Daily Archives: 02.02.2019

20190131_151812

«Чакомаи гесӯ» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов фестивал–озмуни «Чакомаи гесӯ» доир шуд.

Дар фестивал намояндаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғаффорзода Нигора, муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рустамзода Қумринисо ва дигар фаъолзанон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсади фестивали мазкур намоиш, ороишу парвариши мӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ мебошад.

Дар фестивали мазкур духтарон – аъзои ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ фаъолона ширкат намуданд.

P_20190131_100312

Пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва бармаҳал

«Пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва бармаҳал дар байни ҷавонон» чунин унвон дошт вохӯрие, ки дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида шуд. Дар ин вохӯрӣ мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва инчунин роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар масъулони ҳизбиву ҷамоати деҳот иштирок ва суханронӣ намуданд.

IMG_20190201_130302

Терроризм ва экстремизм – вабои аср!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ»-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо хонандагони синфи 10 ва 11 вохӯрӣ доир намуд.

донишчуён

ҲХДТ – дастгиру пуштибони ҷавонон

Санаи 1 феврали соли ҷорӣ намояндагони кумитаи иҷроияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо  як гурӯҳ ҷавонон, ки дар макотиби олии кишвар таҳсил мекунанд, вохӯрӣ намуд.

LOGO

БО ДУОИ КУРМУШ БОРОН НАМЕБОРАД

Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ баромадҳои фитнакоронаи худро бо ҳар роҳу восита идома дода истодааст, аммо мо, ҷавонон сарамонро доғ намондааст, ки ба ҳарфҳои дурӯғини душманони миллату давлат бовар намоем. Ҳодисаҳои пурдаҳшат, хунрезӣ, бародаркушӣ ва хонасӯзии оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ҳеҷ аз хотирамон дур намеравад.

Мо дар симои нуронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фардои дурахшони соҳибистиқлолии кишварро бо чашми сар дида истодаем. Якдилона, мо, ҷавонон қавл додем, ки пайрави Пешвои миллат ҳастем. Сулҳу ваҳдат, тинҷиву осоиштагӣ ва соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати хизматҳои родмарди сарсупурдаи халқу давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Шукр бояд кард. Шукри сулҳу амонӣ, шукри истиқлолият, шукри ватани ободу озод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Мо, мардуми хушбахти тоҷик дар фазои тинҷиву оромӣ аз неъматҳои шаҳдбори кишвари соҳибистиқлол бархурдорем. Дур намеравем. Ноҳияи Айниро мисол меорем. То замони соҳибистиқлолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор роҳҳои ағбаҳои Анзобу Шаҳристон баста буданд. Аҳолии ноҳия аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сахт азоб доштанд. Шукри соҳибистиқлолии кишвар ва бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ ағбаҳои Истиқлолу Шаҳристон сохта, ба истифода дода шуданду азобу машаққати мардуми ноҳия ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Ҳоло ноҳияи Айнӣ бо ба фаъолият оғоз кардани заводу фабрикаҳо ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил дода шуда, дар миқёси Ҷумҳурӣ яке аз ноҳияҳои пешқадам мебошад. Доири ободкориҳои маркази ноҳия ва деҳоти дурдасти он ҳоҷати гап нест. Фарқияти шаҳру деҳот дар солҳои наздик нахоҳад монд.

Аммо тарафдорони ТТЭ  ҲНИ ва шахсан Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад, ки бо суханҳои пучу ҷоҳилона ва ваъдаҳои холиву подарҳаво киссаи моро аз чормағзи пуч пур кунад. Мо намехоҳем бо макру фиребҳои Кабирӣ афтем. Бо чашми сар дидем, ки онҳо ҷиноятҳои зиёд, ба монанди одамкушӣ, авбошӣ, нашъаҷаллобӣ, амалҳои террористӣ ва ғайра содир намуда, беҳтарин олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва шахсони барӯмандро терор карданд. Ҳама амалҳои наҳзатиён хиёнат ба давлат, хиёнат ба миллат ва хиёнат ба Ватан буд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯз худро дар паймоне раис таъин кардааст, такя ба сармоягузорони хоҷагони берунии хеш ва дини мубини Ислом намуда, хоҳони “боди шурта” дар ватани мо – Тоҷикистон аст. Вале мардуми бофарҳанги мо дар фазои сулҳу суботу оромӣ умр ба сар бурда, некро аз бад ва сафедро аз сиёҳ хуб фарқ мекунанд. Хуб медонанд, ки онҳо ба ҷуз таассубу хурофотзадагӣ, куштор ва бадномӣ ягон кори хуберо барои ин миллат накардаанд ва нахоҳанд кард.

Мо,  ҷавонон пайрави Пешвои миллат буда, зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна ваъдаву таълимоти бегона нашуда, ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар мерасем. Зеро фардои дурахшони кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистон дар дасти мо, насли ҷавон аст. Дар урфият хуб фармудаанд, ки бо дуои кӯрмуш борон нахоҳад борид…

Аҷоиб кавдану беор ҳастӣ,

Басо васвосию ҷаррор ҳастӣ.

Зи баҳри хоҷагон лаббай бигӯӣ,

Ҳамеша баҳрашон даркор ҳастӣ.

Хиёнат бар Ватан кардӣ, Худо зад,

Дар оғӯши чаман чун мор ҳастӣ.

Суханҳоят ҳама макру фиреб аст,

Ба гулзори адаб чун хор ҳастӣ.

Ба минбарҳо сухан гуфтӣ дурӯғин,

Агарчӣ дар амал маккор ҳастӣ.

Ҳама хурду калон нафрин бигӯянд,

Ба сони Аҳриман беёр ҳастӣ.

Кунун аз гулхани худ бисӯзӣ,

Кафи хокистаре аз нор ҳастӣ.

 

Сулҳиддин ТИЛАБОВ

Сафар РАСУЛОВ

 Шараф БОҚӢ

Солеҳ ҚОБИЛОВ

аъзои фаъоли ҲХДТ                                 

01

Собиқадорон — раҳнамоии насли ҷавон

Раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Файзуллоев С. бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳизб мулоқот кард.

Таъкид гардид, ки собиқадорон, пирони барнодили диёр раҳнамову маслиҳатгари насли ҷавонанд. Онҳо дар тарғибу татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ нақши шоиста доранд.

DSC_1697

Мулоқот бо омӯзгорон

Бо мақсади тарғибу ташреҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқоти раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ бо омӯзгории МТМУ №22 доир гардид.