Daily Archives: 09.02.2019

Вохӯрӣ бо намояндагони маорифу фарҳанг
КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо кормандони «Бахши фарҳанг» ва «Муассисаи давлатии маркази таҳсилоти иловагӣ» вохӯрӣ доир намуд.
Намояндагони кумитаи иҷроияи ҳизб муҳимтарин нуктаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро ба иштирокчиёни вохӯрӣ шарҳ доданд.

Санҷиш ва роҳнамоӣ
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт фаъолияти ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги ноҳияро мавриди омӯзиш қарор дод. Масъулон фаъолияти ҳизбӣ, корҳои ташкилӣ ва ҳуҷҷатгузориро санҷида, барои ислоҳи баъзе камбудиҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҷавонон бар зидди терроризм
Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен дар МТМУ №1 чорабинӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ сурат гирифта, «Ҷавонон бар зидди терроризм» унвон дошт.

Қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб
Мудири шӯъбаи ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Шерзод Набиев ва мудири шӯъбаи омори ҳамин кумиҷроия Пӯлодҷон Отабоев дар ташкилоти ибтидоии «КАТС», дар фазои тантанавӣ ба 13 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.