Monthly Archives: Январь 2019

1

Сарсабзии боз як гўшаи диёр

Дар гўшаву канори шаҳри Конибодом ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён доранд.

LOGO

Обод бош, Тоҷикистони азизи ман!

Андешаҳо дар ҳошияи Паём

Ҳар сол Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизорӣ кашида, бо мароқ гўш мекунем. Мазмун ва моҳияти Паём, ки фарогири ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад, ба мо рўҳу илҳоми тоза ва нерӯи тоза мебахшад.

1

ҲУНАРМАНДОНРО САРҶАМЪӢ МЕБОЯД

Рӯ овардан ба асолати миллӣ, тарғиби фарҳангу тамаддуни беш аз ҳазорсола ва дар тинати шаҳрвандон бедор кардани худшиносии миллӣ аз рукнҳои асосии соҳибдавлатии кишвар маҳсуб меёбад.

LOGO

Ғолибиятро ҳифз мекунем!

Гузориш

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, қариб аз 10 ҳазор аъзоро дар бар мегирад, ки 5648 нафари онҳо занҳо мебошанд. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз 11-уми майи соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, солҳои минбаъда фаъолияти худро оиди иҷрои Барномаҳои ҲХДТ, муҳимтарин самтҳои рушди кишвар, ки солҳои 2015-2020-ро дар бар мегирад, ҷоннок намудааст.

DSC_1653

Заминаи воқеӣ барои зиндагии шоиста

“Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

dav

Ҳифзи истиқлолияту ваҳдат – кафили зиндагии обод

Бо ҷомеаи омӯзгорону хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ баргузор гардид.

IMG-be2ab48ec3993d30a7c97bb453e18757-V

Аёдати бошандагони Хонаи пиронсолон

Дар рўзи иди касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат  раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо ҳамкорон  ба Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳр ташриф оварда, бо онҳо сӯҳбату дидорбинӣ намуд.

DSC_1614

Тарғибот бо усули муосир

Дар маҳаллаҳои Поён ва Куктеппаи деҳаи Даҳанаи Ҷамоати Шайдон мулоқоти роҳбарияти кумитаи иҷроияи ноҳияи Ашт бо собиқадорону фаъолзанон ва ҷавонони маҳал тариқи усули муосири тарғибот – маҳалла ба маҳалла доир гардид.

2019-01-25_15-51-08_989

Ҳиссаи “Созандагони Ватан” дар ободонии Ватан

Имрӯз дар шаҳри Конибодом шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ дар баробари сокинону кормандони идораву ташкилотҳои гуногуни шаҳр, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ муташаккилона ширкат варзиданд.

image-

Мулоқот бо занон

Шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ ноҳияи Деваштич бо бонувон мулоқот доир кард.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Комрон Исмоилиён, сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Деваштич» Маҳбуба Ҷамолова, раиси шӯрои занони кумитаи иҷроия Раҳбар Ёдгорова ва раиси иттифоқи коркунони шӯъбаи маорифи ноҳия З.Азимова баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми солона ба бонувон маслиҳатҳои муфид доданд.

LOGO

ГУФТУГӮИ БЕМАНТИҚИ КАБИРӢ

Оғози асри ХХI ба саршавии ҷанги иттилоотӣ ибтидо бахшид. Зеро айни замон ба давлатҳои абарқудрат бо силоҳи «маънавӣ» ҷангидан беҳтар аст. Онҳо қувва ва нерўи ақлонии хешро сарфа намуда, барои халалдор сохтани оромии давлатҳои осоишта равона месозанд.

20190124_095307

Қабули аъзои нав

Дар ташкилоти ибтидоии Куруши ноҳияи Спитамен бо аҳолӣ мулоқот доир гардид. Ойбек Насруллоеа, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия доир ба дастовардҳои бузурги сол – ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и “Роғун” ва муносибатҳои неки Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳарф зад.

IMG_20190124_142325

Пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб

Бо хонандагони Гимназияи №1-и шаҳри Бӯстон мулоқот доир шуд, ки дар он масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ баррасӣ гардид.

20190124_103948

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа

«Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа» чунин унвон дошт хониши сиёсӣ, ки дар МТМУ №20 ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида шуд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Шерзод Набиев оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд.