо ҳайати шахсии ШВКД

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир кард.

ашт (1)

Хониши сиёсӣ дар Ашт

Дар ташкилоти ибтидоии «Корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» хониши сиёсӣ доир шуд. Солиев М, раиси Корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул оид ба моҳияти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нуктаҳои асосии онро шарҳ дод.

логотипи ххдт

Паём — роҳнамои зиндагии шоиста

  Муҳимтарин нуктаҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар мулоқот бо сокинони ҷамоати деҳоти Фондарё шарҳ дода шуданд. Дар ин мулоқот Солеҳбой Қобилов роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва раиси  Ҷамоати деҳоти Фондарё Ҷӯразода Ёрмаҳмад иштирок  намуда, оид ба моҳияти Паём суханронӣ намуданд.

Обод бош, Тоҷикистони азизи ман !

Ҳар сол Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизорӣ кашида, бо мароқ гўш мекунем. Мазмун ва моҳияти Паём, ки фарогири ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад, ба мо рўҳу илҳоми тоза ва нерӯи хуб мебахшад. Моро рўҳбаланд намуда, вазифадор месозад, ки ҳамчун шаҳрвандони касбу кори гуногун дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паём бармеоянд, саҳмгузор бошем.

0101

Паём – омили ободу осудагии кишвари азизамон

Дар асоси нақшаи алоҳидаи  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон вохӯрӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Навкент” бо мақсади тарғиботу ташвиқоти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президент кишвар Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар мавзӯи “Паём – омили ободу осудагии кишвари азизамон” семинар-машварат баргузор гардид.

IMG-7cfd76dee2136d4e17ddfc75b60c1511-V

Қабули шаҳрвандон аз тарафи вакили МН МО ҶТ

Санаи 12.01.2019 дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳитдин қабули шаҳрвандон баргузор гашт.

логотипи ххдт

Паём – ҳидоятгар ба роҳи рост

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо омӯзгорони муассисаи таълимии №16-уми ҳамин ноҳия мулоқот доир намуд.