Daily Archives: 06.02.2019

DSC_1960

Ҷаласаи Шӯрои собиқадорон дар ноҳияи Ашт

Ҷаласаи  Шӯрои собиқадорони назди кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар он 60 нафар собиқадорони ҳизб иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҳисоботи фаъолияти Шӯрои собиқадорони кумиҷроия барои соли 2018 шунида шуда,  нақшаи кории соли 2019 тасдиқ карда шуд.

20190205_101002

Терроризм ва экстремизм – вабои аср

Дар коллеҷи тиббии ноҳияи Спитамен ҷиҳати баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мулоқот доир шуд.

Отачонова Назира -Зардуз собикаи кори 26-сол .Шогирдон зиеда аз 250 нафар

Шиносоӣ бо шароиту зиндагии занони деҳот

Намояндагони шўъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо рӯзгори занони ҷамоатҳои деҳоти «Пўлотон», «Патар» ва «Ғафурҷон Ортиқов»-и шаҳри Конибодом шинос шуданд. Шиносоӣ бо усули «Ташрифи ҳавлӣ ба ҳавлӣ» дар якчанд оилаҳои ҳунарманд сурат гирифт.

20190205_105032

Терроризм — зуҳуроти номатлуб

«Огоҳонидани ҷавонон аз пайомадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ» — ин мавзӯъ зимни мулоқот бо хонандагони МТМУ №30 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баррасӣ гардид. Омилҳои асосии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ин вохӯрӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.

IMG_20190205_140112

Паём — роҳнамои зиндагии шоиста

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо сокинони маҳаллаи 4 -и шаҳри Гулистон вохӯрӣ гузаронида шуд. Муҳимтарин нуктаҳои Паём дар ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMG-c31844df8bb9f3ca87a3d6be3f2432b0-V

Терроризм — омили хушунат ва ваҳшат

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои тундрав бо толибилмони муассисаҳои таълимии Гимназияи 2, МТМУ №3 ва МТМУ №4-и шаҳри Бӯстон мулоқот доир шуд.

20190205_140835

Паём — таҳкимбахши сиёсати давлатии ҷавонон

«Паём — таҳкимбахши сиёсати давлатии ҷавонон” – таҳти ин унвон дар МТМУ №11 — и шаҳри Хуҷанд бо  мақсади   ташаккули   мафкураи  сиёсии ҷавонон вохӯрӣ доир шуд. Муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ин мулоқот шарҳ дода шуданд.